Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Суханронии  Раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло дар 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 27 июни соли 2018

Ҳамдиёрони азиз!  Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва пур аз шодию нишот ёдовар аз он мешавем, ки аз рӯзи ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 21 сол сипарӣ мегардад. Дар зарфи ин 21 соли сипаригардида мардуми шарафманди кишвар бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу амният, осмони софу беғубор, рузгори осуда доранду ба ин васила Истиқлолияти давлатӣ пойдору барқарор аст.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб  ҳамаи Шумоён ва тамоми  мардуми ноҳияро бо ин ҷашни умумимиллӣ, ки ифодагари сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвари азизамон мебошад, табрику таҳният гуфта, сиҳатмандӣ ва саодатмандии  ҳар яки Шуморо  таманно менамоям.

Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллии имсола дар давраи таҷлил гашта истодааст, ки мардуми сарбаланд ва ватандусти Тоҷикистон,  бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои наҷибонаи навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки зимни Паёми ироанамудаи имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ба хотири ҳифзи арзишҳои фарҳангиву миллии ниёгонамон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд ва дар ин сол пешниҳоди манзурнамудаи Пешвои муаззами миллатамон, ки дар айёми таҷлили ҷашни Наврузи байналмиллалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об, ки 22 март  раванди татбиқи ташабуси нави глобалии ҷумҳурии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” расман оғоз гардид, ки ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ то ин ҷониб идома дошта дар таърихи 20 июни соли 2018 Конфренсияи байналмиллалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ба кори худ оғоз карда дар он Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Авғонистон, беш аз 1500 коршинос аз 100 кишварҳои ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ ба давлати мо ташриф оварданд.  

Ин ташаббуси навбатии роҳбари муаззами кишварамон шаҳодат аз он медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин нерӯи созанда ва пуштибони ормонҳои ҳазорсолаи таърихи миллатамон чун Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиамон  эътимоди қавӣ дорад.

Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки “Истиқлолияти давлатӣ” ва “Ваҳдати миллӣ” сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар марҳилае қарор доранд, ки дар ҷаҳони  имрӯза раванди ҷаҳонишавии давлатҳои муттараққӣ бо маром идома дошта, ин раванд дар ҳаракат ва хусусиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баръало эҳсос гардида истодааст.

Дар ин марҳила, ҳар як фарди тоҷик, алалхусус  мо фаъолон, пешқадамони ҷомеа ва аҳли ҷамоатчигиро лозим аст, ки шукргузор аз неъмати бебаҳои худодод, Истиқлолияти давлатӣ, тинҷию оромӣ ва сулҳу суботи бо меҳнату заҳмати зиёди бадастомода, тарафдор, давомдиҳанда ва инъискосгари сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бошем.

Ҳамдиёрони азиз!

Бисту як сол қабл дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди бузурги таърихӣ ба вуқӯъ пайваст: 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва-пойтахти Федератсияи Русия Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон  ба имзо расид, ки ин санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон таҳаввулоти ҷиддии бунёдиро асос гузошт.

 Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти шахси ватандӯст, худогоҳ, ғамхор, дилсӯз, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст.

Ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ӯ ба қатъият изҳор намуда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар  оила барқарор шудани сулҳ равона карда, баҳри гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам».

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои амалӣ гаштани чандин нақшаҳо заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Фаро расидани сулҳу субот ва қадамҳои нахустин дар роҳи Ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони мо шароит фароҳам овард.

Сулҳ ба мо имконият дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем.

Ҳаёти баъди солҳои мухолифати мусаллаҳона нишон дод, ки  барои ҷомеа аз сулҳу оромӣ дида, неъмати азизтар ва бузурге вуҷуд надорад. Ин аст, ки ҳамасола дар сар то сари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин санаи фархунда ҳамчун ҷашни бузург ва таърихии миллатамон таҷлил мегардад. 

Ваҳдати миллӣ ягонагию ҳамрайъии мардум ва фазои сулҳу осоиш аз бузургтарин  неъматҳо ва пойдевори ҳар гуна  пешрафту шукуфонӣ аст.

Арзиш ва қиммати ваҳдату ваҳдатгароӣ дар ҳамаи давру замон аз ҷониби соҳибназарони миллати  тоҷик баҳогузорӣ шуда, ҳамчун осори ниёгон пазируфта мешавад.

Ваҳдат ва мусолиҳа дар осори шоири асри даҳ Абӯшакури Балхӣ низ мавқеи махсус дорад. Ӯ дар асари худ «Офариннома» изҳори ақида намудааст, ки  агар  матлаб ба нармӣ ба кор ояд,  дуруштӣ лозим нест. Ба гуфти шоир бисёр масъалаҳои ҳалталаби зиндагиро на бо зурию ҷанг, балки бо роҳи гуфтушунид ва муомилаи накӯ ҳал бояд кард.

Ҳамин маънӣ дар асари безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ҳам хирадмандона тасвир гардидааст.

Ӯ зимни тасвири корнамоӣ ва паҳлавониҳои Рустам, Сиёвуш, Гурдофарид ва дигарон сулҳу амониро ситоиш, ҷангу хунрезӣ ва забткориро маҳкум карда, мардумро ба дифои Ватани азизу муқаддас ҳидоят менамояд.

Ваҳдат неъмати бузурги миллат аст.  Бояд ҳар як фарди равшанфикр, адолатпеша, инсондӯст ва ватанпарвар  бо ҳисси ифтихор ба қадри он бирасад.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мову Шумо равшан, аст тӯли солҳои истиқлолият дар фазои ваҳдат, халқи тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки онро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ дида истодаем.

Бо шарофати сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Вахш муттаҳидии тамоми неруҳои сиёсӣ таъмин гардида, мо ба марҳилаи нави зиндагӣ, ба давраи оғози корҳои бузурги созандагӣ, бунёдкорию ободонии сарзаминамон қадам гузоштем.

 Сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо дар бобати аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани ноҳия, таъмини рушди  мунтазами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи он, гузаронидани ислоҳоти иқтисодии ба талаботи шароити бозоргонӣ ва меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Дар солҳои истиқлолият дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои табобатию таълимӣ ва хизматрасонии замонавӣ, даҳҳо ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Пойдор гардидани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои барқарор кардани корхонаҳои саноатии мавҷуда, бунёд намудани даҳҳо корхонаҳои нав дар ноҳия шароит муҳайё сохт.

Дар тӯли солҳои охир дар ноҳия шумораи зиёди корхонаҳои замонавии коркарди пахта  аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ низ солҳои охир афзуда, истифодаи биноҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурӯстӣ, марказҳои  хизматрасонии савдою маишӣ ва иншоотҳои варзишӣ аз ҷумлаи онҳо буда, дар пешрафти ҳаёти мардум  нақши сазовор доранд.

Бо устувор гардидани сулҳу ваҳдат дар соҳаи кишоварзии ноҳия низ таҳаввулоти назаррас ба амал омад. Ислоҳоти соҳа, таҷдиди хоҷагиҳо, чорӣ намудани шаклҳои наву замонавии хоҷагидорӣ вусъат пайдо кард.

Ҳамаи  ин самараҳои нек дода истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол зиёд шуда истодааст.

Дар ноҳия дар қатори дигар соҳаҳо ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо занону ҷавонон, вазъи демографӣ, танзими расму оин ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати махсус дода мешавад.

Барои амалӣ гардидани барномаҳои тасдиқшудаи соҳаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, сол то сол маблағгузориҳо ба ин соҳаҳо афзуда истодааст.

Хулоса сулҳу оромии ҷомеа ва Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо дар бобати аз буҳрони иқтисодӣ баровардани ноҳия, таъмини рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, гузаронидани ислоҳоти иқтисодии ба талаботи замон ва меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Ҳамаи ин муваффақияту таъмини рӯзгори неки мо албатта аз файзу баракат ва қадами мубораки Ваҳдат шаҳодат медиҳад.

Қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишварамон, бахусус ҷавонон, ки ояндаи дурахшон ва шукуфоии Ватанро мехоҳанд, эҳтиёт ва ҳифз намудани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.                                                             

Дар ҳоле, ки беш аз 70 фисади аҳолии ҷумҳуриро  ҷавонон ташкил медиҳад, бевосита бояд ин нерӯи бузургу тавоно  барои  қадру қиммат ва ҳифзи Ваҳдати ба дастомада масъулияти баландро  бар ӯҳда гиранд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар марҳилаи равандҳои ҷаҳонишавӣ давлатҳои абарқудрат маҳз тавассути падидаҳои носолими худ ҷавононро ба коми худ кашида бо ин восита дар шуури онҳо ҳар гуна ақидаҳои хусусияти ифротгароидоштаро ҷой менамоянд, ки чунин амалҳо бевосита ба суботи сиёсии кишвар халал ворид менамояд.

Ҳодисаҳое, ки таи солҳои охир дар кишварҳои Шарқи наздику миёна Ироқ, Сурия, Либия, ки асосан кишварҳои мусулмоннишин ба ҳисоб рафта зери  таъсири зиддиятҳо ва дасисаҳои манфиатдорони берунӣ ва дохилӣ қарор гирифтаанд, ҳамчун минтақаҳои даргир ба шумор рафта истодаанд.

Тибқи маълумот ва хулосаҳо маълум  мегардад, ки сабаби бозичаи дасти дасисабозон  ва хоҷаҳои беруна гардидани мардуми ин кишварҳои даргир,  инчунин ба амал омадани падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, террористию  экстремистӣ дар ин кишварҳо аз надоштани дониши кофии диниву дунявии ҷавонон ва набудани Ваҳдати миллӣ ба миён меояд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз ҷанги шаҳрвандӣ, қабилавӣ ва мазҳабӣ дар ин кишварҳо ба тозагӣ аланга дорад.

Бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлатамон ман низ ба ҳар як сокини ноҳия рӯ оварда хоҳиш аз он менамоям, ки тамоми донишу малака ва қобилияти зеҳнии худро баҳри  пойдории Ваҳдати бадастомада ва рушду нумӯи кишвари азизамон равона намоянд.

Ҳамчунин бо риоя аз талаботи меъёрҳои конститутсионӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар таъмин ва иҷрои саривақтии қонунҳои имрӯзаи кишвар, бахусус Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъулияти баланди шаҳрвандиро ба ҷо биёранд.

Ҳамдиёрони азиз!

Сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллие, ки дар кишвари мо ба даст омадааст сарвати бебаҳо, бузургтарин дастоварди халқамон буда, мо бояд ба қадру қиммати он ба қадри заҳматҳое, ки халқи тоҷик, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллатамон  мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон кашидаанд бирасем.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо истифода аз ин фурсат аз ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз, даъват ба амал меорем, ки баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 ва бо мақсади таҷлили бошукуҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021-ум  сурат мегирад, аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарем.

Ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гурӯҳи кории муштарак аз ҷониби роҳбарон ва фаъолони ноҳия таъсис дода шуд.

Мақсади асосии ин гуруҳҳо аз он иборат аст, ки баҳри корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ҳамаи кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда баҳри ободии ноҳия саъю кушиши беандоза намоянд.

Танҳо дар пойдории чунин фазои сиёсию иҷтимоӣ    мо метавонем ҷомеаи демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори эҳтиром ва эътирофи ҷомеаи умумибашарӣ гардем.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо чунин мақсаду ниятҳои нек ҳамаи Шумо ва тамоми  мардуми шарифи ноҳияро бо    21-умин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрик гуфта, бароятон сулҳу субот, тинҷию оромӣ,  хушбахтию  сарбаландӣ, барори кор ва саодати рӯзгорро таманно намуда, хоҳони он ҳастам, ки  парчами сулҳу  Ваҳдат дар Тоҷикистони азизамон доимо парафшон бошад

Иди Ваҳдату дустӣ муборак

ҳамдиёрони азиз!

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top