Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ҲАМА МАСЪУЛЕМ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2-юми августи соли 2011 таҳти №762 ба тасвиб расид.

Қонуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани тарбии фарзандон ва инчунин дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллиро дар бар мегирад.

Дар қонуни мазкур омаддаст, ки падару модар вазифадоранд, барои фарзандон шароити мусоидро фароҳам созанд. Ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳанд, то фарзандон аз ҷиҳати моддию маънавӣ танқисӣ накашанд.

Дар дини Ислом  низ таълиму тарбия,  нафақаи фарзанд волидайн қарздоранд. Чуноне, ки дар яке аз ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки: Ҳар яке аз шумо ба манзалати чӯпонед, дар раъяти худ рӯзи қиёмат аз ҳар яке аз шумо савол карда мешавад.

Падару модар мисли боғбонест, ки боғи худро тарбият ва нигоҳубин кунад. Ҳар мавҷудот мевае дорад, меваи инсон фарзанд аст. Мо агар чи тавре тарбият намоем, ҳамон тавр дарахти мо мева медиҳад.

Ва дар ҷойи дигар ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯяд: Аз азоби Худо битарсед, дар байни хонаводаат адолатро риоя кун.

Ахлоқи неки фарзанд ва саводноки он вобаста ба падару модар аст. Бояд ҳар яки мо дар таълиму тарбияи фарзанд масъул бошем. Муносибати хуб эҳтироми падару модар, калонсолон, омӯзгорон ва ҳурмати ҳамдигарро донистанро омӯзонем. Мо-аҳли ҷамоатчигӣ бояд ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро дар қалбашон парварем.  

Имрӯз мо дар марҳалаи бархӯрди тамаддунҳо қарор дорем ва месазад, ки ҷавонон даст ба дасти ҳам дода, ватанро обод созем, ки дар зиндагӣ нақши бориз доранд ва давомдиҳандаи аҷдодони моянд. Бояд ҷавононро тарбият диҳем, то ҳимоятгари марзу буми кишвар бошанд.

Чуноне, ки Саъдии бузург мефармояд:

Ҳар ки надонад сипоси неъмати имрӯз,

Ҳайф хӯрад бар насиби раҳмати фардо.

Ё Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:

Чунон зиндагӣ кун дар ҷаҳон,

Ки мурда бошӣ нагӯянд, ки мурд.

Расули Акрам фармудааст, ки: Беҳтарин мероси падару модар тарбияи неки фарзанд аст. Фарзанди ту бар ту ҳақ дорад, ҳамонон азоби сахту сангин аст.

Фарзанди худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳҳои шумо омурзида шавад.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки нисбати фарзандони хеш ғамхору меҳрубон бошем, зеро онҳо дар дасти мо амонати Худованданд.

Кардам аз ақл суоле, ки бигӯ имон чист?

Ақл бар гӯши дилам гуфт, ки имон адаб аст.

 

                                                              Шамси Табрезӣ

Раҷабалӣ Фаттоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеаи

Ҷамоати деҳоти «Машъал»-и

Ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top