Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Созишномаи Сулх бо ИНОТ буд на бо ҲНИТ

Тибқи иттилои васоити ахбори оммаи иҷтимоӣ ва сайтҳои ба гуруҳҳои террористию экстремистии наҳзатӣ тааллуқдошта санаи 16-уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон бо ном ҳамоише бо ташаббуси ТЭТ ҲНИ доир карда шуд, ки пур аз шармандагӣ буд ва аз заволи онҳо дарак медод. Бо чи далел ин гапҳоро мегӯям?

Аввалан санаи баргузории ин ҷаласа, ки гуё ба муносибати 21 –умин солгарди имзои созишномаи сулҳ доир карда шуд, бисёр тааҷубовар буд. Зеро наҳзатиёни хоин, ки ҳамеша муддао доштанд ҷонибе аз сулҳ ҳастанд, инак дигар баъди ошкор шудани макру ҳиллаҳояшон, бахусус баъди он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом зимни таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ парда аз рӯи ин асрор бардошта, возеҳу равшан ба мардум баён кард, ки созишнома бо ИНОТ буд на бо ҲНИ дигар дар ҳоли табоҳе гирифтор гардидаанд. Ҳатто маблағгузорону муҳаёкунандагони шароит барои ҷаласаҳояшон аз онҳо рӯ тофтанд. Танҳо баъди қариб як моҳ сипарї гардидан аз рӯзи таҷлили ин ҷашн каме бахуд омада,  кушиданд боз ҳам бо баргузории ҳамоише ин “дастовард”- и худро ҳимоя кунанд. Аммо нашуд.

Чаро наҳзатиён ин ҳамоишро, тавре қаблан мекарданд, рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ нею, балки бо ин ҳама таъхир доир карданд? Барои он, ки худашон эътироф карданд, ки воқеан онҳо на ҷониби сулҳ, балки ҷузъе аз ИНОТ буданд, ки аз миёни он ҳама ҳизбу ҳаракатҳои узви ИНОТ маҳз онҳо ба арзишҳои сулҳ хиёнат карданд! Ин масъаларо ҳатто хоҷагону пуштибонҳои хориҷиашон ҳам инкор карда натавонистанд. Зеро ин ибрози Пешвои миллат ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ дуруст, бомантиқ ва бидуни баҳс аст.

Дуввум, наҳзатиён бо баргузории ин ҷаласа хостанд исбот кунанд, ки воқеан ҷонибе аз сулҳ ҳастанд, аммо боз ҳам натавонистанд. Дар тамоми раванди ҷаласа, сар карда аз Кабирии хоин то дигар баромадкунандагон суханони аз лиҳози сиёсӣ бемағз, аз лиҳози воқеият бепоя ва аз лиҳози ахлоқӣ дуруғ гуфтанд. Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки миёнарав байни ҲНИ ва шиаохундҳои Эрон шинохта мешавад, ноилоҷ ба дилбардориашон оғоз кард ва хост рӯҳияи онҳоро боло бардорад, аммо саропои суханаш аз ҳолати рӯҳшикастагии худашу наҳзатиён ва хоҷагонашон гувоҳӣ медод, ки тафсилоташ дар поён омадааст.

Саввумин, тамоми кӯшиши наҳзатиён болои таъсиси ИНОТ-и нав билохира ноком анҷом ёфт. Касе дар ин хусус изҳори омодагӣ накард ва чизе нагуфт. Ҳатто касоне, ки даъват карданду ташвиқ мешуданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидем, ки гуфтанд, бо ҲНИ вориди ягон ИНОТ шуданӣ нестанд.

Чорум, Кабирии хоин хост ин ҳама нокомии худро зери туҳмате, ки гӯё намояндаи мақомоти амниятии Тоҷикистон ин ҳама роҳ онҳоро мепоиду онҳо ин сирро бо усуле, ки ба фикри Кабирӣ бисёр маккорона менамуд, фош сохтанд, бенатиҷа ва бисёр аҳмақона баромад. Барои чи? Барои он, ки ин бофтаю сохта ва ғайриреалӣ буд! Наход Кабирӣ дар Аврупо дар шакле гаштугузор мекунад ва ё аз макони зисташ ба макони баргузории ҷаласа рафтааст, ки (масалан дар шакли пиёда, харсавор, велосипедсавор ва ё дар шакли дигар) намояндаи мақомоти амниятии кишварро лозим ояд тули роҳ ӯро поида гардад? Дар ин миён гӯё Кабирӣ инро пайхас кардаасту ба касе гуфтааст, ки рафта бо забони тоҷикӣ пурс. Ин чи маъно дорад? Баъдан, магар каси мепоидагӣ, хоса агар корманди мақомоти амният бошад, баъди ин ҳама ҳангомасозиҳое, ки охираш пуч баромад, намедонад, ки охири роҳе, ки Кабирӣ имрӯз меравад, ин макони баргузории ҷаласа ҳаст ва пеш аз Кабирӣ дар он ҷо ҳозир шавад. Бе ягон зарурияти поидан!!!

Панҷум, ин ки ҳамагӣ бидуни далел, рӯирост ва бе шарму ҳаё дуруғ гуфтанду ба қавле алам аз миллат гирифтанд, ки чаро ба онҳо бовар надоранд. Ва билохира сабабашро ёфтанд, ин ҳам бошад ба қавли Кабирии хоин касест, ки онҳо бо ӯ мушкил доранд. Хостанд, ақалан худашон ва ҳамнишинонашонро бовар кунонанд, ки ҳамин як кас агар набошад, миллат бо онҳост. Аммо ниҳоятан худашон ҳам ба ин гуфтаашон бовар накарданд. Зеро, дарвоқеъ мушкили онҳо як нафар нест. Мушкили онҳо бо мардум аст, бо истиқлолияти ин кишвар аст, ки онҳоро намехоҳанд ва хиёнати онҳоро намебахшанд.

Наҳзатиён ба ҷойи ин ҳама даъво мебоист аз миллати тоҷик барои хуни рехтаву хиёнатҳои анҷомдодаашон узр мепурсиданд!

Дар сайтҳои иҷтимоӣ матни суханронии Кабирии хоин нашр шуд, ки саропо туҳмат, дуруғ, фиреб ва инкори гапҳои худашон буд. Дар оғози суханрониаш кӯшиш кард, ки сарвари давлатро бо “хиёнат ба сулҳ” айбдор кунад. Магар ҳамин хел аст? Албатта, ки не! Зеро агар касе ҳам ба арзишҳои сулҳ хиёнат кард, ин ҲНИ аст, ки ҷузъе аз ИНОТ буд. Дар ин иттиҳод касону гуруҳҳои дигаре низ буданд, ки дар кишвар дар баробари дигарон, ҳатто дар мансабҳои баланди давлатӣ то ҳол кору фаъолият намуда истодаанд ва ба аҳди худ садоқат доранд. Аммо Кабирӣ ва наҳзатиён буданд, ки ба ин арзиши миллӣ хиёнат карданд. Ҳатто ҳукумати конститутсионӣ онҳоро бахшиду, ин миллати азияткашида барояшон бағал кушод, боре барои хуни рехтанашон, ки зиёда аз 150 000 нафар инсонро дар бар мегирифт (агар ин кор аз ҷониби ягон кишвари дигар мешуд, шояд генотсиди рӯирост, яъне ҷинояти байналмилалӣ маҳсуб меёфт), якуним миллионро гуреза карданашон, даҳҳо ҳазорро сағир кардану даҳҳо ҳазори дигарро беваю даҳҳо ҳазори дигарро дар ғами фарзанд дучор карданашон назди миллат узр напурсиданд. Зеро барои ин корро кардан нангу номус ва ғурури миллӣ лозим аст. Аммо инро наҳзатиён надоштанду надоранд. Бар хилофи иродаи мардум, аз хоставу бахшидаи мардум боз зиёдтар хостанд. Қасди бо роҳи зурию силоҳ кашида гирифтани ҳокимияти халқро доштанд. Аммо шукр, ки ба ҳадафи нопокашон нарасиданд.

Хиёнатро як нафар кардааст ва он ҳам Кабирист!

Кабирӣ иддао дорад, ки ҳукумат бархе аз пайравони ҲНИ- ро ташвиқот карда истодаст, ки ба ватан баргарданд ва онҳо гуноҳе надоранд. Иддао дорад, ки агар инҳо гуноҳ надоранд, пас дигар аъзоёни ин гуруҳ, ки дар зиндон ҳастанд, бегуноҳанд, раҳояшон кунанд. Ин гуфтаи Кабирӣ тамоми гуфтаҳои қаблиашро инкор мекунад ва исбот мекунад, ки Кабирӣ ба хиёнаташу ҷиноятҳояш иқрор аст. Аммо боз ҳам намедонад, ки аз ин амали мақомот хушҳолӣ кунад ё ғамгин шавад, ки танҳо дар як моҳи охир зиёда аз сад нафар аъзоёни ин ҳизб аз карда пушаймон шуда, ба ватан баргаштанд ва бахшида шуданд. Албатта ҷавобашро худаш медонад! Хиёнатро ба сулҳ як нафар кардааст, яъне Кабирӣ ва дигаронро ба ин хиёнат маҳз ӯ водор кардааст. Аммо дигар чи илоҷ, ки ҷинояти нобахшиданиро бо дастури ин хоин онҳо содир кардаанду бояд ҷазо бинанд.

Акнун, ки мақомот мегӯяд ва даъват мекунад, ки Эшони Абдусаттору Абдураҳим (тавре Кабирии хоин гуфтааст) баргарданд, чи ҷойи инкору онҳоро гунаҳкор кардан? Хиёнатро ба арзишҳои сулҳ Кабирї  кард ва дигаронро ба ин дом гирифтор сохт. Инро нафақат мақомот, балкӣ тамоми миллат медонад. Бигзор аз роҳи хато баргарданд ва дар ватан бошанд!

 

Аз сулҳ нишоне намондааст???

Муҳаммадиқболи Садриддин ном наҳзатӣ, ки ин ҷо худро ҳамчун мудири сомонаи “Ислоҳ” муаррифӣ намудааст, баромад карда кӯшидааст бо ҳарфҳои подарҳавою бемантиқ сулҳи тоҷиконро зери суол барад. Ӯ иддао дорад, ки сулҳ дар Тоҷикистон то соли 2015 вуҷуд дошту ҳаминак аз сулҳ осоре намондааст. Ман намефаҳмам ин Муҳаммадиқбол аслан дар хусуси кадом кишвар сухан мекунад? Дар бораи Афғонистон, ки дар он маҳз бо касофати аҳзоби сиёсии хусусияти исломидошта қариб чиҳил сол мешавад, ки ҷанг аст ва ё Сурияву Ироқу Либия, ки бо “шарофат”-и хоҷагону ҳампешагони ҲНИ ба харобазор табдил ёфтааст ва ё ҷои дигар???

Наход беҳаёӣ то ин дараҷа баланд бошад, ки рӯирост сафедро сиёҳ гӯйӣ. Наход дар Тоҷикистоне сулҳ зери суол рафта бошад, ки ҳамасола дар рейтинги ҷаҳонии кишварҳои амн дар мақоми ифтихорӣ қарор дораду ҳамон кишварҳои аврупоӣ сокинони худро барои сайру саёҳат ба ин ҷо талқин мекунанд!?

Ба фикрам ин наҳзатї аз ақл бегона шудааст ва ё як ифротии ба бемории руҳӣ гирифторшудае беш нест! Аслан инро аз баромадҳои видеоияш эҳсос карда будам, ки бо чунин авзои беҷо ё бемории руҳӣ дорад ё нашъаманд ҳаст. Ин ҷо фикрам исботи худро ёфт.

Ин хоин бояд донад, ки дар Тоҷикистон имрӯз дигар масъалаи сулҳу ҷанг нест! Ҳама бо ҳам аз як гиребон сар бароварда дар андешаи пешрафту шукуфоии Ватан ҳастанд. Ин наҳзатиҳои хоин ҳастанд, ки ҳамаро аз набудани сулҳ мехоҳанд тарсонанду ба сафи хиёнаткорон ҷалб намоянд!

Магар аз биҳишт фирор мекунанд???

Матни суханронии Илҳом Ёқубов низ пур аз маънидодсозии ба ақли пучаш мувофиқ ба назар мерасид. Аввалан, ӯ худро роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ (?) муаррифӣ карда, гуфтааст, ки кишвар мушкилоти муҳоҷиринро дорад, ки ба як мушкилоти фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ба қавли ӯин раванд танҳо хоси тоҷикон аст. Аммо агар мушкилоти муҳоҷират танҳо хоси Тоҷикистон бошад, пас чаро ӯ роҳбари ассотсиатсияи муҳоҷирони меҳнатии Осиёи марказист??? Магар ӯ роҳбари кадом бахши ҲНИ набуд? Ин гуруҳбозиву ассотсиясозиҳо чи маънӣ доранд?! Магар дигар ҲНИ наметавонад чор хоини дар атрофаш бударо хуронад, ки ҳар кадоми он дар ҳар сӯ ба гуруҳсозию ба ин васила ҷамъоварии маблағи хоҷагон пардохтаанд?

Илова ба ин, кӣ гуфтааст ба ин даъвогарон ва ба қавли худашон “пуштибонони дини ислом”, ки касе аз биҳишт фирор кардааст? Магар ҳаминҳо нестанд, ки даъвои “донишманди ислом” будану “пуштибони ислом”буданро мекунанд!? Магар донандаи ин дин ва касе, ки имон ба ин дин дорад, метавонад, ки чунин як қиёси беақлона карда бошад? Албатта, ки не! Аз биҳишт ҳам шайтони лаъин, ки наҳзатиён намунаи онҳоаан ва ҳам Одаму ҳамсараш, ки ба гапи шайтон (ва ё ба қиёси имрӯза ба гапи наҳзатиён) фирефта шуданд, ронда гаштанд, ронда!!! Дар ин миён одамоне, ки фиреби шайтоннаҳзатиҳоро хурдаанд, метавонанд тавба карда ба биҳишт (Тоҷикистон) боз гарданд, аммо шайтонҳо (наҳзатиён) ҳеҷ гоҳ рӯи биҳиштро нахоҳанд дид. Зеро онҳо рондашудагонанд, на фирорї!

Аз ҳамин рӯ, Илҳом Ёқубов дониста бошад, ки наҳзатиён рондашудагонанд, аз Тоҷикистони биҳиштосо!

Кӯшиши пешгирӣ аз руҳшикастагии наҳзатиён

Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки дар ин ҳамоиш иштирок надошт, ё шояд хоҷагонаш, яъне охундшиаҳои эронӣ баъди ин ҳама ошкор шудани воқеият, ки онҳоро низ дар назди наҳзатиҳо фиребхурда ба намоиш гузошт, зарур нашумориданд, ки ширкат кунад. Аммо ӯ ҳамчун як миёнарав тамоми кӯшиши худро кард, то аз рӯҳшикастагии бесобиқаи наҳзатиён ҷилавгирӣ кунад, аммо чун самимӣ набуд ва самимӣ ҳам буда наметавонист, зеро, ки аҳволи худаш низ чандон хуб набуд, нашуд. Ӯ тариқи навори видеоӣ гуфт, ки ҷилави таҳрифи таърих бояд гирифта шавад. Чи таҳрифе ва чи таърихе номаълум. Зеро дар матн аслан чизе дар ин хусус наёфтам. Шояд, ки дар назар дошт он таърихеро, ки мувофиқ ба инқилоби исломии Эрон охундшиҳои эронї барои Тоҷикистон навишта буданд, аммо шукр, ки барои ин миллат таърих нашуда, “таҳриф” шуд.

Ӯ болои чор масъала ва ё суол хостааст ист намояд ва кӯшиш кардааст, ки бо роҳи посух гуфтан ба суолҳои бемаънии худаш ба рӯҳияи наҳзатиёни рӯҳшикаста умед бахшад. Аммо боз ҳам аз рӯҳшикастагии худаш, ки натавонистааст фикрашро ҷамъ созад, ҷавоби чанд суолро ба худи наҳзатиҳо ҳавола кардааст. Яъне “Мо охундҳо шояд шуморо ба роҳи хато бурдаем, аммо худатон роҳи дурустро медонед?!”, маънидорона ишора кардааст Сайидюнус.

Ӯ кушиш ба харҷ додааст, то ба мардуме, ки аз ӯ дида чи будани сулҳро бештар медонанду мехоҳанд ва ҳаминҳо ҳастанд, ки сулҳашонро аз шарри Кабирию Истаравшанӣ муҳофизат карда истодааанд, дарси сулҳ гӯяд. Хостааст, ки боз ҳам мардумро гул бизанад, ки гуё ҳукумати кунунӣ иброз доштааст, ки бо касе чизе имзо накардаасту бо касе сулҳ накардааст. Ҳамин. Магар ин гуфтаҳо аз ҷониби Сайидюнус туҳмати рӯирост нест? Тамоми мардуми Тоҷикистон аллакай ин масъаларо медонанд, ки ҳукумат бо кӣ сулҳ кардаасту, бо кӣ созишнома имзо кардааст. Аз ҳамин сабаб Сайидюнус бояд зури беҳуда назанад ва кӯшиши маънидодсозии беҳуда накунад. Ин барои ҳар сокини бонангу ори кишвар маълум аст, ки ҳукумат бо ИНОТ созишномаи сулҳ бастааст, на бо ТЭТ ҲНИ!

Хуб, Сайидюнус боз чанд суолу ҷавоби бемантиқи дигар низ коштааст, ки зарурияти шарҳу тавзеҳашро намебинам.

Дар маҷмуъ, ӯ кӯшиш ба харҷ додааст исбот созад, ки роҳи интихобкардаи наҳзатиён дуруст буд. Албатта, зеро роҳи наҳзатиён, оғоз аз қатлу торрори солҳои навадум, то ба кӯшиши табаддулоти солҳои 2015 ҳама роҳу василае буданд, ки аминам хоҷагони хориҷӣ тавассути Сайидюнус ба наҳзатиён нишон доданд ва ин роҳ ба фаҳми ғуломии онҳо дуруст аст. Ба ҳамин хотир Сайидюнус амин аст, ки роҳи пур аз хиёнати наҳзатиҳо дуруст буд.

Ӯ ахиран хоҳиш кардааст, ки роҳи дигар яъне севуму чоруму панҷуми муносибати наҳзатиҳоро бо ҳукумат, агар бошад, дигарон бигӯянд! Ин аст заволи наҳзатиҳо, ки дигар намедонад, чи коре дар муқобили ин миллати олинажод анҷом бидиҳанд.

Тоҷик миллати тавоност, зеро дар моварои таърих ягон хиёнат асолаташро шикаста натавонист ва ҳатто дар замони бедавлатӣ худро ғуломи аҷнабиёну бегонагон накард!

Ин давлат побарҷост, то замоне, ки дар садри он фарзандони бонангу ори ин миллат истодааст!

Ин миллат хиёнати наҳзатиёнро бахшиданӣ нест, зерохиёнатҳои наҳзатиён омили ҳама бадбахтиҳои ин миллат гардидаанд!

Зинда бод халқи Тоҷикистон, поянда бод Истиқлолияти миллати тоҷик, абадӣ бод сулҳу Ваҳдати миллии сокинони Тоҷикистон!!!

Абдулло РАҲМОНЗОДА- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top