Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҳанӯзам наҳзатиҳо доранд ав-ав

Наҳзатиёни беномусу ватанфурӯш баъди фош шудани рӯи аслии онҳо низ кӯшиши боз ноором намудани Ватани маҳбубамонро доранд. Ба ин мақсади нопоки худ асло нахоҳанд расид. Ин паёмро ҳамаи мо шаҳрвандони Тоҷикистон ба кулли наҳзатиён ва хоҷагони хориҷии онҳо расониданием.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳила ба барҳила рушд ёфта, сол ба сол вазъи некуаҳволии мардум хубтар гардид. Ҳар як соли сипаришуда соли пешравӣ, соли бурдбориҳо ва соли комёбиҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ гардида истодааст, махсусан соли 2018.
Чунин пешравии кишвари маҳбубамонро хоинони давлату миллат напазируфта тавассути сомонаҳои интернетӣ, васоити ахбори омма кӯшиши ноком нишон додани фаъолияти мақомоти олии давлатии кишварро мекунанд. Бардурӯғ будани ҳамаи маълумотҳои паҳннамудаи онҳоро кулли ҷомеаи Тоҷикистон хуб медонад ва лаънат мефиристад. Бо вуҷуди ин хоинон аз амалҳои нопоку ғаразноки худ даст намекашанд.

Роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ ва пайравони ӯ дасисаҳои навбатии худро нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол шарму ҳаё накарда давом дода истодаанд. Ҳол он ки мардуми шарифи тоҷик ин амалҳои разилонаи Кабирӣ ва пайравонашро қотеона маҳкум намудаанд.
Акнун фурсат фаро расид, парда аз симои воқеии онҳо бардошта шуд, мақсадҳои муғризона ва нопоки онҳо нисбат ба давлату миллат ба ҷаҳониён ошкор гардид. Хиёнаткору ватанфурӯш Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи давлату ҳукумат нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки он нооромие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, аз  дасти фарзандони нохалафе мисли ӯ ва ҳаммаслакони ӯ ба вуҷуд омада буд.

Танҳо мақсади ТЭТ ҲНИ  ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, рехтани хуни мусулмонон ва ба нестӣ бурда дину мазҳаб мебошад. Имрӯзҳо наҳзатиён арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабиро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмоннишин ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Роҳбати ТТЭ ҲНИ ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рӯ мехоҳанд бо туҳмату буҳтон иғвоангезии худро давом дода,  вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд.

Њамин тавр, хоинони миллати худ, барои ноором сохтани кишвари маҳбубамон, ба миён овардани низоъ дар байни ҷомеа ва паст намудани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ кӯшиш менамоянд. Лекин «хизмати хирсонаи онҳо» ба ҳисоб меравад.
Аз чеҳраи аслии наҳзатиён ва роҳбарияти он ҳамаи мо ва махсусан  ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ба рафтори ин хоинон дуруст баҳо диҳанду кишвари азизамонро аз амалҳои нопок ва ғаразноки ТЭТ ҲНИ эмин нигоҳ доранд.


Баҳодур Саломов

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top