Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҲАР  КӢ БО ДУШМАНИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР…

Ҳар кӣ бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Мавриди зикр аст, ки ягон кишвари мисли Тоҷикистон ва на роҳбаре чун Эмомалӣ Раҳмон ин гуна шароити хубро барои халқи азизаш фароҳам наовардааст. Аммо ба ҷойи шукргузорӣ аз ин неъмати худодод ва саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар боз ҳастанд нафароне, ки мехоҳам ба сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азиз халал ворид созанд. Саркардагони ин гурӯҳҳо худро ҷонибдори дини мубини ислом мехонанду аз бузургони ин дине, ки покиро мепарварад иқтибосҳо меоранд. Ислом дурӯғу фиребгар, душманӣ нисбати якдигар, рехтани хуни ноҳақро намеписандад.

Ин «нокасон», ки худро «ғамхор» вонамуд месозанд, бо ҳар роҳу восита ҷавонони моро аз роҳ зада, ба гумроҳӣ мебаранд. Бо ваъдаҳои пайсаҳои беҳисоб онҳоро ба сӯйи марг раҳнамун месозанд. То ҳол надидаем, ки баъди фавти ягон ҷавони гумроҳшуда нафаре, ба оилаи онҳо изҳори ҳамдардӣ карда бошад, пул фиристодан он тараф истад.

Оё боре сари андешаҳои беасосу беақлона андеша менамоянд? Боре фикр намекарда бошанд, ки ҲНИ то имрӯз сари ҷавонро хӯрд? Муҳиддин Кабирию ҳаммаслаконаш шабро чӣ тавр рӯз мекарда бошанд? Оромона сар ба болин монда, хуни ноҳақи рехтаашон пеши рӯяшон намеомада бошад?

ТЭТ ҲНИ боиси марги ҷавонмардони тоҷик соли 1992-ум шуда буд. Имрӯзҳо кӯшиш доранд, ки айбро ба дӯши дигарон бор созанд.

Мо-мардуми ватандӯсту ваҳдатшиор бояд пеш аз ҳама зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст намедиҳем ва медонем, ки ТЭТ ҲНИ пӯсти рӯйи худро иваз мекунаду бо ҳазор ҳилаю найранг, бо ҳар восита мехаханд ба амалҳои нопоки хеш бирасанд. Мо-аҳли маориф лозим аст, ки корҳои фаҳмондахиҳиро бештар намуда, дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ созем. Барои фарогирии ҷавонону наврасон ба корҳои ободониву созандагӣ, маҳфилҳои фаннӣ, чорабиниҳои варзишӣ, сайёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, ба китобхонӣ ҷалб намоем. Нагузорем, то бадхоҳони миллати тоҷик мисли ТЭТ ҲНИ тухми кинаву адоватро кошта, сулҳу ваҳдати милламонро халадор созанд. Амнияту  осоиштагии ватани маҳбубамон бароямон азизу муқаддас буда, ҳамеша посдори Ваҳдати миллием, агар лозим шавад, баҳри ҳимояи он синаро сипар месозем.

Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top