Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

МАНЗАЛАТИ ХУДСӮЗӢ ВА ХУДКУШӢ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

Амалҳои номақбул, макрӯҳ ва ҳаром маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар мусулмонон лозим аст, ки аз онҳо иштиноб намуда, худотарсиро пешаи худ қарор диҳад.

Солҳои охир дар ҷомеа ҳодисаҳои номатлубе ба назар мерасад, ки касро ба андеша водор месозад. Бештар ба мушоҳида мерасад, ки аксарияти ҷавонзанону ҷавондухтар ё ҷавонон аз бетаҷрибагӣ даст ба худкушию худсӯзӣ мезананд. Дар ҳаёт сабуриро пешаи худ намесозанд. Ин амале, ки онҳо ба анҷом мерасонанд, нишонаи сустиродагиашон мебошад. Даст задан ба худкушӣ дар дини мубини ислом ҳам ҳаром асту ҳам гуноҳ. Ҳар гуноҳе, ки дар мавриди қатл расидани дигарон сабабгор мешаванд вуҷуд дорад. Ба худкушӣ низ бевосита ва бавосита дахл дорад.

Зеро худкушӣ ва худсӯзӣ ба кадом сабабе рух надода бошад, пешгири кардани он ҳукми илоҳӣ ҳисобида мешавад. Қасд намудан ба ҷони хеш, яъне аз байн бурдани нафс ба ҳисоб меравад, ки Худовнд онро ба амонат гузоштааст. Ҳеҷ касс ҳақ надорад, натанҳо хиёнат кардан, балки бетаваҷҷӯхи нисбати амонати Яздони пок иҷозат дода намешад.

Худованд дар ояти 29-и сураи «Нисо» мефармояд: Вало тақтулуанфусакум иналлоҳа кона бикун раҳмо.

Яъне, ки хештанро накушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст.

Ҳамчунин дар ин маврид ҳадисҳои зиёде низ ҳаст, ки: Ҳар касе бо корд худкушӣ мекунад, рӯзи қиёмат бо ҳамон корд ба оташи ҷаҳаннам партофта мешавад.

Ҳар касе, ки қасдан худро аз кӯҳ партофта худкушӣ кунад, дар оташи дӯзах абадӣ мемонад.

Ҳар касе, ки бо оташ худро ба қатл мерасонад ва дар оташи дӯзах абадӣ месӯзад.

Ҳар касе, к ибо истеъмоли заҳр худкушӣ куна два ҳамон заҳр дар даст дар ҷаҳаннам абадӣ мемонад.

Ҳар касе ба роҳӣ бӯгӣ кардан ё ба дор кашидан худкушӣ мекунад, бо ҳамон роҳ дар оташи дӯзах месӯзад.

Аз гуфтаҳои болоба хулосае омадан мумкин аст, ки хушкушӣ ё худсӯзӣ амалест нобахшиданӣ ба нази Худованд. Дар дини мубини ислом ин амал ҳаром шуморида шудааст.

Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки ҳеч касс барои худ маргро орзу накунад. Агар накукор бошад, пас накуиашро зиёд гардонад ва агар бадкор бошад пас дар Худованд аз амалҳои бадӣ хеш тавба намояд.

Ривояти Бухорӣ

Худованди Карим моро аз корҳои нописанд ба монани худкушию худсӯзӣ манъ ва паноҳ дорад. Барои расидан ба қуллаҳои мурод расонад. Моро ба сӯйи ҳалол ва амалҳои нек ҳидоят созад.

Ҳар касс ба гуфтахои Худованд ва расулаш ҳазрати Муҳаммад (с) амал кунад муваффақ ва комёб мегардад. Ҳар кассе, ки аз он иҷтиноб ва сарпечӣ кунад аз раҳмати Худо маҳрум ва ноумед мешавад.

 

Аслиддин Раҷабов,

имомхатиби масҷиди ҷомеаи

ба номи «Шайх Раҳматулло»-и

Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top