Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ДАРАХТШИНОНИ АМАЛИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Дар ноҳияи Вахш хониши сиёси  оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамзамон ҷиҳати дар амал  татбик  намудани  сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон сӯҳбату  вохӯриҳои судманд доир гардид.

Яке аз чунин мулоқотҳо дар Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳия баргузор шуд, ки дар вохӯрии имрӯза Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов иштирок дошт ва суханрони намуда, аз ҷумла қайд кард, ки: -Яке аз омилҳое, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Моро зарур аст, ки ба саҳми аҳолии деҳот ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корӣ маслиҳатҳои муфид расонем.

Инчунин тибқи нақшаи  созандагиву ободонӣ бахшида ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтумон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, иқдомҳои кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ вусъат гирифта, аҳли ҷамоатчигӣ бо як рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дарахтҳои ороишиву сояафкан шинонида, тасмим гирифтаанд, ки барои сарсабзу хуррам нигаҳ доштани дарахтон саҳми босазои хешро гузоранд.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top