Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Рӯзи мудофиаи гражданӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  граждании ноҳияи Вахш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№23, 1, 57, 3  «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» ба мақсади омӯзиши омодагии омӯзгорон, толибилмон ва кормандон ба ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёрии амалӣ   чорабинии  омӯзишӣ-амалӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Фариштамо Зоҳидзода, сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия Вахш Рустам Қарахонов, кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳо ҳузур доштанд.

-Одамият дар  ҳаёти  худ ба ҳолатҳои  ногувори табиат вомехӯрад. Ҳеҷ кас  гуфта наметавонад, ки ӯ  аз ҳолатҳои нохуши табиат бар  канор аст. Офатҳои табиӣ  ҳаёти  ҳазорон  нафарро аз байн бурда, хисороти зиёди иқтисодӣ ворид сохта дар муддати  кӯтоҳ тамоми он чизе,  ки дар тӯли солҳо, даҳсолаҳо ва ҳатто асрҳо бунёд шуданд, аз байн бурда метавонад.

Аз сабаби  синну соли хурд ва миёна, ки дар муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ, миёнаи  умумӣ  ва  умумии асосӣ   таҳсил менамоянд   аз ҳолатҳои фавқулода ва  мудофиаи  гражданӣ   огоҳӣ   надоранд, худ ва дигаронро  чӣ  тавр  аз ҳолатҳои ногувори табиат муҳофизат  карданро  хуб намедонанд,  гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба худмуҳофизакунӣ ва омӯзиши он ба аҳолӣ мувофиқи мақсад аст,- иброз дошт Ф. Зоҳидзода,  муовини раиси ноҳия зинми баромади хеш.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top