Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Аз солҳои истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон чандон солҳои зиёде нагузаштааст, вале миллати тоҷик дар ин давраи кутоҳи таърихӣ фоҷиаҳои гуногунеро аз саргузаронидааст, ки идеологҳои онро хориҷиён, аниқтараш душманони ислом ташкил медоданд.

Бо вуҷуди ин ҳама сарсониҳо миллати тоҷик, ки аз азал соҳибтамаддун буд, зиракии сиёсиро аз даст надода, кушиданд, ки зери парчами сулҳу дустӣ ба ҳамомада, Ватан ва миллатро аз вартаи ҳалокат бароранд.

Ва ҳамин тавр ҳам шуд, ки натиҷаи ба ҳамоии миллати тоҷик аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маншаъ гирифт.

Мардуми бо фарҳанги тоҷик аз он рӯзи воқеъан таърихӣ зери роҳбарии Пешвои бузургаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳҷӯёнаро пеш гирифтанд то ба Ваҳдати комил расиданд.

Вале нангиновараш ин буд, ки фирефтагони хориҷиёне, ки оташи ҷанги бародариро дар Тоҷикистон афрӯхта буданд баъди ин ҳама муттаҳидиҳо, созандагиҳо, бунёдкориҳо ва пешравиҳое, ки кунун мо шоҳиди он ҳастем боз ибрат нагирифта, аз паи вайронкориҳо, ҷангандозиҳо шуда, ҷавонони зиёдеро, ки офати ҷангҳои дар пеш гузаштаро намедонанд, аз пушти худ бурданд.

Имрӯз кор ба ҷое расидааст, ки ифротиёни вайронкор дар хориҷ аз кишвар дар паи мубориза бар зидди ҳукумати қонунии Тоҷикистон роҳи муборизаи иттилоотиро пеш гирифта, давлат ва миллати худро дар доираи давлатҳои Аврупо сиёҳ менамоянд.

Ба ҳамаи ин ҳолатҳо нигоҳ накарда, боз Ҳукумати Тоҷикистон онҳоеро, ки дар паи ин амалҳои нангин фирефташуда Ватанро тарк гуфта буданд ҳукми озодӣ бахшид.

Аз ин имкониятҳои додаи давлат ва ҳукумати кишвар нафарони зиёди фирефташуда пушаймонгашта ба монанди Аёмиддин Сатторов, Шарофиддин Гадоев ва дигарон ба Ватан ба назди ёру бародар падару модар баргашта омаданд. Ва мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки чунин нафарон аз кардаҳои худ пушаймон гардида, аз ҷавонон даъват ба миён меоранд, ки шукри Истиқлолу Ваҳдат намуда, даст ба хиёнати Ватан ва миллат назананд то мавриди тамасхури миллатҳои дигар қарор нагиранд.

БОЗГАШТ БА ВАТАН  ХУШБАХТИСТ

Тӯли чанд сол аст ,ки мо шоҳиди вайронкориҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар будаем. Ва ҳамаи он амалҳои ҷинояткоронаи фирефташудагони  ин вабои асрро тариқи оинаи нилгун мебинем ва дар аксарияти воситаҳои ахбори омма дар бораи онҳо мутолиа мекунем. Ва аз аҳволи фирориёни ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда дар хориҷ аз Ватан огоҳем. То онҷо ,ки имрӯз миллати тоҷик зери Парчами сулҳу дустӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватан хушбахтона ҳаёт ба сар мебаранд. Боз ҳастанд нафароне, ки онро нодида гирифта, фирефтаи ким кадом душмани миллат шуда, барои ба даст овардани маблағи воқеъан ифлос Ватан ва Модари худро мефурӯшанд. Ҳол он, ки миллати тоҷик барои расидан ба сулҳу оромии Ватан ҷон бохта буд.

Насиҳатҳои ҳамешагии ҳамватанон тариқи воситаҳои ахбори омма ба дили нафароне чун Аёмиддин Сатторов, Шарофиддин Гадоев ва дигарон асар гузошта, тарки гурӯҳҳои ифротӣ намуда, ба Ватан бозгаштанд. Ин амалу ҳаракатҳои онҳо боиси ибрати дигарон буда хулоса баровардан мумкин аст, ки душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

 

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

(МирзоТурсунзода)

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top