Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ПАЙКИ САВОБ

Агар шоҳи ҷаҳонӣ, ё амирӣ,

Дабирӣ, ё вазирӣ, ё кабирӣ.

Ҷавонмарди асил бошӣ агар ту,

Ятим афтодаро кун дастгирӣ.

Ятим афтодагонро ёд кун дӯст,

Дили ранҷурашонро шод кун дӯст.

Ятимонро парастори бикун дӯст,

Сафою меҳру ғамхорӣ бикун дӯст.

Дари ҷаннат ба рӯят боз гардад,

Ба муҳтоҷон мададгори бикун, дӯст.

Ятим афтодагонро ёд кун дӯст,

Дили ранҷурашонро шод кун дӯст.

Бисозаш силаю дардаш даво кун,

Саховатмандӣ дар роҳи Худо кун.

Бишав марҳам ба қалби реш-решаш,

Барояш аз самими дил дуо кун.

Ятим афтодагонро ёд кун дӯст,

Дили ранҷурашонро шод кун дӯст.

Худо бар ҳар диле шафқат биёрад,

Саховат, нусрату раҳмат биёрад.

Бидеҳ бар бекасу бечорае нон,

Бародар, бар сарат давлат биборад.

Ятим афтодагонро ёд кун дӯст,

Дили ранҷурашонро шод кун дӯст.

Зи аҳволи ятимон бохабар бош,

Пайи хайру сахо шому саҳар бош.

Бихоҳӣ ризқи ту бошад фаровон,

Зи юмни раҳмати ҳақ бохабар бош.

Ятим афтодагонро ёд кун дӯст,

Дили ранҷурашонро шод кун дӯст.

А. Давлатзода.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top