Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

СУЛҲУ ВАҲДАТ АЗ БАРОЯМ ДАВЛАТ АСТ…

Сулҳу ваҳдат аз бароям давлат аст,

Сулҳи миллат аз бароям сарват аст.

Гашта хомӯш оташи ҷангу ҷидол,

Ҳар чи бигзашт аз сари мо қисмат аст.

Модарони тоҷик аз сулҳу ваҳдат, ободонию созандагӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан-Модарро шукрона мекунем. Ростӣ рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем. Чунки оилае набуд, ки аз ин даҳшати хонумонсӯз осеб надида бошад. Боре дар суҳбати модарони аламдида бошанд, бо сӯзу гудоз, дидаи пур аз ашк, қалби  сӯзон ҳарф мезананд…

Ҷавонони бе ному нишон  аз дунё рафтанд, фарзандонашон  то ҳол  падар меҷӯянд. Пироне,  ки   мадори  гурехтан надоштанд, аз дасти ҷавонмардони  гумроҳ дунёро  падруд гуфтанд, магар ин фаромуш шуданист?..

 

Ба ин афсонакишвар ҳар замон шукрона бояд кард,

Ба ин ободии  ҷаннатнишон шукрона бояд кард,

Куҷо, эй ҳамватан бошем, ба  вақти  субгоҳу шом,

Ба ободии мулки  тоҷикон шукрона бояд кард.

 

Пас, шукрона  аз он  бояд кард, ки  ба ин мулки  ҷангзадаи тоҷикон бори аввал дар таърихи  зиёда аз  панҷҳазорсолаи миллат Сарвари  азизи мо,  дар  суханрониҳои худ аз минбарҳои  баланд инчунин дар китобу  асарҳои худ таъкид намуданд, ки: «Тоҷикон дар қатори миллатҳои дигар тамаддунофару пешрафтаи дунё ҷойгиранду фарзандони хирадманди он ба оламиён ду маротиба тамаддун доданд».

Бахту саодат ба рӯйи тоҷикон хандид. Давлатҳои ҳамсоя аз тинҷию сулҳоварии тоҷик ҳасад бурда орзуи тинҷию амониро доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми зиёрати Хонаи Худо аз даргаҳи Яздони пок талаби тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, якдилию якдигарфаҳмиро талаб намуд. Ҳамаи некхоҳию ғамхориҳои беандоза нисбати миллати хеш буд.

Мо-модарон, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғулем, амалҳои ноҷавонмардона як гурӯҳҳи ифротиро, ки дар Варшава ба анҷом расониданд, маҳкум мекунем. Ҳаргиз чунин амали зишти онҳоро намебахшем. Чунки мо-тоҷикон аз як гиребон сар бароварда, нагузорем нокасе ба чашми бад ба сӯйи меҳанамон нигарад. Якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳамеша нигоҳ медорем. Хостори сулҳу ваҳдат ва якдилием. Бигзор дар диёри ғайр ҳамчун бекасу куй ва овораю саргардон бошад, нохалафе, ки дар хаққи халқи азияткашида чунин амали зиштро раво дидааст.

 

Сад айб ба ину они ман мондӣ ту,

Сад айб ба халқи хештан мондӣ ту.

Рафтӣ ба диёри ғайр, овора шудӣ,

Дар охири кор беватан мондӣ ту.

Барои Муҳиддин Кабирию ҳаммаслакон дар Ватан ҷой нест. Мо чашми дидан надорем, ки ин нохалафон ба ватан баргарданд. Ҳатто ёди ватан кардан барои онҳо ҳаром аст, ҳаром…

Модарони маорифпарвари ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top