ПУШАЙМОНИ НАДОРАД ОҚИБАТ СУД….

Панҷшанбе, 26/05/2022-13:33
Мо ба воситаи филми «Шикасти фитна» тавонистем, ки чеҳраи аслии фурухташудагон ва асолатпешаҳои наҳзатиро бинем ва боиси таассуф аст, ки пас аз овардани далелу фактҳо, шоҳидҳои намоёни ин хоинони миллат гуноҳи худро эътироф намекунанд.
Дар ҳақиқат ҷои нанг аст, ки баъзе нафарони бадахшонӣ барои пулу мол шуда фирефтаи ин иблисон гардиданд ва мардуми худро ба чангу куштор тела доданд. Фиребхурдагони наҳзатӣ зери роҳбарии М.Кабирӣ тавонистанд ба монанди худ ҷинояткорони Бадахшонро пайдо кунанд ва ба ивази пешниҳоди маблағ онҳоро барои ҳамкорӣ ташвиқу тарғиб намоянд.
Филми “Шикасти фитна” исбот намуд, ки ҳодисаҳои хунини тайи солҳои охир дар Бадахшонро душманони миллатамон, оромиву осудагии ватанамон дар хориҷи кишвар роҳандозӣ кардаанд. Наҳзатиҳои фурухташуда нақшаи бетартибиҳо ва кушторҳоро дар давлатҳои хориҷа кашида, баҳри амалӣ кардани амалҳои ваҳшии худ М.Мамадбоқиров, Х.Холбашев, У.Мамадшоева ва дигар нафарони ҷинояткорро истифода кардааст.
Боиси хиҷолат аст, ки аз дохили мардуми сарбаланди Бадахшон чунин нафарони бенангу ор баромада, ҳамватани худро ба таври дурӯғ ба тарафи худ ҷалб карда, дар ҳамоишу гирдиҳамоиҳо муқобили давлату миллат равон кардаанд. Дар ҳодисаҳои нанговар ҷони ҷавонони бадахшонӣ қурбон гардид, вале миҷаи ҳеҷ кадоме аз наҳзатиҳои ҷангандоз хам нахӯрд. Баръакс онҳо ба ивази ташкили ин бетартибиҳо дар Бадахшон аз хоҷагони худ миллионҳо доллар ба даст оварда, тиҷорат ва кайфу сафои худро дар давлатҳои хориҷа идома дода истодаанд.
Ҳеҷ як ҷинояткор гуноҳи худро ба гардан намегирад. Наҳзатиҳои асолатбохта низ аз ҳамин усул истифода бурда истодаанд, гуё онњо коре накардаанд худашонро бо нашри мақолаҳои дуруғин мисли барф сафед карда истодаанду амалиётҳои ифротии худро идома дода истодаанд. Ин беватанони шайтонсифатон, дар ягон ҳолат ҷинояти нангини худро қабул нахоҳанд кард, чун онҳо аз имону виҷдону инсоф комилан дур мондаанд. Агар ин хоинон аз имону виҷдон ва инсоф бохабар мебуданд,чунин амалҳои нангиро содир намекарданд.
Ҳалимаи ҚОБИЛ-сокини н.Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *