Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

МУБОРИЗА БА КОРРУПСИЯ ТАЛАБИ РӮЗ АСТ

раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23-юми сентябри соли 2013, №213  «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504» «Дар бораи Стретегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар ноҳияи Вахш

Масъалае, ки имрӯз дар Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш (даъвати панҷум), яъне рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 23-юми сентябри соли 2013, №213 «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504» «Дар бораи Стретегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтии ҷомеаи шаҳрвандии имрӯза мебошад.

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад.

Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмуӣ, ташкилӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул гардидааст.

Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти № 1504 тасдиқ шудааст, аз муқаддима ва 5 фасл иборат мебошад.

Муқаддимаи Стратегияи мазкур 24 бандро дар бар гирифтааст.

Фасли 1. Самтҳои асосии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2020 дар бар гирифта, ба 4 қисмат:

1. Сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ.

2. Криминализатсияи коррупсия ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

3. Пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия.

4. Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муқовимат бо коррупсия ҷудо гардида, аз 49 банд иборат мебошад.

         Фасли 2. Бахшҳои афзалиятноки амалӣ намудани тадбирҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2020 дар бар гирифта, ба 7 қисмат:

1. Мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, механизми таҳлили соҳавии хавфҳои коррупсия, поктинатӣ ва шаффофият, ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот.

2. Пешгирии коррупсияи сиёсӣ ва нақши мақомоти қонунгузорӣ дар низоми миллии муқовимат ба коррупсия.

3. Такмили фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ.

4. Такмили кодексҳои касбии одоб ва сиёсати кадрии хизмати давлатӣ.

5. Такмили низоми хариди давлатӣ.

6. Такмили низоми назорати давлатии молиявӣ.

7. Пешгирии коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҷудо гардида, аз 55 банд иборат аст.

         Фасли 3. Ҳамкории ҳуқуқии байналмилалиро дар бар гирифта, аз 3 банд иборат аст. 

         Фасли 4. Натиҷаҳои татбиқи Стратегия, мониторинг ва арзёбии самарабахши онро дар бар гирифта, аз 3 банд иборат аст.

Фасли 5. Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2020-ро дар бар гирифта, аз 89 банд иборат аст, ки иҷроиши 13 банди он ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ доранд.

Бо мақсади амалӣ намудани Стратегия  муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, инчунин пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш мувофиқи мақсад шуморид, ки Барномаи идоравии (соҳавии) зидди коррупсиониро таҳия ва қабул намояд.

  Оид ба иҷроиши банди 1-и нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур дар заминаи баррасии Фармони мазкур, қарори раиси ноҳияи Вахш аз 24 апрели соли 2015, №253 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул ва дар заминаи қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ иборат аз 14 банд таҳия ва тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон бо мақсади назорати дуруст ва саривақтии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш аз 24 декабри соли 2018 ба Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, назорат аз ҷониби комиссия дар самти мазкур ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Роҷеъ ба амалигардии банди 2-и нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Стратегияи муқовимат ба коррупсия реҷаи баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатии ташкилоту муассиса, идораю корхона ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тартиб ва амалӣ карда шуда, дар соли 2018 зиёда аз 80 чорабинӣ ва зиёда аз 4 маротиба мизҳои мудаввар дар мавзӯҳои «Мубориза бо коррупсия қарзи шаҳрвандии мост», «Ҷавонон бар зидди коррупсия», «Занон хоҳони ҷомеаи адолатпешша», «Қабули шаҳрвандон вазифаи асосии мост» бо коллективҳои меҳнатӣ ва мардуми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шудаанд. Дар соли 2019 бошад, тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баргузории 100 адад чорабиниҳо ва зиёда аз 6 адад мизҳои мудаввар дар мавзӯҳои «Мубориза бо коррупсия қарзи шаҳрвандии мост», «Ҷавонон бар зидди коррупсия», «Занон хоҳони ҷомеаи адолатпешша», «Қабули шаҳрвандон вазифаи асосии мост» бо коллективҳои меҳнатӣ ва мардуми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба нақша гирифта шуда гузаронида мешаванд.      

         Вобаста ба талаботҳои банди 3-и нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, баъд аз санҷиши Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, таҳти назорати ҷиддӣ ва қатъӣ қарор дода шуда, камбудию нуқсонҳои ҷойдошта сари вақт бартараф карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. 

 

Ҷиҳати амалигардии банди 10-и Стратегияи мазкур барои беҳтар намудани шароити кориву зиндагӣ, таъминот бо технология ва таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва нуфузи судҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Комиссариати ҳарбии ноҳия дар ҳудуди 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия барои таъмини самараноки фаъолияти кории шабонарӯзии нозирони минтақавии милитсия ва мизҳои ҳарбӣ утоқҳои корӣ ҷудо карда шудаанд. Инчунин, дар соли 2015 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1 адад компютер ва 1 адад принтер ба шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дода шуд. 

Дар давраи амалигардии Стратегияи мазкур солҳои 2013-2019 аз ҳисоби буҷаи ноҳия барои беҳтар намудани шароити кории судҳо, мақомоти прокуратура, милитсия, Комиссариати ҳарбӣ ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба маблағи зиёда аз 224 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, мақсаднок истифода бурда шудаанд.

Тибқи таъмини тартиби банди 11-и Стратегияи мазкур вобаста ба пайдо гардидани зарурат ва эҳтиёҷот ва истифода бурдан аз донишу малакаи касбии шахсони обрӯманд ва таҷрибаи ғании кори дошта, 5 нафар собиқадорони меҳнат дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ дар ноҳия ба фаъолият фаро гирифта шуда, ин иқдом дар солҳои минбаъда идома дода мешавад.

Дар давоми соли 2015-2019 вобаста ба самти иҷроиши банди 13 омӯзиши масоили коррупсия, идоракунии муносибати давлатӣ, поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, ахлоқ ва одоби хизматчиёни давлатӣ тибқи муқаррароти «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №591 аз 3.12.2015 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шуда, аз ҷониби Комиссияи озмунӣ риоя карда шуда истодааст.

Бо мақсади тақвияти дастгирии иҷтимоии кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди манзилию маишӣ чораҳои дахлдор андешида аз соли 2013 то инҷониб ба 60 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда, дода шудааст.

Вобаста ба “Пешгирии ҳолатҳои хароҷоти ғайриқонунии маблағҳо, вайронкунии интизоми молиявӣ дар ҳамаи сатҳҳои истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар Раёсати молияи ноҳияи Вахш назорати молиявии аудитӣ таъсис дода шуда, санҷишҳои молиявӣ ҳамасола дар ташкилоту муассиса, корхонаю идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида мешаванд.

Оид ба хароҷоти муассисаҳои буҷетии ноҳия дар давраи амалигардии Консепсияи мазкур моҳи октябри соли 2013 то давраи ноябри соли 2015 аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши аудиторӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа зарари молиявии ба маблағи 240 ҳазору 839 сомонӣ ошкор гардида, дар рафти санҷиш пурра ба буҷет барқарор карда шуд. Ҳамзамон, оид ба хароҷоти муассисаҳои буҷетии ноҳия аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи декабри соли 2018 аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санҷиши аудиторӣ гузаронида, дар натиҷа зарари молиявии ба маблағи 1 млн. 70 ҳазору 503 сомонӣ ошкор гардида, дар рафти санҷиш пурра ба буҷет барқарор карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш талаботи банди 29-ро ба роҳбарӣ гирифта, дар оянда ҷиҳати ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таҳия ва қабули лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ заминаҳои мусоид ва шаффофият фароҳам оварда, барои роҳ надодан ба манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсони алоҳида чораҳои зарурӣ меандешад.

Вобаста ба иҷрои талаботи бандҳои 31, 33 ва дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангии ноҳия вобаста ба мавзӯҳои хусусияти коррупсионидошта зиёда аз 21 маротиба намоишу саҳнаҳои мазҳакавӣ роҳандозӣ гардида, робитаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма дар самти муқовимат бо коррупсия таҳким, густариш ва тақвият ёфта истода, очерку мақолаҳои зиддикоррупсионӣ дар саҳифаҳои рӯзнома чоп гардида истодаанд. 

Баҳри таъмини талаботи банди 37-и Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш низоми ягонаи автоматикунонидашудаи ҳукумати электронӣ таъсис ёфта, низоми электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мансабҳои холии хизмати давлатӣ, ташаккули механизми назорати риояи талаботи тахассусӣ, такмили Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ амалӣ карда, дар давоми соли 2018-2019 дар асоси «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» 4 маротиба озмун гузаронида шуда, аз шумораи умумии 38 нафар довталабон 28 нафар ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ мувофиқ ҳисобида шудаанд.

Бо мақсади мусоидат намудан ба шароити зисту зиндагии мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мутобиқ ба банди 47, ҷиҳати амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23 июли соли 2016, №1339, қарори раиси ноҳияи Вахш «Дар бораи тасдиқи ҷадвали Тартиби қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш» қабул гардида, ҳатмӣ риоя карда шуда истодааст.

Дар ин раванд, дар як ҳафта  ду маротиба: рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия, ҳамзамон қабули сайёри раиси ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот моҳе ду маротиба бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи ноҳия, барои аз наздик доир намудани мулоқоту вохӯрӣ бо шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномадаи мардум ба роҳ монда шуда, сари вақт баррасӣ карда мешаванд.  

Роҷеъ ба талаботи таъмини банди 48-и Стратегияи мазкур то имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, бонкҳои ноҳиявӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-литсейи ноҳия, литсейи касбӣ техникӣ, марказ ва нуқтаҳои савдо, 9 масҷиди ҷомеъ ва  масҷиди марказии ноҳия бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳхаз гардонида шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Тибқи талаботи банди 52 дар ноҳияи Вахш ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Вахш бо ассотсиатсияи соҳибкорон дар идоракунии давлатӣ рӯз аз рӯз тақвият ёфта истодааст. Вобаста ба ин, аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 13 нафар соҳибкор ва аз 192 нафар вакилони маҳаллӣ 56 нафар соҳибкор, ки мутаносибан 30-33 фоизро ташкил медиҳанд, имкон медиҳанд, ки баҳри аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ таъсири мусбӣ расонида шавад.

Зуҳуроти коррупсия решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Ҳанӯз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян карда шуданд.

Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.

Дар даврони истиқлолият ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд.

Дар ин самт ҳамаи санадҳои дахлдори байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ба тасвиб расонида шуданд.

Бо дарназардошти он, ки коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки глобалӣ мебошад, соли 2003 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардид ва дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо оид ба мубориза бо коррупсия иқдомоти зиёдеро вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт амалӣ намуд.

Коррупсия дар тамоми шаклҳояш рафтори зиддиҳуқуқӣ эътироф гардида, нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шуд.

Ҳамин тавр, заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия муҳайё карда шуда, мақомоти ба муқобили коррупсия муборизабаранда муайян карда шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ва ҷиҳати фарогирии масъалаҳои марбут ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро қабул намуд, ки ба рафъи омилҳои коррупсионӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар қонунгузории кишвар, тақвияти муқовимат бо коррупсия ва гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ҳамчун шарти ҳатмӣ муқаррар гардида, ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ санҷиши ҳолатҳои содир гардидани кирдори коррупсионӣ зарур шуморида шуд.

Дар натиҷаи ин чорабиниҳо шиддати коррупсия дар кишвар тадриҷан коҳиш ёфта, эҳсоси таҳаммулнопазирии мардум нисбат ба чунин амалҳои нангин хеле афзуд.

Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот муваффақ шудааст.

Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, вазъи содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта то ҳанӯз боиси нигаронӣ боқӣ мемонад. Таҳлили натиҷаҳои пурсиши сотсиологие, ки аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба арзёбии вазъи коррупсия дар байни аҳолӣ гузаронида шуд, метавонад ба тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти нангин ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа нақши муҳим гузорад.

Аксарияти мусоҳибон сатҳи коррупсияро дар фаъолияти соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милливу сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд арзёбӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки амалиёт дар масъалаи ба ҳолати аввала баргардонидани заминҳои ғайриқонунӣ ҷудошуда, агар аз як тараф, амали қонунӣ арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар, боиси ба вуҷуд омадани норизоияти сокинон мешавад. Ин натиҷаи назорати сусти сохтору мақомоти дахлдор аст, ки кор то марҳалаи сохтмон расидааст. Дар робита ба ин таъкид карданиам, ки таъин кардани шахс ба мансаби давлатӣ нишонаи боварии давлат буда, сӯиистифода аз он комилан нораво ва таҳаммулнопазир аст.

Чунин шахсон бояд дар мақомоти давлатӣ кор накунанд. Бинобар ин, ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия зарур аст, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати муайян кардан ва аз мақомот барканор намудани шахсони фасодзада тадбирҳои судманд андешанд. Лекин дар ин раванд дар хотир бояд дошт, ки танҳо бо роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва аз озодӣ маҳрум кардани шахсони гунаҳкор тамоми мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намудан ғайриимкон аст.

Мо бояд тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем. Тавре ки зикр гардид, дар мубориза бо коррупсия шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд саҳми муҳим гузоранд. Бо ҳамин мақсад, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шаванд.

Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан, дар байни ҷавонон баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ аҳамияти махсус дорад.

Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ зарур аст, ки чорабиниҳои иловагӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд. Чунин муносибат метавонад боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шуда, назари онҳоро нисбат ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир диҳад, то онҳо ҳуқуқу манфиатҳояшонро дар доираи қонунгузорӣ ҳимоя намоянд.

Ба шаҳрвандон бояд нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, тарзу роҳҳои ҳуқуқии муқовимати мардум ба амалҳои коррупсионӣ, кирдорҳои коррупсионии шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, алалхусус, дар самтҳои тақсим ва вобаста намудани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, таъсису барҳамдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андоз, ҳуқуқвайронкуниҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳқиқ ва тафтишот, ки айни замон боиси ташвиши шаҳрвандони кишвар шудааст, фаҳмонида шавад.

Мехоҳам ёдрас шавам, ки дар мубориза бо коррупсия фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд назаррас бошад. Комиссияи мазкур имконият дорад ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон, олимону коршиносон, муҳаққиқону рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  густариш диҳад.

Дар ин раванд, тавассути барномаҳои фарҳангӣ бо роҳи нишон додани паҳлуҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ, оқибатҳои номатлуби иҷтимоиву иқтисодӣ, ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва зиёни он ба саломатӣ, манфиати оила ва фарзандон, метавон ба раванди мубориза ва муқовимат ба коррусия таъсири мусбат расонид.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат нишонаи равшани мақсаду мароми қатъӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамаи мо бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти фаҳмондадиҳӣ, огоҳкуниву пешгирикунанда ва ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия, инчунин, иҷрои талаботи қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем.

Бо ҳамин ниятҳои нек барои расидан ба ҳадафҳои назаррас дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани хавфу хатарҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба ҳар яки шумо муваффақиятҳои боз ҳам бештар ва барори кор орзу менамоям.

 

 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top