Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ 

Хизмат кардан ба Ватан ифтихори ҳар як  ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Моро месазад, меҳани хешро ҳифзу обод  намоем. Чунки вазифа ва қарзи мо шаҳрвандони ин сарзамин аст. Мутаассифона имрӯзҳо  ба мушоҳида мерасад, ки баъзе волидайн намегузоранд, фарзандон хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намоянд.

Ҳеҷ фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон, ҳуқуқи саркашӣ аз хизматро надоранд. Имрӯзҳо, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ шудааст. Бисёре аз ҷавонони мо хушбахтона ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафтанро мекунанд.

Вале боз ҳодисаҳои аз хизмат худро каноре гирифтани ҷавонон ба мушоҳида мерасад. Онҳо дар хонаи хешу табор паноҳ меҷӯянд ва ё баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд. Ҳатто волидайн намегузоранд, ки фарзандон ба пуррагӣ мактаби миёнаро хатм намоянд. Аз куҷо баъд фарзанд, соҳиби илму дониши кофӣ шуда, Ватанро ободу ҳифз мекунад. Ҳол он ки дар дили фарзандон ҷой кардани меҳри Ватан, сараввал вазифаи падару модар мебошад.

Падару модарон  бо чунин амалашон, ки фарзандонашонро намегузоранд хизмати модар ватанро адо намоянд, хато мекунанд. Волидайн барои адои хизмати фарзандон бояд зид набошанд. Имрӯзҳо ҷавонони зиёде ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат, яъне қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо меоранд. Шароит дар қисмҳои ҳарбии кишварамон хуб аст ва ягон мушкилие нест. Ҷавонони мо, албатта. хизмати ҳарбӣ қарзии худро ба Ватану модар иҷро менамоянд.

Ҳар як ҷавоне, ки дар сарзамини биҳиштосо Тоҷикистон зиндагӣ дорад, ҳатман хизмати модар – Ватанро ба сари баланд адо намояд.

Чунки хизмат ба Ватан, ҷавононро соҳиби касбу кор намуда, ҷаҳонбиниашонро боз ҳам васеъ мегардонад. Намегузорад, ки ба ягон корҳои бад даст зананд. Аз хизмати аскарӣ марди комил шуда, ба хона бармегарданд. Ба қадри зиндагӣ расида, калонсолонро эҳтиром мекунанд. Ҳама ба ин гуна ҷавонмардон аҳсан мегӯянд.

Пас, биёед, ҷавонони иззатманд, хизмати модар – Ватанро адо намоед. Чунки ба ғайр аз шумо-фарзандони бонангу номуси Ватан ҳеҷ фарде марзу буми Тоҷикистони азизро ҳимоя нахоҳад кард.

 

Сафаргул Раҳимова,

мушовири шуъбаи маориф

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top