Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҲАДАФИ МО:  БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ         

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Вахш фаъолияти худро дар се  моҳи соли 2019 тибқи  нақшаи  корӣ  ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид  ба  соҳаи  маориф,  баланд  бардоштани  сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ - техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як  қатор корҳоро ба  анҷом расонид.

Дар се моҳи соли 2019-ум   3 шӯрои шуъба бо баррасии 21  масъала гузаронида шуд, ки аз он 12 масъала ба вазъи таълиму тарбия, 10 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳо, нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия оид ба соҳаи маориф мебошанд ва нисбати иҷроиши онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ба шуъбаи маорифи ноҳия дар  ин давра 27 ҳуҷҷат ворид гардида, 19 ҳуҷҷат ба мақомотҳои болоӣ ва марбути соҳаи маориф содир карда шудааст. Ҳамзамон, муроҷиати хаттии 26 шаҳрванд мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Дар  ҳудуди ноҳия 64 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей амал мекунанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 43 ҳазору 50 нафар хонандагон, аз он ҷумла 20 ҳазору 519 нафар духтарон дар соли таҳсили 2018 - 2019 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили 2017 – 2018-ум  1476/934  нафар зиёд аст.

Соли таҳсили 2018-2019  шумораи умумии омӯзгорон 2 ҳазору 331 нафар, аз он ҷумла занон 1048 нафар фаъолият доранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 75/75 нафар зиёд мебошанд.

Дар се моҳи аввали соли 2019,  дар  арафаи ҷашни байналмиллаии Наврӯз  бошад,  дар  ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №21, (якошёна, иборат аз 10 синфхона ва ду утоқи корӣ барои 240  ҷойи нишаст дар як баст) сохта  ба  истифода  дода  шуд.

Мушкилоти дигаре, ки пешорӯйи  соҳаи маорифи ноҳия  меистад, дар се баст фаъолият намудани баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Инҳо муассисаҳои №47,80 мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки аз аввали соли таҳсили 2018-2019-ум то имрӯз муассисаҳои таълимии №11,13,48 ба таълими дубаста гузаронида шуданд.

Мусаллам аст, ки рушди сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо нигароникунанда боқӣ мемонад.

Яке аз роҳҳои муваффақ шудан ба таҳсилоти  самараовар ин таъсиси муассисаҳои замонавӣ ва типи нав мебошад. Солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин намуди муассисаҳо бештар зоҳир мегардад. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 1 муассисаи таълимии типи нав мавҷуд аст.  Он бо фарогирии 501/226  нафар хонанда дар 19 синф  аз  рӯйи равияи табиӣ-математикӣ фаъолият менамоянд.  Ба таълими  шогирдони ин муассиса 23  омӯзгор машғул мебошанд. Инчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳия ба муассисаи таълимӣ барои “хонандагони болаёқат” ба фаъолият оғоз намуд.

Бо мақсади амалӣ намудани фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми январи соли 2019, №544 “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2018-2019, аттестатсияи аз синф ба cинф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 02.03.2019, №50 ба тасвиб расонида шуд. Тибқи банди 12-и фармоиши мазкур директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷадвали аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ карда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрорӣ (тобистона)-ро дар моҳи август муайян намоянд. Мувофиқи натиҷаҳои санҷиши рафти аттестатсия маълум гардид, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Солҳои охир дар ноҳия рушди соҳаи тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар ҷамъбасти соли 2018 дар ҳудуди ноҳия 8 муассисаитаҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 721 нафар ва 30 адад Маркази инкишофи кӯдак иборат аз 34 гурӯҳ бо фарогирии 791 тарбиягиранда, ки дар маҷмӯъ фарогирии 1512 нафарро ташкил менамоянд, фаъолият доранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 27 нафар зиёд мебошанд.

Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия  ба  ҳолати  имрӯза  ба 8 адад, фарогирии кӯдакон ба 721 нафар расид. Дар маҷмӯъ фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ  ва марказҳои инкишофи кӯдак дар нохия як ҳазору 485 нафарро ташкил медиҳад.  

Теъдоди нақшаи дурнамои таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ   бояд тайи солҳои 2015 - 2017 дар ноҳия  6 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 3 адад таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ  таъсис дода мешуд. Вале тайи 4 соли амалисозии нақшаи мазкур дар ноҳия ягон муассисаи томактабӣ таъсис дода нашудааст.

Назорат ба вазъи муассисаҳои интернатӣ яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия мебошад. Айни ҳол дар сатҳи ноҳия 1муассисаи интернати фаъолият менамояд, ки мақоми маҳаллӣ мебошад.

Соли таҳсили ҷорӣ дар муассисаи интернатии ноҳия 229 нафар кӯдакон, ки аз онҳо 68 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ба таълим фаро гирифта шудаанд. Аз ҷиҳати иҷтимои бошад, 10 нафар кӯдакони ятим, 142 нафар кӯдакони бепадар ё бемодар, 57 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат, 20 нафар кӯдакони оилаҳои маъюб ташкил медиҳанд.

Хонандагони синфи 11- и ин муассиса 9/2 нафарро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки солҳои охир шароити зист ва таълиму тарбия дар муаассисаи интернатии ноҳия бо кумаку дастгирии сарпарастон хеле беҳтар шудааст.

Таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани донишу малакаи мактаббачагон, васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, бедор кардани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ, варзишӣ  мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия   31 маҳфил, 144 гурӯҳ бо фарогирии 1354  нафар  аъзо фаъолият доранд.

Айни ҳол, дар маҷмӯъ узви Созмони хонандагони ноҳия дар зинаи “Ахтарон” 17268 нафар, зинаи “Ворисони Сомониён” 17702 нафар ва зинаи “Сомониён” 4854 нафар,  ҳамагӣ 39824 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи нақша - чорабиниҳои Муасссисаи таҳсилоти иловагӣ давраи вилоятии мусобиқаи ҳарбии варзишии “Ватанпарвар” миёни хонандагони синфҳои 11 -и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят  гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқаи мазкур ноҳия сазовори чойи 1 - ум, дар озмунҳои рассомони ҷавон ва ихтироъкорони ҷавон дар сатҳи вилоят сазовори ҷойи аввал гардида бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Муассисаи таҳсилоти иловагии  ноҳия мустақилияти молиявӣ дошта, бо бинои алоҳида таъмин мебошад.  

Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба воситаи ҷалби мутахассисони ҷавон бартараф намудани норсоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бо мақсади пурра  таъмин намудани  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо омӯзгорони баландихтисос  ва эҳтиёҷманд ҳисоботи оморӣ аз ноҳия ҷамъбаст карда шуд. Тибқи он эҳтиёҷ ба омӯзгорони баландихтисос дар муассисаҳои таълимии ноҳия 73 нафарро ташкил медиҳад. Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони баландихтисос дар ҳамбастагӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ корҳо ҷараён доранд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз падидаҳое мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Имрӯзҳо бо фаъолияти пурсамар дар дарёфти истеъдодҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.

Дар се моҳи соли ҷорӣ  натиҷаи даври интихобии Олимпиадаи фаннии хонандагон ҷиҳати соҳиб шудан ба роҳхат ба даври ниҳоӣ гузаронида шуд. 198 нафар хонандагони болаёқат барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифта, дар маҷмӯъ 75 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки нисбати соли гузашта 3 нафар зиёд аст. Ба даври ниҳоии Олимпиадаи ба ҷумҳурӣ 4 нафар роҳхат гирифтанд, ки нисбати соли гузаштаи ҳамин давра 1нафар зиёд мебошад. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 8, 10, 17, 20, 24, 56 ва литсейи давлатии ноҳия  дар Олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ аз  фанни математика иштирок намуданд. Олимпиадаи фаннӣ аз забони англисӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуда, 6 нафар хонандагон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Озмуни “Гирандаи степендияи раиси вилояти Хатлон” байни мактаббачагони муаассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҷамъбаст гардид.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз бояд ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ин фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони Марказҳои дарёфт ва  рушди истеъдодҳо  ба ҳисоб меравад.  Имрӯз дар ноҳия Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият мекунад, ки бо мустақилияти молиявӣ таъмин мебошад, ки бо маводи методию таълимӣ, адабиёти бачагона, аёниятҳо, барномаҳо, ҳамзамон таҳия, нашр ва дастрас намудани дастурҳои методию илмӣ беҳтар дастрасӣ пайдо намоянд.

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар назди шуъбаи маорифи нохия  фаъолият намуда, дорои 11 адад компютер буда, ҳамаи онҳо дар шароити корӣ  қарор дошта, бо 3 воҳиди корӣ фаъолият дорад. Марказ бо воситаи модем ба шабакаи Интернет пайваст аст, дорои почтаи электронӣ мебошад. Дар Марказ курсҳои компютерии якмоҳа ва семоҳа аз фанни «Технологияи информатсионӣ»  дарс омӯзонида мешавад. Марказ бо мустақилияти молиявӣ таъмин мебошад

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, №643 «Дар  бораи  Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баҳри  баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз 26.12. 2017, №191 Маркази технологияи информатсионӣ  ва коммуникатсияи назди шуъба  бо фарогирии 322  нафар омӯзгорон  курсҳои якмоҳаи омӯзиши  истифодаи технологияи нави муосирро  аз рӯйи  Барномаи таълимии тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии  технологияи информатсионӣ роҳандозӣ намуд. 

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 оид ба “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” барои муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои муайян оғоз гардид.

Тибқи қарори мазкур дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар 5 соли оянда бояд 254 адад аз рӯйи шумораи хонандагонхаридорӣ карда шавад.

Бояд дар соли 2019 дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии нохия  32 компютер, 2 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Дар муассисаҳои таълимӣ 3 тахтаи электронӣ, 11 проектор мавҷуд мебошад. Шумораи муассисаи таълимие, ки ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд, 34 ададро ташкил медиҳанд (тариқи модем).

Дар соли таҳсили 2018 - 2019 дар ноҳия 64 муассисаи  таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 23 ҳазору 45 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба таълими фанни технологияи информатсионӣ фаро гирифта шудаанд. Ба шогирдон 82 нафар омӯзгорон аз фанни технологияи информатсионӣ дарс мегӯянд. Ба ҳолати 3 моҳи соли 2019-ум 8 омӯзгори фанни мазкур аз курсу семинарҳои такмили  ихтисос ва бозомӯзӣ  гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, дар се  моҳи соли 2019 муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии ноҳия  ба 1042 компютер,  168  принтер  таъмин  карда  шудаанд,  ки  101 % -и  иҷрои Барнома мебошад.

Ба ҳолати 31.03.2019 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди  шуъбаи маорифи ноҳия дар бинои шуъбаи маориф фаъолият дорад.

Шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамбастагӣ бо масъулини муассисаҳои таълимии ноҳия  ҳамкориро ба Маркази  миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб бо роҳ монда, бо роҳи фаҳмонидани моҳияти ин марказ аксари хатмкунандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.

Тибқи маълумотҳои омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳолати 01.04.2019-ум   1184 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ ва 48  нафар хатмкардагони солҳои пешин, ки дар маҷмӯъ 1232 нафарро ташкил медиҳанд, аз қайд  ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли 2018-2019 гузаштаанд (фоизи ноҳия 56% буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8% зиёд аст.).

Масъалаи  такмили  маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф яке аз масъалаҳое мебошанд, ки зери таваҷчуҳи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.   Яке аз масъалаҳои муҳим иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 28.07.2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии  рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» мебошад.

Тибқи тартиби гузариш аз такмили ихтисос, ки дар 3 сол як маротиба муқаррар шудааст, дар ҳамкориҳо шуъбаҳои маориф бо филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе нақшаи муштарак таҳия намуда, кормандони соҳаи омӯзгориро аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида истодаанд.

Дар се моҳи соли 2019 ба филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар 41 курс бо фарогирии 133 нафар шунаванда, 1 семинар бо теъдоди 93  нафар шунаванда ва дар шаҳри Душанбе 4 курс бо фарогирии 5 нафар шунаванда равон карда  шудааст. Бо дастгирии ташкилоти лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” бо фарогирии 80 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд. 

Шуъбаи  маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия  тибқи  протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2018, №1, ҷиҳати  иҷрои супоришҳои протоколии  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 21 январи соли 2016, №1 вобаста ба таъмини сару либоси мактабӣ ва ба роҳ мондани дӯхти он дар корхона ва коргоҳҳои истеҳсолию дӯзандагии ноҳия, вилояти Хатлон корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.11.2017, №06/1-1480  барои соли таҳсили 2019-2020 ба роҳ монда шуд.

Дар иртибот ба ин, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2019 бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ арҷ гузоштан ба суннату арзишҳои фарҳангию миллӣ ва ниёгон аз 20519 нафар хонандагон (духтарон)-и муассисаҳои таълимӣ  17400 нафар бо либоси миллии атласу чакан ва алоча аз хисоби падару модарон бо дӯхти хонагӣ  таъмин шуданд. Вобаста ба ин бо соҳибкори ватанӣ М.Ҳасидов Роҳбари ҶДММ “Ахтари Вахш” тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия шартномаи тарафайн баста, барои дӯхти 21525 адад либоси мактабӣ иҷрои корҳои дӯзандагӣ маблағҳоро пешпардохт намуда  истодаанд.

Дар се моҳи соли 2019 дар ноҳия  2 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи  ноболиғон  ба қайд  гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли  гузашта 2 ҳолат кам  мебошад.

Оид ба шавҳар додани ноболиғон дар соли 2019 ба қайд гирифта нашудааст.

Худкуши дар семоҳа 2 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №13, 56 ба қайд гирифта шудааст.

Мутобиқи моддаи 90 нисбати 23 нафар падару модарон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки мавриди баррасӣ дар суд қарор дорад.

Дар шуъбаи  маорифи ноҳия аз моҳи октябри соли 2015 инҷониб рӯзномаи таълимию маърифатӣ ва иттилоотии «Нури маърифат» амал мекунад.

Дар се  моҳи соли 2019 зиёда аз 58 маводи таълимию методӣ, илмӣ  ва иттилоотию маърифатӣ ба табъ расонидааст, ки бо пуррагӣ дастраси муштариён гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба омӯзиши математика, алгебра ва геометрия, маслиҳатҳои методӣ, оид ба омӯзиши забони модарӣ ва адабиёт, омӯзиши забони хориҷӣ,  масъалаҳои иҷтимоӣ  оид ба синфҳои ибтидоӣ, дар мавзӯи сиёсӣ, “Об - барои рушди устувор”, маводҳо дар бораи Паёми Президенти кишвар, маводи дар бораи Меҳргон, Сада ва Модар, ба мавзуъҳои терроризм ва экстремизм бахшида шудааст.

Дар се моҳи соли равон дар ҳамаи 64 муассисаи таълимӣ маҷлисҳои умумии падару модарон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ аз рӯйи реҷаи тасдиқгардида бо рӯзномаи:

-иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”;

- оид ба омодагӣ ба Маркази  миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- оид ба фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми январи соли 2019, №544 “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2018-2019, аттестатсияи аз синф ба cинф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  гузаронида шуданд.

Дар  муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия таҷлили “Рӯзи Артиши миллӣ”, ”Рӯзи модар”, “Наврӯз”-и байналмилалӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида шуда муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар чорабинии ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуданд.

Новобаста аз ҳамаи корҳои дар  ин самт  ба сомонрасонидашуда, ҳоло ҳам дар соҳаи маорифи ноҳия  мушкилоти ҳалталаб боқӣ мондааст, аз ҷумла:

1.Пурра фарогирии  кӯдакон ба зинаи таҳсилоти асосӣ;

2.Пурра амалӣ нашудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 майи соли 2014,  № 107 «Дар бораи нақшаи - чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020”

3.Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгорӣ

4.Назорати ҷиддӣ ба масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон

5.Назорати ҷиддӣ ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 2.08.2011, №762 «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия

6.Паст кардани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар муассисаҳои таълимии ноҳия

7.Баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ташкил намудани маҳфилҳои техникони наврас

8.Бештар ҷалб намудани устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар оид ба тарғиби интихоби дурусти касб дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ  оид ба раванди бақайдгирии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия.

9.Аз се баста  ба ду баста табдил додани муассисаҳои №47, 80-и

Шуъбаи  маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти ҷойдоштаро давра ба давра ҳал менамояд.

 

 

Шаҳноза Маҳмадсаидзода,

мудири шуъбаи маорифи

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Вахш             

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top