Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Саҳми  ҷавонон дар рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ

Мо дар марҳилае ҳаёт ба сар мебарем, ки ташаккул ва танзими афкори ҷомеа нақши калидӣ  дорад. Ҷавононро ба роҳи ватандӯстӣ ва худшиносӣ ҳидоят намудан вазифаи ҷомеа мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори  сулҳу  Ваҳдат  миллӣ-Пешвои  миллат, Ҷаноби  Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, ки ин иқдоми пешгирифтаи сарвари давлат ба ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Тайи солҳои охир қариб аксарияти ҳунарҳои  аҷдодии мо аз байн рафта буданд. Ҷавононро мо барои омӯхтани ҳунарҳои миллии тоҷикӣ бояд аз имрӯз омода  созем, зеро ояндаи Ватан дар дасти онҳо мебошад. Ин тасмими пешгирифтаи аҳли ҷомеа барои ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои косташудаи миллӣ ва муаррифии  мавзеъҳои сайёҳии кишвар хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Дар  яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудааст, ки «Ҳукумат ѓамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, кишварро  ободу  зебо  мегардонанд ва номи ватани  аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд, ҳамеша такя менамояд».

Барои  гузаронидани семинар-машваратҳо ва курсҳои касбомӯзӣ барои занону духтарони хонанишин дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо, деҳа ва ҷамоатҳо ташкил намуда, ҷавонони бешуѓлро дар ин самт  роҳнамоӣ намоем.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top