Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Исломро набояд сиёсӣ сохт

Имрӯзҳо дар атрофи масъалаи сиёсӣ сохтану насохтани ислом бисёр менависанд, баҳс меороянд. Бинобар ин ман низ хостам, дар атрофи ин масъала андешаҳои хешро ироа намоям.

Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) пеш аз фавташон гаштаю баргашта ба мусулмонон таъкид намуда буд, ки «Ман ба Шумоён ду чизро амонат месупорам: Қуръон ва суннатро. Баъдан, алҳамдулиллоҳ, мо - мардуми Тоҷикистон мусулмони ҳанафием. Баъзан гурӯҳҳое, ёфт мешаванд, ки ҷавононро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз роҳ мебароранд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил месозанд. Кулли мусулмонҳо дар назди Худованд рисолати баробар доранд. Аз ин нигоҳ эътиқод ба дин ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ эҳтиёҷманд нест. Ба таври дигар гӯем, дини ислом дини сиёсат нест, балки дини ислом ин маърифат, фарҳанг, ростию росткорӣ, инсондӯстӣ, иттиҳоду ваҳдат, дӯстию рафоқат ва покизагию иффат аст. Бинобар ин дар рӯзҳое, ки дар дунё мухолифатҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон маҳз бо «ташаббуси» ҳизбҳои исломӣ авҷ гирифтааст ва барои миллати мо низ рӯзҳои хеле тақдирсоз аст, зеро чанде пеш амали террорист дар ноҳияи Данғара аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ ба анҷом расонида, ки аҳли ҷамоатчигиро бетараф гузошта наметавонад.

Тавре ки шодравон Лоиқ гуфтааст:

Санге агар аз кӯҳ фитад, сад сангро беҷо кунад,

Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.

Бинобар ин хуб мешавад, ки ҷавонони гумроҳро аз ин варта раҳонид. Чунки дар ислом ҳама гуна қатлу хунрезии мардумро раво намедонад, аммо гурӯҳҳои тундгаро ба хотири ба сари қудрат омадан аз ҳеҷ гуна хунрезӣ парҳез намекунанд. Мардум мақоли хубе доранд: «Харбуза аз харбуза ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд». Мо низ бояд аз ҳизббозиҳои Афғонистон панд бигирем. Охир, хориҷиён тавонистанд, ки дар Афғонистон ҳизбҳои сиёсии динӣ созанд ва ба мақсадҳои разилонаашон расанд. Имрӯз ин неруҳои хориҷӣ бо дасти душманони дохилӣ, ки чун море дар остини моанд, даст ба мағзшӯии ҷавонони мо задаанд. Албатта занҷир аз ҷойи сусташ меканад. Онҳо мафкураи ҷавононеро заҳролуд месозанд, ки маърифати заъифи исломӣ доранд.

Бинобар ин имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамагон дар атрофи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кунунии Тоҷикистон муттаҳид шуда, шукри тинҷию оромии мулкро кунем, барои пешрафту шукуфоии ин сарзамин ва мардуми бошарафи он қувваю заковатамонро сарф намоем. Ҷавононро дар руҳияи ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, зеро паёмбари ислом (с) фармудааст: «Ҳубб-ул-ватани мин ал-имонӣ» (дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист). Гӯё аллома Иқболи Лоҳурӣ ба мо-мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуданро тақозо намудааст:

Ҳалқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил,

Оташе дар сина дорам аз ниёгони шумо.

Дар Қуръони азимушшаън дар ояти 103, сураи «Оли Имрон» низ ҳамин нуқтаҳо таъкид ёфтааст: «Ва ҳамагон даст ба ресмони Худо занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо ба Шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед».

Бешак, тавре ки дар аввал таъкид намудем, он неъмати Худовандӣ барои мо сулҳу оромиш ва он эҳсони яздонӣ дар фазои Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки киштии моро аз тӯфони балохез раҳонида, «оташро дар найистон хомӯш кард››. Бинобар ин мо-рӯҳониён низ дуогӯи ӯем ва ҷавононро таъкид менамоям, ки ба қадри ваҳдати миллӣ неъмати Худовандиест, ки онро Оллоҳтаъоло барои мо арзонӣ доштааст, бирасанд.  Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди ҷомеа баҳри таҳкими он талош варзида, дар интихоби мавқеи худ ба саҳв роҳ надиҳад.

Фатҳулло Пайков, имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи «Бибиойиша», деҳаи Истиқлол, Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top