Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Рӯзи мудофиаи намунавӣ

Дар муассисаҳои таълимии №3-и ноҳияи Вахш таҳти  унвони «Рӯзи мудофиаи намунавӣ»  машқҳо  марбут  ба  ҳолатҳои фавқулода  доир  карда шуд. 

Чорабинии мазкур, бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳия, дар ҳамкорӣ бо кормандони  Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия баргузор гардид. Рӯзи  мудофиаи намунавӣ дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида  ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар роҳандозӣ  гардида, қабл аз  оғози машқҳо сардори  ситод  оид ба ҳолатҳои фавқулодаи таълимгоҳ, ҳамзамон сарвари  муассисаи таълимии №3 Басгул Қосимова  аз омода  будани мактабиён  ба  намояндагони  ситод  оид ба ҳолатҳои  фавқулодаи ноҳия  пешниҳод  намуд. 

Дар вазъияти тантанавӣ  таҳти садо додани Суруди  миллӣ Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба майдон  ворид карда шуд  ва  чорабинӣ  таҳти  унвони «Рӯзи  мудофиаи намунавӣ»  кушода  эълон  карда  шуд. Оид ба  ҳадафи  баргузории  ин  машқҳо  муовини  раиси ноҳияи Вахш Фариштамоҳ Зоҳидзода ва сардори  ситод  оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Рустам Қарахонов, андешаронӣ намуданд.

Сипас, иштирокчиёни  чорабинӣ вориди  чанде  аз  синфхонаҳои  таълимгоҳ  гардида, дар ҷараёни  баргузории дарси кушоди  омӯзгорони мактаби  мазкур ширкат намуданд. Хонандагон марбут ба мавзӯи ҳолатҳои  фавқулода  рӯзномаҳои  деворӣ таҳия намуда, зимни  соати дарсӣ  оид  ба ҳолатҳои  фавқулода, роҳҳои  наҷоти одамон  дар чунин ҳолатҳо  андешаронӣ  намуданд. Яке  аз қисматҳои   диққатҷалбкунандаи чорабинӣ  дар он инъикос  меёфт, ки хонандагон озодона дар мавзӯи ҳолатҳои  фавқулода  ақидаронӣ карда,   расму  овезаҳои омодасохтаашонро шарҳ  медоданд.

Хонандагони муассисаи  мазкур  дар ин чорабинӣ хеле  фаъолона  иштирок  намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  ин  қисмати чорабинӣ дар шакли  суолу  ҷавоб ҷараён  гирифта, аъзои  гурӯҳҳо  ба  суолҳои пешниҳодшуда  посух  гуфтанд. Дар навбати худ  аз  тарафи намояндагони  ситод  оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ  марбут  ба сар задани   ҳолатҳои  фавқулода андешаҳо  баён  карда шуд.

Ҷараёни  баргузории машқҳо, иштироки фаъолонаи хонандагон собит намуд,  ки хонандагони  муассисаи таълимии №3-и ноҳия  оид ба ҳолатҳои фавқулода дониши  васеъ дошта, дар ҳолати рӯй  додани  ҳодисаҳои  табиӣ  худ ва атрофиёнро наҷот  дода  метавонанд. Ҳадафи  асосӣ аз гузаронидани дарс  ва машқҳо марбут ба ҳодисаҳои табиӣ, ҳолатҳои  фавқулода ба баланд бардоштани савияи дониши хонандагон оид ба ҳолатҳои фавқулода нигаронида шуда, баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия дар назар дошта шудааст.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top