Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

ВАҲДАТ-НАҶОТИ МИЛЛАТ

Бисту ҳафтуми июн дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил карда мешавад.

Аз он вақте ки Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилию монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо бо мухолифин ба музокирот оғоз карда буд, бисту як сол сипари шуд. Ибораи Ваҳдати миллӣ ва марди хирад, ҷасур, нотарс ва сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳам ҷудо нашавандаанд. Маҳз бо саъю кӯшишҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кишварҳои дӯст ва ҳаммарз исбот кардем, ки ба идеяи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот содиқ ҳастем ва манфиатҳои милливу давлатии худро ҳамеша дар мадди аввал қарор медиҳем. Ҳамчунин собит намудем, ки ҳадафи асосии мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои наслҳои оянда чунин давлате бунёд карданӣ ҳастем, ки ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеа, зиндагии бошарафона ва хушбахтонаи аҳолӣ мувофиқ бошад.

То имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо-тоҷу тоҷикистониҳо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намудаем. Дар давоми қариб чор сол ҳашт даври музокирот, бисту як мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом додаем. Дар ин раванд ҳадафи асосии халқи тоҷик таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буданд.

Инчунин барқарор кардани пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол самтҳои асосии фаъолияти давлати тозаистиқлоли тоҷик буданд.

Дар баробари чунин талошҳо дар дохил ва хориҷи кишвар шахсоне ҳам буданд, ки ба натиҷаи мусбати ин музокирот ва ҳалли масъалаҳои давлатии Тоҷикистон бо шакку шубҳа менигаристанд ва кӯшишҳои фарзанди баруманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти меҳани азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ноил шудан ба сулҳу ваҳдат танҳо бозии сиёсӣ мепиндоштанд. Ғайр аз ин, як гурӯҳ душманону хоинони миллати тоҷик низ буданд, ки рӯирост бар зидди раванди сулҳ ва суботи ҷомеа монеаҳои зиёд эҷод менамуданд, ба оғози фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, баргаштани гурезаҳо муқобилият мекарданд ва ҳатто баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам чандин маротиба бо ҳидояту дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба табаддулоти низомӣ задаанд. Ҳамчунин дар дохили Тоҷикистон баъзе гурӯҳҳо ва қувваҳое буданд, ки бо доираҳои муайяни кишварҳои дигар забон як карда, нақшаи тақсимоти ҳудуди кишварамонро мекашиданд.

Дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба пора-пора тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон бо тамоми даҳшати худ ба вуҷуд омада буд. Ҳукумат бо роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз ҳамаи фишору муқобилиятҳо роҳи пешгирифтаи худ, яъне роҳи музокирот ва сулҳу созишро тағйир надод.

Роҳбарияти давлат бо сарварии сиёсатмадори сатҳи Ҷаҳонӣ, марди сарсупурдаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ мухолифин, пеш аз ҳама, бо назардошти манфиатҳои бунёдии миллату давлат ва дарки масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои аз бӯҳрони шадид баровардани ҷомеа талош мекарданд. Дар ин марҳилаи тақдирсоз миллати тоҷик, ҳамаи афроди ватанпараст ва ҷонибдорони ваҳдату бақои миллат пуштибони сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат бо роҳбарии Пешвои муаззами хеш буданд. Ин давра дар ҳақиқат давраи таърихии оғози бунёди давлати навини тоҷикон гардид.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои амалӣ гаштани чандин нақшаҳо заминаи хуб ба вуҷуд овард. Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи сиёсии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Фаро расидани сулҳу субот ва қадамҳои нахустин дар роҳи Ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони мо шароит фароҳам овард. Ба шарофати сулҳу оромӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омаданд. Яъне сулҳ ба мо имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем. Муҳимтар аз ҳама раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд.

Ҳарчанд гузашти солҳо моро аз он рӯзи таърихӣ-қабул гардидани ин санади тақдирсози миллатамон дур мебарад, вале аҳамияти ҳаётӣ ва қадру қимати он торафт меафзояд. Дар шуури мардуми кишварамон зарурати ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеа, ки асос ва сарчашмаи пешрафту инкишофи ҳар давлату миллат мебошад, сол ба сол амиқтар ҷой мегирад. Ҳаёти баъди солҳои мухолифати мусаллаҳона нишон дод, ки барои ҷомеа аз сулҳу оромӣ дида дигар неъмати азизтар ва бузургтаре вуҷуд надорад.

Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳу равшан дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот хукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқукбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё созем. Хусусан дар шароити ҳасоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад. Зеро мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадум то кадом андоза даҳшатнок ва фоҷиабор будани низои дохилӣ, оқибатҳои харобиовари беқонуниву беҳокимиятӣ ва ба андешаву афкори бегонапарастона ва таҳмилӣ гаравидани табақаҳову гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро дарк намуд.

Инчунин сохтори муосири муносибатҳои байналмилалӣ бо сурат тағйир ёфта истодааст. Дар ибтидои асри XXI миқёси хатарҳои нав, ба монанди таҳдиди экологӣ, терроризм, экстремизм, камбизоатӣ, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои оби ошомиданӣ, ки инсоният дучори онҳо гардидааст, на танҳо кам, балки торафт зиёд шуда, хусусияти фалокатбор мегирад. Дар чунин шароит масъулият ва вазифаи ҳар яки мо бояд якчанд маротиба афзун гардад. Бинобар ин, мо-халқи тоҷик бояд ҳама аз як гиребон сар бароварда,  дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами хешро сармашқи ҳаёту фаъолияти худ қарор дода, пайваста кӯшиш намоем, ки сулҳ ва Ваҳдати миллие, ки бо ҷонбозиҳо ба даст овардаем, чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло аксарияти давлатҳои демократӣ, созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ дастовардҳои Тоҷикистонро дар роҳи барқарор кардани сулҳу субот ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии сухан, гуногунандешии сиёсӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода истодаанд. Сарфи назар аз ҳамаи ин, мо худ низ эҳсос менамоем, ки чи тавр ҷомеаи Тоҷикистон ба таври мусбат дигаргун мегардад. Мо ба раванди таҳкими истиқлолият, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ сурат бахшида, дар роҳи пешгирифтаи хеш бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвари маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузоштаем. Натиҷаи татбиқи сиёсати мазкур дар он зоҳир мегардад, ки мардуми Тоҷикистон онро дастгирӣ мекунад, зеро мақсаду мароми халқи тоҷик, сулҳу суботи ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва густариши худшиносиву ифтихори миллӣ мебошад.

Мо-тоҷикон ҳамвора кӯшиш дорем, ки ҳар як хишти бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дуруст ва мустаҳкам гузошта шавад ва бинои давлатдории яке аз миллатҳои қадимтарини олам - тоҷикон дар ҷаҳони мураккаби ибтидои ҳазорсолаи сеюм симои хоси хешро дошта бошад ва дар худ таърихи пурифтихори гузашта, арзишҳои умумимиллӣ ва ояндаи неки мардумамонро инъикос карда тавонад.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам дар назди ҳар як фарди баору номуси миллат, ки ҳомии сулҳу субот, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастигирӣ намуда, барои барқарории сулҳу оромӣ хизмати бузург ва беназири таърихӣ кардаанд, арзи сипос намуда, ба ҳамаи шахсоне, ки барои ба даст овардани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ заҳмат кашидаанд, миннатдории бепоён изҳор менамоям. Инчунин аз ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳое, ки дар раванди сулҳи тоҷикон саҳми беғаразона гузоштанд, сипосгузорем.

Бигузор аз шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳар хонаводаи тоҷик ҳамеша дар амон бошад!

Бори дигар Рӯзи Ваҳдати миллиро ба  ҳар хонадони шаҳрванди мамлакатамон табрик гуфта, оромиву ободӣ ва файзу баракат орзумандам.

Сатторзода Зебонисо Саттор, судяи Суди ноҳияи Вахш

 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top