Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Машварати комиссияи Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар асоси нақшаи кории муштарак бо мақомотҳои дахлдор, Прократура, ШВКД, САҲШ, Бахшҳои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, тандурустӣ, маориф, ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, занон дар Ҷамоати Тоҷикобод вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Х. Бегова, мудири Бахши ҳуқуқи кӯдак, Г. Наимова, сармутахассиси кор бо занон ва оила, У. Сафаров, сармутахассиси Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Ф. Зоҳидзода, муовини раиси ноҳияи Вахш, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ», шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, сӯйи қасд ба ҷони худ, тарбияи ҳуқуқии фарзанд, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ  яке аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки аҳли нишаст мавриди баррасӣ қарор доданд. 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top