Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Шашмоҳа ҷамъбаст шуд

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2018 баргузор шуд.

Маҷлис таҳти раёсати раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло ҷараён гирифта, дар он муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.

Оид ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли равон, муовинони раиси ноҳия С. Абдуллозода, А. Файзуллозода, Ф. Зоҳидзода суханронӣ карда, бурду бохти соҳаҳоро таҳлил намуданд. Дар маърӯза тамоми соҳаҳо баррасӣ шуда, зимни зикри комёбиҳо мушкилоти ҷойдошта низ қайд гардиданд.

Сипас, Шарбатулло Азизулло тибқи далелу ақидаҳои дар суханронӣ қайдшуда, оид ба масъалаҳои ҷамъоварии андоз, ҳаққи хизмати барқ, фаъолияти шуъбаҳои амвол, коммуналӣ, идораи об, муассисаи истифодабарии роҳҳо, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, САҲШ, комиссияи ҳуқуқи кӯдак ва масъулини дигар соҳаҳои фарҳангӣ-иҷтимоӣ пурсиш ба амал оварда, мушкилоти ҷойдоштаро матраҳ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баён кард.

Дар кори маҷлис сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Д. Исозода иштирок дошт ва суханронӣ кард.

Маҷлис аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top