Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҷавонон  муҳофизони  боэътимоди   Ватананд

Шарт аз ин сухан инъикоси шароити хуби зиндагӣ, таълиму тарбия, муносибат бо аҳли ҷомеа, эҳтироми падару модар, хешовандон, варзиш,  ҳамчунин тарзи ҳаёти солим ва дигар рукнҳои   ҳаётро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки сипари боэътимоди Ватананд дар назар дорем.

Дар зарфи 27-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шароити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ  ба   маротиб афзуда, тамоми шароитҳои хуб барои  сарбозон дар нуқтаҳои хизмати ҳарбӣ муҳайё гардидааст.

Набояд фаромӯш кард, ки адои  хизмати  ҳарбӣ, адои мактаби мардонагӣ барои ҷавонон аст, барои  ҷавононе, ки  воқеъан   ватандӯсту  миллатдӯст ҳастанд.  Мо шоҳиди даҳҳо ва садҳо амалҳои мардонагию далерии ҷавонони шуҷову  зирак ва ватандӯст ҳастем, ки барои хизматҳои шоёнашон аз ҷониби роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ бо ифтихорномаю раҳматнома   ва  нишонаҳои сарисинагии ҳарбӣ  мукофотонида шудаанд. Ҷавонони имрӯза муҳофизони  ҳақиқӣ ва боэътимоди Ватани азизамон мебошанд. Мо бо ҷавонони далеру шуҷоъ ифтихор дорем.  Мефахрем, ки маҳз мардонагию ҳушёрии онҳост, ки имрӯз кишвари маҳбуби мо тинҷу ором аст, мардумаш таҳти роҳбарии   хирадмандонаи Пешвои  миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осудаҳолона баҳри ободию сарсабзии ин диёри ҳамешабаҳорамон кору фаъолият доранд.

Артиши   миллии Тоҷикистон имрӯз қувваи бузурги фидоиёни Ватанро ташкил менамояд, ки тавсифу таърифи он ифтихор ва сарбаландии мост. Ҳукумати мамлакатамон ҷиҳати хубтару беҳтар намудани шароити хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ тамоми  чораҳои лозимаро меандешад, то ҷавонони баору номуси мо дар адои хизмат ва муҳофизати марзу буми кишвари азизамон собитқадамона, ҳамчун муҳофизони ҳақиқии Ватан доимо тайёр бошанд.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top