Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Изҳороти 1600 нафар истиқоматкунандагони ноҳияи Вахш вобаста ба барномаи телевизионии «Решаҳои ноаён»

Мо як гуруҳ шаҳрвандон истиқоматкунандагони ноҳияи Вахши вилояти Хатлон,  тавассути телевизион вашабакаҳои иҷтимоиии нтернетӣ филми мустанадеро бо номи «Решаҳоиноаён», ки дар он эътирофи ҷиноятҳои вазнин аз қабили хиёнат ба ватан, ҷалби мардум барои бороҳи мусал хонасарнагун сохтани ҳукумати конститутсионӣ, бурдани таблиғот ҷиҳати пайравӣ намудан аз мазҳаби бегона, иҷрои дастурҳои душманонаи давлати бегона ва омодагиҳои навбати барои кушиши бозҳам ноором сохтани вазъи ороми кишвар дар ояндаро дар суханронии яке аз саркардаҳои ҳизби терористии шиагарои наҳзати исломӣ Саид Қиёмиддини Ғозӣ тамошо намуда, бори дигар ин ҳизби террористӣ ва шиагароро ба таври қотеъона маҳкум намуда нафратамон нисбати он даҳчанду садчанд зиёд гашт. Чун ба суханронӣ ва чеҳраи манфуру касифи Қиёмиддини Ғозӣ назарамон афтод, бори дигар манзараҳои даҳшатбори солҳои ҷангибародаркӯш, ки ноҳияи Вахш дар саргаҳи он воқеаҳои ҳалокатбор қарор дошт, дар пеши чашмонамон ҷилвагар гашт. Қ.Ғозӣ ва дигар саркардаҳои ҳизби террористии наҳзат тибқи дастур ва супоришҳои бевоситаи муассис ва роҳбари асосии наҳзат  С.А. Нурӣ аз эҳсосоти эътиқоди динии мардуми кишвар суистифода намуда,  бар зидди ҳукумати қонунӣ бархоста, барои бунёди давлати бо номи сломӣ, вале дар асл ҳукумати шиагарои пойбанди давлати Эрон мардумро ба ҷиҳод даъват менамуданд. Барои расидан ба ин ҳадафи нопокашон саркардаҳои ҳизби террористии наҳзат ба лашкри худ ҳатто қатли оми мардуми бузургтарин минтақаи кишвар собиқ вилояти Кулобро дастуру фармоиш дода буданд.  Мо хуб дар ёдҳо дорем, ки моҳи апрели соли 1992,  ТЭТ ҲНИ ҷиҳати иҷрои нақшаи хоҷагони хориҷияш, ҷанги яроқноки шаҳрвандиро маҳз дар ноҳияи Вахш оғознамуда буданд. Аввалин ҳаракатҳои ҷангҷуёнаи ТЭТ ҲНИТ амалҳои гаравгонгирии мардум, таъсиси зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо буд. Зиндони марказӣ ва асосии ТЭТ ҲНИТ бинои ҳаммоми собиқ совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш маҳсуб меёфт, ки солҳои 1991-1992 наҳзатиҳо дар он садҳо нафаро дамони комилан бегуноҳро нигоҳ дошта, бе ягон муҳокима аз обушиканҷа дода, ба  қатл расонида буданд. Читавре, ки худи Қиёмидин Ғозӣ эътироф менамояд маҳз ТЭТ ҲНИТ сабабгори асосии рухдодани ҷанги бародаркӯш дар кишвар ва муҷрими овораву саргардон гаштани мардуми кишвар дар хориҷ мебошад.Маҳз бо гуноҳи роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ватани маҳбубамонро ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш фаро гирифта, ҳазорҳо нафар ҷавонмардони миллат қурбонгашта, хонаву дари мардуми зиёди кишвар ба коми оташ рафт ва ҳамаи он комёбиҳои тулии ҳафтод соли дар даврони шуравӣ ба дастовардаи падаронамон зада несту нобуд гардид.  Солҳои ҷанги бародаркӯш дар ноҳияи Вахш  садҳо нафар одамон аз гӯруснагӣ ва аз бемориҳои сироятӣ ҷони ширини худро ба ҷонофарин супориданд.  Мардум аз набудани маводи ғизоӣ ва аз  гуруснагии шадид ҳатто гӯшти чорвои кайҳо ҳаромгаштаи бадбуйгаштаро истеъмол менамуданд ва аз тухми ҷорубиву дигар зироатҳои хӯроки чорво орд истеҳсол карда мехӯрданд. Аз суханронии Қиёмиддини Ғозии хоин маълум гашт, ки ӯ ва дигар саркардаҳои наҳзатӣ хуб медонистаанд, ки сабабгори аслии сар задании ҳамаи он бадбахтиҳо худи онҳо мебошанд. Вале мутаасифона онҳо аз кирдорҳои содирнамудаашон нафақат пушаймон нагаштаанд, балки читавре худи ӯ иброз медорад маро тиби дигар соли 2015 ва дар минбаъда соли 2020 бозҳам мехостаанд кишвари азизамонро ба коми ҷангу хунрезиҳои нав бикашанд. Қиёмиддин Ғозӣ ба таври бешарафона ҷиноятҳои содирнамудаашонро эътироф намуда, иброз медорад, ки ҳизби террористии онҳоро давлати Эрон ҷонибдориву маблағгузорӣ намуда, ин ҳизб амаликунандаи ҳадафҳои нопоки он давлат дар кишвари мо мебошад.  

Мо дар ҷой доштани чунин ҳолатҳо аз Чумҳурии исломии Эрон гиламанд нестем, зеро аллакай дар ҳузури ҷомеаи ҷаҳонӣ аён гаштааст, ки дахолат ба умури дигар кишварҳо, ҷори намудани мазҳаби «Шиа» ба сари мардуми кишварҳои минтақа, таъсису маблағгузории гуруҳҳои мазҳабии ифротӣ ва бо ин васила ноором сохтани вазъ дар кишварҳои гуногун ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии давлати имрӯзаи Эрон маҳсуб меёбад.   Вале чун шаҳрванди Тоҷикистон ба ватани аҷдодии худ хиёнат намуда, ба ивази маблағҳои ҳаром нақшаи ноором сохтани вазъи ороми кишвари худро дар сар мепарвараду даст ба он мезанад аламовару нобахшиданист. Мо кирдорҳои хоинона ва ҷиноятҳои сангини содирнамудаи Қиёмиддини Ғозӣ ва ҳаммаслакони ӯро қотеъона маҳкум намуда иброз менамоем, ки онҳо ҳуқуқи маънавии тоҷик буданро надоранд. Дар навбати худ  бомасъулияти том иброз медорем, ки мо омодаем дар ҳар лаҳзаҳои доимӣ ба ивази ҷони худ, соҳбихтиёрии кишвари худ, ваҳдати миллӣ, қавӣ нигоҳ доштани мазҳаби аҷдодӣ ва сулҳу суботи ватани азизамонро ҳифз намуда, бар зидди ҳамагуна душманони дохиливу хориҷӣ муборизаи беамон барем. Мо аз он хушҳолем, ки мақомоти қудратии кишвар Қиёмиддини Ғозӣ ва дигар хоинони ватанро боздошт намуда, баҷавобгарии ҷиноӣ кашида мувофиқи қонун ҷазоҳои сазовор медиҳанд. Табиист ки ҳар як ҷинояткор дер ё зуд ба аъмоли содирнамудааш ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди Худованд бояд ҷавоб гуяд. Зеро:

 

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромуш.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top