Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Насли наврас ба тарбия ниёз дорад

Д ар асоси нақшаи кории суҳбату вохӯриҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба Қонунҳои амалкунандани Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо кормандони Раёсати молияи ноҳия вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш С. Камолов ва роҳбари ТИ «Маърифатчиён»-и ҲХДТ ноҳияи Вахш  ва сардори Раёсати молия Қ. Файзализода иштирок доштанд ва дар назди аҳли нишаст суханронӣ намуданд.

- Бо мақсади пурзӯр намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамагон масъул бошем. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ тарбия намуда, дар раванди таълиму тарбияи онҳо чораҳои заруриро андешем.  Аз рафти сифати таълим ва донишандӯзӣ ва иштироки онҳо дар дарсҳо назорати қатъӣ барем. Зеро насли наврас ҳамеша ба тарбия ниёз дорад. Фарзанд агар аз ибтидо тарбияи дуруст гирад, одобу ахлоқи андӯхтааш то интиҳои роҳи зиндагӣ ӯро роҳнамоӣ мекунад. Тарбия он вақт комил мегардад, ки дар он оила, мактаб ва ҷомеа баробар саҳм дошта бошанд, - гуфт Қобилҷон Файзализода зимни вохӯрӣ бо кормандони Раёсати молия ноҳияи Вахш.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top