Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

БЕХАТАРИИ ИТТИЛООТӢ ДАР ҶОМЕА

Ё пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб тариқи шабакаи интернетӣ

Аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки масъалаи бехатарии иттилоотӣ ҷаҳони муосирро ба ташвиш гузоштааст ва ҷумҳурии моро низ нисбати муқовимат бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттиоотӣ ва киббертерроризм бетараф гузошта наметавонад.

Аз ҳамин нуқтаи назар дар шароити имрӯза аз сабаби рушди босуръати тараққиёти соҳаи технологияи иттилоотӣ, талабот нисбати соҳаи технологияи информатсионӣ - коммуникатсионӣ хеле зиёд шуда истодааст. Бинобар ин кор бо технологияҳои иттилоотӣ рӯз то рӯз зиёд мешаванд. Технологияи иттилоотии замонавӣ ва воситаҳои телекоммуникатсия имконият медиҳанд, ки маълумот фавран қабул ва пешниҳод карда шаванд. Мафҳуми бехатарии информатсионӣ ин бехатарии манфиати нигоҳдории маълумоти истифодабаранда дониста мешавад. ҳимояи маълумот - ин маҷмӯи чорабиниҳое мебошанд, ки ба таъминоти бехатарии информатсионӣ равона карда шудааст. Роҳҳои ҳифз ва бехатаргардонии информатсияҳо гуногун буда, ба якчанд гурӯҳ тақсим мешавад ва ҳамчунин, тарзҳои бехатаргардонии он низ самтҳои худро доро мебошад.  Масъалаи ҳифзи маълумот аз замони пайдоиш то ҳол роҳи дарозеро гузаштааст, ки дар бисёр ҳолат дар рушди худ ба зиддиятҳо дучор гаштааст. Дар оғоз ду роҳи ҳалли масъалаи нигоҳ доштани махфияти информатсия: истифодаи усули криптографии ҳифзи маълумот ба воситаи интиқолу нигоҳдории он ва ҳудудгузории барномавӣ-техникии дастрасёбӣ ба сарчашмаи маълумотҳои системаҳои компютерӣ мавҷуд буд. Айни замон саъю кӯшиш барои коркарди информатсия, ҳифзи маълумот, истифодаи усулҳои нав оид ба  ин масоили рӯз то рӯз сифатан нав ва шаклҳои мукаммалро қабул карда истодааст, ки ин албатта раванди тараққиёти онро нишон медиҳад.

Бехатарии информатсионӣ ҳамаи нуқтаи назарҳо вобаста ба муайян намудан, ба мақсад расидан ва нигоҳ доштани махфияти информатсияҳо, мукаммалӣ, дастрас будан, мунтазамӣ, тобеъ будан, саҳеҳ ва эътиборнокии маълумот ё ин ки воситаи коркарди он мебошад.

Бехатарии системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда ин ҳолати ҳимояи системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда аст, ки ба таъмин намудани махфият, дастрасбуда, мукаммалӣ ва мафҳумҳои аутентификатсия ва авторизайия асос ёфтааст. ҳангоми аутентификатсия маълумотҳои шиноснамоӣ (идентификатсия)-и истифодабаранда тафтиш карда мешавад, ҳангоми авторизатсия бошад мавҷудияти ҳуқуқҳои истифодабаранда барои дастрасшавӣ ба захираҳои компютер ва шабакаҳо санҷида мешавад. Инчунин технологияи шифргузорӣ (рақамӣ) мавҷуд аст, ки маълумотҳои шахсиро дар фиттаҳо ё шабакаҳо ҳимоя менамояд. Илова бар ин бехатарии информатсионӣ ин ҳимояи иттилоотҳо ва дастгирии инфрасохтории аз таъсири тасодуфӣ ё пешакӣ қасд кардашудаи хусусияти табиӣ ё сунъӣ дошта, ки метавонад зарари ғайримақбул ба субъектҳои муносибати информатсионӣ расонад, фаҳмида мешавад.  

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки бехатарӣ ё амнияти информатсионӣ дар ҳар соҳа гуногун фаҳмида мешавад. Ба замми ин бехатарӣ ё амнияти информатсиониро мақсади асосии ҷомеаи муосир гуфта, афзоиш ва рушду нумӯи тартибдиҳандаи информатсияҳо (захираҳои информатсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳо) алоқаи ногусастанӣ дорад гӯем, иштибоҳ нахоҳем кард.  Маълумот дар масоили бехатарии информатсионӣ дар давраи ҳозира дар сохторҳои давлатӣ, дар муассисаҳои илмӣ ва дар ширкатҳои тиҷоратӣ ҳамчун самти аввалиндараҷа роҳандозӣ мегардад. Компютерҳо яке аз ташкилдиҳандаҳои системаи иттилоотӣ мебошад, ки дар он маълумот сабт, қабул, нигоҳдорӣ, тағйир ва доду гирифт карда мешавад. Бехатарии информасияҳои системаҳои амалиётӣ низ маҷмуи файлҳоест, ки дар системаҳои амалиётӣ истифода мешаванд ва хавфи аз тарафи шахсони алоҳидаи дорои дониши баланди технологӣ (хаккерҳо) ба воситаи сомонаҳои интернетӣ ё дискдонҳо ба монанди (флешка, фиттаҳои калонҳаҷм) ба истифодабарандагони компютерҳо ё шабакаҳои интернетӣ ба мо пахш шуданро дорад, ки ин ҳам аз истифондабарандаи системаҳои амалиётӣ ва роҳҳои дурусти ҳифзи барномаҳои он вобастагӣ дорад, ки бояд ба иштибоҳ роҳ надиҳад. Аз ин ҷост, ки объекти ҳифзи иттилоот ин системаҳои компютерӣ ё системаи автоматикунонидашудаи коркарди иттилоот мебошад. Барои дуруст ба роҳ мондани сатҳи кории он ва системаҳои амалиётӣ дар оғоз онро аз хатарҳои хавфноки таҳдидкунанда бояд  эмин нигоҳ дошт. Ҳамчунин бехатарии компютерҳо танҳо аз компютерҳо вобаста набуда, барои дуруст ва бардавом амал намудани онҳо истифодабарандагони технологияҳои информатсионӣ низ тарзҳои дурусти ба кор омода намудан ва истифодаи барномаҳои зидди хавфҳои таҳдидкунандаро доро бошанд. Тарафи дигари масъалаи зикршуда ин саҳву хатогӣ, хунукназарӣ ва беаҳамиятӣ ҳангоми кор бо системаҳои амалиётӣ мебошад. Дар айни замон бунёди системаҳои ҳифзи информатсионӣ бо роҳҳои оддӣ ё дигар воситаҳои  ҳифзнамоӣ маҳдуд карда нашудааст. Яъне, роҳҳои гуногуни ҳифзи иттилоот мавҷуданд. Дар ин раванд ба мо зарур аст, ки дар рафти истифодаи технологияҳои муосири информатсионӣ ва додугирифтҳои маълумотҳо бисёр огоҳонаву пурмасъулият буданамон зарур мебошад.

Оид ба шомилшавии ҷавону наврасони кишвар ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб тариқи шабакаҳои интернетӣ қайд кардан зарур аст, ки раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани  ҷавонон  дар  кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва бахусус дар кишвари мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ хусусан, пайравони гурӯҳи террористии  ба ном  «Давлати исломӣ» роҳҳои наву  пуртаъсири таблиғу ташвиқи  андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин  равиши таблиғотии соддаву  таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмиллалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои  мусулмоннишин ин аст,ки онҳо  аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус аз гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо  содалавҳона  дода мешаванд. Барои фаъолгардонии амалиётҳои худ ташкилотҳои террористии байналхалқӣ  дар тамоми дунё бо якдигар ба тариқи шабакаҳои интернет ва дигар воситаҳо дар тамос буда, ҳамкорӣ мекунанд ва дар ин ҷода ҷанги иттилоотиро  пеша менамоянд. Масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон аз афзалиятҳои дарозмуддат ба шумор меравад. Зеро теъдоди қобили мулоҳизаи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон бо вуҷуди доштани зарфияти баланди навоварию эҷодӣ, табақаи осебпазир ба шумор мераванд, зеро афзалиятҳои ҳаётии онҳо пурра шакл нагирифтааст. Аз чунин ҳолат, ҷинояткорон, қочоқчиён ва ифротиҳо сӯйистифода намуда, ҷавононро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Баррасии вазъи имрӯзаи ҷавонон нишон медиҳад, ки тамоюлҳои мухталифи гуногунсамт ва гоҳе ба ҳамдигар зид дар муҳити онҳо шакл гирифта истодааст. Дар ин асно шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористию экстремистӣ, бахусус «Давлати исломӣ», ҷамоати «Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати исломии Узбекистон» то инҷониб яке аз проблемаҳои асосӣ ва нигаронкунанда барои тамоми ҷомеа боқӣ мемонад.

Дар фазои иттилоотӣ, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги иттилоотӣ ба роҳ монда шудааст, ки мақсади асосии он тағйири муносибати шаҳрванд ба давлат мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри пешгирии наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳар гуна  ҳизбу  ҳаракатҳои номатлуби пайдогардида тариқи  шабакаҳои интернетӣ бо истифода  аз телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва компютерҳо  кормандони шуъбаи маориф  бо мақсади дар амал тадбиқ намудани фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд.

Аз ҷумла, нақшаи чорабиниҳои дахлдор тартиб дода шуда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъомади падару модарон гузаронида, дар якҷоягӣ бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо омӯзгорон ва  хонандагон вохӯриҳо гузаронида оид ба  масъалаҳои ташвишовари ҷаҳони имрӯза ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда,рохбарияти муассисахои таълими фазифадор гардиданд,ки дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва соатхои тарбиявӣ доимо таъкид намоянд.  Инчунин дар рафти вохӯриҳо  зикр гардид, ки дар давоми соли сипаригардида  якчанд нафар  сокинони вилояти Хатлон бо ҷурми даст доштан дар ифротгароӣ равонаи зиндон шуданд, ки дар байни онҳо занон ҳам қарор доштанд. Таъкид карда шуд, ки пайвастшавии  ҷавонону наврасон тариқи шабакаҳои интернетӣ бо истифода аз телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва компютерҳо  ба гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро  ҳанӯз ҳам давом дошта, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ  пешгирӣ шуда истодаанд.

Тибқи моддаи якуми конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Вобаста ба ин имрӯз дар ҷумҳурии мо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои касаба дар байни омма фаъолият мебаранд. Мақсад оид ба усулҳои таъмини самаранокии фаъолияти идеологӣ дар он аст, ки силоҳи таблиғотӣ ин рӯзномаю маҷалаҳо мебошанд, ки имрӯз бояд дастраси умум гарданд, дар муҳити оила аз ҷониби волидон  ва мактаб аз ҷониби омӯзгорон бештар бо фарзандон ва муҳассилин мавриди фаҳмондадиҳию пешгирӣ қарор дошта шавад.  

Аз ҳамаи ҷавонони имрӯза даъват ба амал меорам, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дар раванди бо суръати ҷаҳонишави пешрафт ва тараққиёти илму техника аз он самаранок ва бомаърифатона истифода бурда, нагузорем, ки нохалафе ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии кишвари биҳиштосои мо халал ворид намояд.  

Зафар Сафаров,

директори Маркази ТИК- и ноҳияи Вахш

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top