Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ ШАРБАТУЛЛО АЗИЗУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ 73 -СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941- 1945

Муҳтарам иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо 73-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил менамоянд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ аз корнамоиҳои некӣ набарди бесобиқаи таърихӣ ёд мекунанд. Ин рӯзи Ғалабаи бузург дар китоби таърихи миллати мо саҳифаи намоёне ба шумор меравад, ки дар он корнамоиҳои ибратомӯзи падарону бобоён ва бародарони мо дар майдони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки мудҳиштарин ҷанг дар таърихи инсоният ба шумор меравад, бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Халқ шуҷоату қаҳрамонии онҳоеро, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ҷонбозиҳо карда, хоки поки диёри худро ҳифз ва ҳаёти осоиштаро таъмин намудаанд, фаромӯш намекунад. Дар масири таърихи башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати он бо гузашти айём боз ҳам бештар мегардад ва мо то чӣ андоза бузургу ояндасоз будани онро дарк менамоем. Иди Ғалаба бар фашизм, ки имрӯз дар байни мардуми сулҳпарвари мо ҷашн гирифта мешавад, аз ҳамин қабил санаҳои фаромӯшнопазир аст. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва тамоми мардуми шарифи ноҳияро табрику таҳният гуфта, ба Шумо осмони софу беғубор, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро бароятон таманно менамоям. Матонату диловарӣ, мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доданд, сазовори таҳсин аст. Мо ифтихор аз он дорем, ки мардони баору номуси Ватани азизу биҳиштосои мо қатори дигар мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паҳлӯи ҳамдигар истода, сина сипар намуда, марзу буми ватанро мардонавор ҳимоя намуданд. Бо тақозои раванди таърих халқи тоҷик низ имтиҳону озмоишҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронд, ки баъди гузашти солҳо миқёс, арзиш ва шаҳомати корнамоиҳои беназири иштирокчиёни он дар қалбу хотири ҳар фарди солиму ватандӯст равшантар мегардад. Аксаран рӯзи Ғалабаро ҳамчун як пораи воқеии сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърих ва як намунаи бемисоли корномаи худ дар арсаи мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта арзёбӣ мекунанд. Дар воқеъ санаи 9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихии бисёр кишварҳои олам аст. То имрӯз аз он рӯзҳои сахту мудҳиш 73-сол сипарӣ мегардад. Доғе, ки ин ҷанги хонумонсӯз дар қалби модарони олам, аз ҷумла модари тоҷик гузоштааст ҳаргиз аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми мо бо юғу сипор, белу каланд меҳнати сангину душвор намуда, дар баробари мушкилиҳои зиёди ҷойдошта тавонистанд ҳам фронт ва ҳам ақибгоҳро бо маводи озуқа таъмин намоянд. Баъди ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари дигар иштирокчиёни ин ҷанг ҷавонмардони ноҳияи Вахш низ ба Ватан, ба маҳалли зисти худ баргашта, баҳри ободу зебо намудани диёри хеш пайваста хизмати саодатмандона намуда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия хизмати софдилона намуданд, ки мутаассифона имрӯз бисёри онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Ин шуҷоату фидокории Шумо азизони дил барои мо насли имрӯзаву ояндаи миллати тоҷик дарси ибрат мебошад. Дар ин лаҳзаи фараҳбахш бо эҳтироми рӯҳи поки 627 нафар мардоне, ки дар солҳои 1941-1945 барои ҳимояи Ватан Модар аз ноҳияи мо ба майдони набард рафта, дар хоки Руссия, Украина, Белорусия, ҷумҳуриҳои назди Балтика, Полша, Югославия, Чехия, Славакия, Германия, Австрия ва дигар кишварҳо ҷангида 188 нафари он дар муҳорибаҳо ҷон нисор намудаанд, сари таъзим фуруд оварда, баҳрашон дуои хайр менамоем. Аз ин шумора то ин давра 6 нафари он дар қайди ҳаёт буда, 3 нафар шахсони дигар, ки дар ақибгоҳ кору хизмат кардаанд, зиндагӣ мекунанд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки бо арҷгузорию эҳтироми баланд ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ёд намуда, аз далерию матонат ва музаффариятҳои онҳо сухан мегӯянд. Бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Сардори давлатамон чандин сол аст, ки меҳтарони ҷангу ақибгоҳ аз тамоми имтиёзҳои маъмурию маишӣ бархурдор ҳастанд, дар рӯзҳои иду тантанаҳо низ кӯмакрасонӣ ба онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Таъкид карданиям, ки даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин фидоиёну диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷонфидоиҳои онҳо дар майдонҳои корзору меҳнат барои насли ҷавони имрӯзаи миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ ва ахлоқӣ буда, баҳри тарбияи насли худогоҳу ободкор дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат хоҳад кард. Ба маврид аст дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ташаббуси навбатии наҷибонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд, ёдовар шавем. Маҳз насли наврасу ҷавони кишвар ҳамчун нерӯи бузургу тавоно ва ояндасоз бо дарки баланди ватандорию ватандустӣ дар рушду нумӯъ ва раванди бунёдкорию созандагии ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки насли имрӯза аз таърихи гузаштагони худ дарси ибрат омӯхта баҳри ободии ин диёри биҳиштосоямон камари ҳиммат мебанданд. Дар ин марҳилаи ватансозӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки насиби миллати тоҷик ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон гардидааст лозим аст, ки мо барои рушду пешрафт ва фардои дурахшони ватан дар талош бошем, то беҳтарин зиндагӣ насибамон бошад ва барои Шумо пайваста кӯмаку дастгириҳоро пайгир бошем. Иҷозат диҳед Шумо пирони барнодил, собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ифтихори 73-солагии Иди Ғалабаи бузурги инсоният бар фашизм ва дар симои Шумо тамоми халқи баору номуси ноҳияро бо ин иди пуршараф табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо ҳозирини азизу муътабар саломатӣ, бахту саодат ва осудагии рӯзгорро таманно дорам. Бигузор дар айёме, ки Шумо давраи пирӣ меронед, фарзандонатон ҳамеша дӯстдор ва дастгиру мададгоратон бошанд. Рӯзи ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top