Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ЗИҲӢ, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардид. Дар бунёди давлатдории Тоҷикистони  соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар эъмори давлати соҳибихтёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.               

Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Пешвои миллат кайҳост, ки дар дили халқ роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи нави давлатдорӣ ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ ва муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар байни мардум машҳур гардидааст. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ташаккулу таҳаввули  таърихи  нави давлатдории тоҷикон ва имрӯзу фардои он, балки барои эҳё намудани арзишҳои неки ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст. 

Дар замоне, ки нафаре ба ояндаи зиндагӣ бовар надошт, садои тиру туфанг, нолаи модарон ва гиряи кӯдакон ба гӯш мерасид ва дар ҷойи дӯстӣ ва бародариро душманӣ, кинаву адоват забт карда буд, роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, умеду бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили халқ бедор намуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муроҷиатҳояш, моҳи декабри соли 1992 гуфта буд, «Ҳамватанони азиз, дар ин лаҳзаҳои хело сахту сангин барои Ватан ба шумо муроҷиат карда мегӯям, ки ман ба ақлу заковати шумо, ки фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам, чунки ман ба ояндаи неки кишварам ва халқи азияткашидаам бовар дорам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми дониш ва таҷрибаамро барои дар ҳар як хонадон овардани сулҳу ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин мақсад, агар лозим шавад, ҷонамро ҳам дареғ намедорам».

Баъди савгандёкунӣ то 27-уми июни соли 1997, яъне то расидан ба Ваҳдати миллӣ ва бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллй 21 маротиба гуфтушунидҳо гузаронид ва дар 7-тои он муколамаҳо шахсан ширкат варзидааст. Ӯ ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба Ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос   намекард. руҳаш аз нотинҷии кишвар азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин ҳолатҳои тоқатфарсо ӯ пайваста ба гурезаҳо муроҷиат карда мегуфт: «Ҳамватанони азиз, модарон ва хоҳарон, ба Ватан баргардед. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам.  Аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем».  Бо дарду самимият гуфта мешуданд ин суханҳо. Ҳамин муҳаббат ва самимият буд, ки зиёда аз як миллион гуреза ва муҳоҷирон ба Ватан баргаштанд, ки дар ин ҳолат зиёда аз 37000 хонае, ки пурра ва ё қисман хароб гардида буданд, дар муддати кӯтоҳ аз нав барқарор гардиданд. Пешвои миллатамон ба савгандаш содиқ монд, балки барои амалӣ гаштани он то ҳол садоқатмандона хизмат мекунад.

Зиҳӣ, Пешвои муаззами миллат!!!

Сафаргул Раҳимова,

мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top