Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ВОКУНИШ

Нест бод терроризм!

Имрӯз дар ҷомеаи муосир падидаҳои экстремистиву террористӣ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст. Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дин, сиёсат идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад таъсири манфии худро гузорад. Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои шуми худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу рӯ батараққиро ба харобазор табдил диҳанд. Ташкилоти террористӣ ва зиддимилии  Ҳизби наҳзати исломӣ, ки даъво аз пуштибонии дину мазҳаб менамояд, дар тамоми замони фаъолияти хеш ба ҷуз истифода намудан аз бовариву эътиқоди мардум ба манфиати худ, амалеро барои миллату давлати Тоҷикистон анҷом надодааст. Ин созмони ифротгаро бо номи дину оин аз аввали пайдоишаш фазоро пур аз афкори заҳрогин намуда, ҳазорон нафарро гумроҳ кард ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ба ҷанги шаҳрвандӣ боис гардид. Кишварро хароб гардонда, миллатро дар ҳоли нобудӣ қарор дод ва мардумӣ осоиштаро сарсону саргардон сохт. Сарфи назар аз ин ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризоияти иҷтимоӣ, тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва аъзои он ба вуқуъ пайвастаро бахшиданд ва ба ин ҳизб иҷозати дубора ба таври расмӣ фаъолият кардан доданд.

Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ тайи солиёни дароз ҳамеша бар пояи тарҳи озору гила ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада боиси буғранҷ ва мураккаб шудани вазъ дар кишвар мегардиданд. Зимнан собиқаи пурдоғи ТТЭ ҲНИ гувоҳи он аст, ки сохтани низоми сиёсии динӣ мазҳабӣ, ки бар пояи таассубу ҷаҳолати мазҳабӣ исбот меёбад, мароми ин ҳизб аз оғоз то ба охир будааст. Ба ибораи дигар хатти интихобкардаи ТТЭ ҲНИ чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз, ҳамоно бо роҳи сӯистифода аз бовару эътиқоди мардум бунёди ҷомеа ва давлати динӣ-теократӣ буда ва мебошад. Барои исбот бахшидани амалкардҳои наҳзатӣ ва аз онҳо истифода намудан ба манфиатҳои геосиёсии хеш баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ба таври ошкорову пинҳонӣ то ба имрӯз аз роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ситоиш карда, ба ин восита теша ба решаи низоми сиёсии дунявии минтақавӣ, ки озодандешӣ ва инсонмеҳвариро дар баробари тамомиятхоҳии динӣ мазҳабӣ тақдир менамояд, мезананд. Имрӯз ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона туҳматзаниҳою ғараз кориҳоро алайҳи Ҳукумат бо ҳар роҳу васила идома медиҳанд.

Ин нодидагирӣ, бетаваҷҷуҳӣ, ғаразпардозӣ, кинатӯзӣ, шайёдӣ ва муҳимтар аз ҳама ихтилофангезию иттиҳомзанӣ ба кори рӯзмарраи масъулини фирории ҳизби террористӣ дар хориҷ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, бояд ҳар як сокини кишвар ва махсусан ҷавонон ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳад ва фирефтаи дасисабозони наҳзатиён нагардад. Мо-ҷавонон бояд сидқан пайрави Пешвои миллат бошем ва дар ватани азизамон содиқонаву софдилона кор ва фаъолият намоем.

 

И. Даминов

мудири Шуъбаи таблиғот,

иттилоот ва матбуоти Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top