Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОНРО БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дар марҳилае қарор доранд, ки  равандҳои ҷаҳонишавии давлатҳои мутараққӣ бо маром идома дошта, ин раванд дар ҳаракат ва хусусиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ баръало эҳсос гардида истодааст.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва экологӣ дар шароити ноустувор қарор дорад.

Дар баробари дигар давлату кишварҳои тараққикарда хатари терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, буҳронҳои  пайвастаи  сиёсию иқтисодӣ, зиддиятҳои мазҳабию динӣ, Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро водор месозад, ки дар роҳи пешгирии оқибатҳои хатарнок ва фалокатбори он чораҳои  зарурӣ андешем.

Ҳодисаҳое, ки тайи солҳои охир дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, Ироқ, Сурия, Либия, ки асосан кишварҳои мусулмоннишин ба ҳисоб мераванд, зери таъсири зиддиятҳо ва дасисаҳои манфиатдорони берунӣ ва дохилӣ қарор гирифта, минтақаҳои даргир ба шумор рафта истодаанд. 

Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии зери таъсири хоҷаҳои беруна қарор гирифтани кишварҳои мусулмоннишин  ин аз худ намудани бойигариҳои табиии ин давлатҳо, аз қабили нефту газ  мебошад.

Барои расидан ба ин мақсадҳои нопоки худ  давлатҳои  абарқудрат  кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ин кишварҳо ҷангу ҷидол ва дасисаҳои ғаразноки худро роҳандозӣ намуда, соҳиби бойигарӣ ва захираҳои энергетикӣ  гардида,  ҳамзамон бо ин роҳ  кишварҳоро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.

Тибқи маълумот ва хулосаҳо маълум мегардад, ки сабаби бозичаи дасти дасисабозон ва хоҷаҳои беруна гардидани мардуми ин кишварҳои даргир, инчунин ба амал омадани падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, террористию экстремистӣ дар ин кишварҳо аз надоштани дониши кофии диниву дунявӣ, набудани ваҳдати миллӣ ба миён меояд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз ҷанги шаҳрвандӣ, қабилавӣ ва мазҳабӣ дар ин кишварҳо ба тозагӣ аланга дорад.

Дигар омили асосии зиёд гардидани теъдоди  пайравони ташкилоти динӣ-экстремистӣ, ки сабаби аслии шомил гардидан ба ташкилоти террористӣ мебошад, мавҷуд набудан ва ё мақсаднок фаъолият надоштани дастгоҳҳои идеологӣ, дониши пасти сиёсӣ ва ҳуввияти ғайримиллӣ доштани пешвоёни динӣ мебошад.

Аз тақлид ва бегонапарастӣ, аз ҷаҳолат ва фарҳангу маданияти костаи сиёсӣ истифода намуда, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷараёнҳои хусусияти ифротгароидошта идеологияи ғаразноку манфиатбор ва амалҳои ғайришаръии худро дар замири мардум талқин намуда, мардумро фирефтаи  худ месозанд.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12 майи соли 2018 аз фаъолияти таҳрибкорона, хиёнат ба давлату миллат ва ҷинояти сангини роҳбарон ва аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ изҳори нигаронӣ карданд. Сарвари давлат зимни суханронии худ бо такя ба далелҳо ва мисолҳои дақиқ ишора бар он доштанд, ки пайравони Ҳизби наҳзати ислом мазҳаби бегонаро қабул карда, дар хизмати доираҳои махсуси идеологии он қарор гирифтаанд.

Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзҳои аввали расидан ба ваҳдати миллӣ пайваста ба ормонҳои ватансозии Ҳукумати кишвар хиёнат намуда буд, вале кирдорҳои хиёнаткоронаи худро дар қолаби дину мазҳаб нисбат дода, аз хоҷагони хориҷии худ ҷиҳати шикасти эътиқоди миллат ва ғасби давлати дунявию демократии Тоҷикистон талош менамуд.

 

Ҳозирини гиромӣ

 

Бо ин мақсад дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2016, №257, оид ба  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қарори раиси ноҳияи Вахш аз 16 январи соли 2017, №27 ба имзо расида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 11 банд тасдиқ гардида, барои андешидани тадбирҳо ба ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ирсол карда шуд.

Бо дарки он масъулият, ки масъалаи мазкур дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, барои андешидани чораҳои таъхирнопазир дар ин хусус амрҳои раиси ноҳияи Вахш аз 16 январи соли 2017, №4 ва аз 20 апрели соли 2017, №18  дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои корӣ ба имзо расидааст.

Ҳамзамон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангиву сиёсии мардум, бахусус наврасону ҷавонон,  занону ҷавондухтарон, дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ҷараёнҳои динии ба мазҳаби  мо бегона тибқи амри баимзорасидаи раиси ноҳия аз 31.07 соли 2018, №37 дар ноҳия дар се марҳила мулоқоти раиси ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо ҷавонон, занон ва намояндагони ташкилотҳои динии ноҳия баргузор гардид.

Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳиявӣ ва собиқадорони меҳнату шахсони обрӯманди ноҳия таъсис дода шуда,  фаъолияти худро дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар хусуси пешгирӣ намудани ҷавонон аз алоқамандӣ ва ҳамроҳ шудан бо гурӯҳҳои иғвогару тафриқаандоз, террористиву экстремистӣ, дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо доир намуда истодаанд.

Дар ин замина ҳангоми баргузории вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ  ба суннатҳову арзишҳои фарҳанги миллии  ниёгонамон, пешгирӣ аз пайравии занон аз пӯшидани сару либоси  ба  миллати мо бегона  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Бо назардошти он, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор доранд ва тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишвар тавассути қонунҳои дар заминаи ин санади олии ҳуқуқӣ қабулшуда амалӣ мегарданд, дар рафти доир намудани вохӯриҳо ба мардум дар бобати риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи кишвар, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастуру тавсияҳои зарурӣ дода мешавад.

Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо дар асоси амрҳои зикршуда то ин муддат гурӯҳҳои корӣ беш аз 120 вохӯриро баргузор намуда, натиҷаи он тариқи сабти протоколӣ дар ҷузгирҳои корӣ нигоҳ дошта мешавад.

Раванди баргузории ҳамаи чорабиниҳои хусусияти маънавӣ ва маърифатидошта дар ноҳия аз тарафи шабакаҳои телевизони марказӣ ва вилоятӣ  сабт ва инъикос гардида, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои ноҳиявии «Вахш» ва «Нури маърифат» доир ба масъалаҳои мазкур мусоҳибаҳо рӯйи чоп оварда шуданд.

Дар натиҷаи корҳои ба анҷом расонидашуда дар соли 2018, аз 164 нафар шаҳрвандони ноҳия, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, 150 нафарашон ба ватан баргардонида шуда, аз инҳо 118 нафарашон то дастур 32 нафар баъд аз дастур 3 нафарашон дар мактабҳои олӣ таҳсил намуда истодаанд, 52 нафарашон ба кор таъмин карда шудаанд, 14 нафарашон муваққатан бекор, 78 нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, 3 нафар дар маҳбас ва нисбати 2 нафарашон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, мавриди кофтуков қарор доранд.  

Бояд қайд намуд, ки аз 12 нафари дар хориҷи кишвар қарордошта дар ҷамбасти соли 2018 ва 3 моҳи аввали соли 2019, дар натиҷаи корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо аҳлу оила ва хешовандони наздики онҳо боз 4 нафарашон ба ватан баргардонида шуда, 8 нафари дигар дар хориҷи кишвар қарор доранд, ки 2 нафари онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.  

Муҳимияти масъалаҳои мазкур ба инобат гирифта шуда, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон рӯзи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба масъулони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин баён намуданд, рӯзи 15 майи соли 2018 дар толори мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии васеи раиси ноҳия ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии  ноҳия, хусусан раисони маҳаллаҳои ҳудуди  шаҳраку деҳоти ноҳия, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта, занону ҷавонон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид, ки бо натиҷаи он тавассути супоришҳои протоколӣ ба иштирокдорони чорабинӣ барои вусъат бахшидани корҳои идеологӣ ба хотири ҳифз ва нигоҳдории арзишҳои суннатӣ ва фарҳангии миллатамон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, ки раванди иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Дар доираи баргузории суҳбату вохӯриҳо ба иштирокдорон таъкид  карда мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми шарифи худ таҳти сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили боэътимоди Конститутсия дар асоси принсипҳои ин санади олии ҳуқуқии кишвар дар бунёди ҷомеаи дар асл соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Бо дарки ин масъулияти баланд ба кулли иштирокдорони чорабиниҳо ва вохӯриҳо дастур дода мешавад, ки дар атрофи сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Роҳбари муаззами кишварамон  сарҷамъ ва муттаҳид гашта, баҳри риояи ҳатмии ҳамаи дастуру супоришҳои мақомтҳои болоии ҳокимияти давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар масъулияти баланди шаҳрвандиро ба ҷо биёранд.

 

Ф. ЗОҲИДЗОДА,

муовини раиси ноҳия

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top