Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ЧАНДЧЕҲРАГӢ Ё САҲНАСОЗИҲОИ РАҲБАРИ ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТ

Яке пулу мол, яке давлату савлат, яке ҳунару истеъдод ва яке шару шур ва оҳу ноларо ва бо он ҳама ҷаҳонро пур аз шеван мекунад. Ё ба тарзи дигар зиндагӣ саҳнаест, ки ҳар нафар дар он муддате нақшеро амалӣ месозад. Вобаста аз ин ки ин нақш чи арзише дар арзишшиносӣ ё чӣ ҷойгоҳе дар дидгоҳҳои мардумӣ касб мекунад, он нафар, ки ин нақшро офаридааст, маҳбубиятеро дар дили ҳамзамонони худ ба вуҷуд меоварад. Дар ин росто онҳое, ки офаринандаанд ва соҳибистеъдоданду рисолати фардӣ, инсонӣ ва миллӣ доранд нақши хешро ба тарзи табиӣ анҷом медиҳанд. Зеро ҳадафи онҳо дар маҷмӯъ бароварда кардани ниёзҳои инсонӣ ва ё бо роҳи ақлу хираду истеъдод офаридан, бунёд кардан ва ё эҷод карданӣ амале ё офаридаест, ки тавонад мушкили башариро саҳлу сода гардонида, зиндагии инсониро аз ин ё он ҷиҳат таровату маънии тозае бахшад. Дар ин росто нафароне, ки дар тули таърихи башар садҳо кашфиётро анҷом дода, амалан дар сарнавишти тамадуни башар саҳми сазовор гирифтаанд метавон баршумурд. Ин нафарон будаанд, ки бо неруи андеша ва хираду эҷод садҳо ва ҳазорон кашфиётро ба миён оварда, зиндагонии инсониятро аз мароҳили таваҳҳуш ба мароҳили тамаддун овардаанд. Воқеан ин нафарон дар тамадуни башар сарнавиштсозанд ва воқеоти муҳими маънавии тамадуни инсон бо зиндагонӣ ва кору амали ҳамин гуна шахсиятҳо гиреҳ хӯрдааст. Ин гуна шахсиятҳо як ҳадаф доранд. Ҳадафашон анҷоми амале, ки барои инсоният дар маҷмуъ манфиатовар бошад. Бо ин роҳ рисолати хешро анҷом медиҳанд ва дар тамадуни инсонӣ худро ҷовидона месозанд.

Дар баробари ин зиндагонии башар пур аз нафаронест, ки нақш бозӣ мекунанд. Яъне табиатан чизе надоранд. На истеъдоди эҷодӣ, на кашфиёт, на хирду офаринандагӣ танҳо ба хотир расидан ба ҳадафҳои фардиву гуруҳӣ ва манофеъи гуруҳи хос аз хеш чеҳраномоӣ мекунанд. Нақши аслии онҳо маълум нест, чун аслан рисолат надоранд. Рисолати онҳоро касе маҷбуран ба ихтиёри онҳо гузоштааст. Саҳеҳтар онҳо аслан ихтиёр надоранд, чун на тасмим, на андеша ба хиради онҳо марбут нест. Касе ба хотири ҳадафе бо нақди чанд фулусе ба онҳо дастур медиҳад, ки чӣ бояд кунанд? Ва чӣ гуна бояд кунанд? Кадомин нақшро дар кадом маврид ва чӣ гуна анҷом диҳанд? Ин нафарон гоҳо чунон нақш бозӣ мекунанд, ки бинанда гумон мекунад, асланд. Ҳамин нақшҳои саробгунаи ин нафарон фардҳо, гуруҳҳо ва ҷомеаҳоро метавонад гумроҳ кунад. Чун ин нафарон ҳар рӯз нақши наве доранд. Сози оҳангашон дар ҳар вазъе иваз мешавад. Хисоли анкабутӣ доранд ва ҳар рӯз тор метананд. Торҳояшон аз дурӯғ, аз буҳтон ва аз туҳмату таҳқир иборат аст. Инҳо ҳамарӯза тор метананд, то зеҳнҳои соддаро ба худ тамоил диҳанд. Торҳои инҳо аз калимоте, ки дар забонашон гузоштаанд ва мисли тӯтӣ дарк намекунанд, ки маъно ва мантиқи аслии онҳо аз чӣ иборат аст, печ мехӯрад. Ин калимотро, ки аз арзишҳои тамаддуни инсонӣ ба сирқат гирифтаанд, ба хотири гумроҳ кардани мусоҳиби хеш истифода менамоянд. Гуманизм, одамгарӣ, адолат, ҳуқуқи башар, озодӣ ва амсоли он. Шунавандае, ки асли инҳоро намешиносад, гумон мекунад хеле нафарони забардастанд дар хираду инсонсолорӣ, аммо вақте ба таҳқиқ воқеияташонро дар меёбӣ, куллан бар хилофи он чизест, ки мегӯянд. Таърихи пушти сар кардаи зиндагониашон пур аз аъмолест, ки хилофи ҳама арзишҳо дар боло зикршудаанд. Шояд дар зиндагии воқеӣ сабабгори бадбахтии садҳо нафар шуда бошанд. Даҳҳо нафарро гумроҳ намуда, дар чорсӯи зиндагӣ парешону бесарнавишт карда бошанд. Иддае аз модаронро аз фарзандонашон ҷудо, занҳоро бешавҳар ва фарзандонро дар ғурбату дурӣ гирифтор намуда бошанд. Дар чунин ҳолат ҳам онҳо ҳеҷ гоҳ хешро муқассир намеҳисобанд. Формулаашон бисёр содда аст. Ҳамаро бар сарнавишт ҳавола мекунанд. Муқассир сарнавишт аст. Даъвошон ин хоҳад буд, ки сарнавиштро, ки мо нанавиштаем, он ки дар дасти Офаринанда аст. Аз ин роҳ боз аз об хушк мебароянд. Аҷаб хислат доранд ин нафарон, агар амали хубе дар ҷомеае анҷом ёфт, ҳарчанд сабабу натиҷаи худро дошта, ҳеч таъсире ин нафарон дар шаклгирии он надошта бошанд ҳам, вале кушиш ба харҷ медиҳанд, ки нишон диҳанд маҳз инҳо сабабгори чунин сурат гирифтани воқеиятанд, дар ин ҳол формулаи сарнавиштро канор мегузоранд.Дар ин ҳол ба гуфтаи мардумӣ “Дар оши тайёр худро бакавул мегиранд”. Чунин вонамуд месозанд, ки ҳамаи хубиҳо маҳз ба онҳо тааллуқият дорад ва бадиҳо бар дигарон. Гоҳо дар гӯишҳояшон чунон вонамуд месозанд, ки сутунҳои осмонанд ва ноҷии тамоми башариятанд. Масеҳеанд, ки гӯё барои наҷоти башар омада бошад ва адли илоҳиро дар замин ҷорӣ хоҳад кард... Яке аз чунин нафароне, ки ҳамин хислати анкабутиву популистиро пешаи асосии хеш қарор додааст, роҳбари фарории ташакулаи терористии наҳзат аст.

Новобаста аз он ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун муҷрӣ ва муҷрими асосии ҷанги мулкӣ дар Тоҷикистон буд, дар марҳилаи баъдӣ (расидан ба ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ) даъвиҳои дигар пеш овард ва хоҳони аз худ кардани ҳокимият ва муҳимтар аз ин, давлати миллӣ шуд. Сиёсатбозиҳо, лафзпардозиҳо, фазлфурӯшиҳоилидери нави наҳзатӣ дар маҷмӯъ, маънии вогузоштани қудрати сиёсиро дошт. Бехабар аз он ки 

дар давлатимиллӣ ва мафкураи бегона ҳеҷ гоҳ тасаллут дошта 

наметавонад ва роҳбари ин ташаккулаи террористӣ ботехнологияи нави сиёсӣ чарбзабонӣ, гапфурӯшӣ, донотарошӣ ва шиорпартоии худ миёни авом нуфуз пайдокарда, худро наҷотбахши миллат ва ҷомеаи тоҷикӣ унвон намуд. Бори дигар ба ин масъала бармегардем, кибо кадом идеология ва мароми сиёсӣ роҳбари ин ташаккула ва ҳаммаслаконаш мехостанд давлати миллӣбисозанд? Албатта, бо идеологияи аҷнабӣ, ки тайи ҳазорсолаҳо ҷомеаи тоҷикро ба барда табдил дода,бадбахтиҳоро ба сараш бор кардааст. Ногуфта намонад, ки ҳанӯз фабрикаи бардасозии мазҳабӣ дар баъземанотиқи осебпазири Тоҷикистон аз ҷониби мухлисони наҳзат идома дорад ва кабириҳо то имрӯз ба таврипинҳонӣ таблиғгари мафкураи бегонаанд. Ба каломи бадеъ, инҳо доми фиребу найранг густурдаанд, то сайдиноогоҳ ва ғофилро дар даст биоваранд ва саранҷом сафашонро афзун созанд. Ҳамин буд, ки то андозаенафароне, ки аз аъмоли террористиву зиддиинсонии ин ҳизб бехабар буданд, ноогоҳона маҷзубифазилатфурӯшӣ ва чарбзабонии роҳбари ин ҳизби террористӣ ва пайравонаш гардиданд. Ин содабоварон богӯишҳои роҳбари ин ташаккулаи террористӣ ва ҳамаслаконаш, ки ҳарфҳоӣ «осмонӣ» мезаданду худро «ноҷиимиллату башарият» нишон медоданд бовар карданд. Ин бовармандони содадил намедонистанд, кисаркардагони маккору айёри ин ташаккулаи терористӣ солҳои 90-уми асри гузашта ҳазорон нафарро гумроҳнамуда, онҳоро дар нимароҳ раҳо карданд ва ба бадбахтиву бесарнавиштӣ гирифтор намуданд. Хазоронмодарро бе фарзанд ва занро бе шавҳару ҳазорон фарзандро бепадар гардониданд.

Ҳизби террорист созмони ба дасти хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ сохта шудаест, ки тибқибарномасозии эшон аз ҳар масоил метавонад аъзоёни он сухан кунанд, вале воқеият ин аст, ки онҳо салоҳиятиҳеҷ масъаларо ҳал намудан надоранд, илло ба вуҷуд овардани тавтиъаву ҳараҷу мараҷ дар ҷомеа. Воқеияти онҳоро ҳаводиси солҳо навадуми қарни бист дар Тоҷикистон собит намудааст. Онҳо ҳамон террористони миллаткӯшеанд, ки ба туфайли ҷанги шаҳрвандии роҳандозӣ кардаашон 150-ҳазор нафарро куштанд ва вуҷуди тоҷикиятро зери суол бурданд. Аз ин рӯ бо гузашти солиён шояд аъзои ин ташаккулаи террорисӣ зоҳири хешро иваз намуда, худро мудерн ҷилва диҳанд, вале воқият ин аст, ки инҳо ҳамон террористонеанд, ки худро дар либоси нав ҷилва додаанд. Ҳарчанд имрӯз дар кишварҳои аврупоӣ иқомат доранд ва либосҳои шику аврупоиро бар тан мепӯшанд, вале афкори вайронгару хурофотӣ ва арзишҳои зиддиинсониву террористӣ дар навиштаҳо ва гӯишҳои онҳо ба осонӣ эҳсос мешавад.

Чандчеҳрагӣ хоси бештари роҳбарияти ҳни буда, онҳо ҳар замон чеҳраи худро иваз менамоянд гӯё «тақия» мекарда бошанд ва барои онҳо ҳама чиз раво аст. Онҳо ҳар рӯз дуруғи нав мегӯянд ва бо мафҳумҳои зебо мардумро гул мезананд ва аз ин роҳ мехоҳанд нишон диҳанд, ки гӯё онҳо ҳама чизро мефаҳманд ва мушкилкушои ҳамаи муаммоҳои дар ҷомеа ҷой доштаанд. Аммо ин танҳо як фиреби назарест, ки ҳадафҳои муғризона ва палидонаи онҳоро пӯшиш медиҳад. Инҳо ҳамеша бо роҳи воизӣ мехоҳанд ҳамаро гул зананд ва собит намоянд, ки гӯё тамоми арзишҳои миллию мазҳабиро дифоъ намуда аз зулму истибдоди ҳокимият ва мақомоти он сару садо роҳандозӣ менамоянд. Онҳо муддате ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳли миллатро бо роҳи дурӯғпардозӣ гул заданд, фазоро аз афкори хурофотӣ пур намуда мардумро ба гумроҳӣ тамоюл доданд. Ба тарзи дигар дурӯғпардозию маккорӣ ва фиребгарӣ кори ҳамешагии наҳзатиён аст, зеро чунин навъи дуруғпардозиро онҳо аз охундҳои пешвои мазҳабиашон ва махсусан аз «Хазрати имом гирифтаанд», ки дар солҳои нахусти инқилоб ба хотири ҷалб таваҷҷуҳи назари мардум ба сиёсати исломӣ ва канор задани ҳизбҳои дигари сиёсӣ аз қудрат, сараввал онҳоро дар муқобили низоми шоҳӣ истифода намуда ваъда кард, ки низоми демократияи исломӣ хоҳем сохт, ки дар он ҳамаи гуруҳҳо новобаста аз дидгоҳҳояшон ширкат хоҳанд намуд, вале мутаасифона пас аз пирӯзӣ ва қудратро пурра ба даст даровардан ҳизбҳои дигари сиёсиро маҳдуд намуд ва онҳоро кулан аз байн бурд. Ҳамчунин дар бомдоди инқилоб бо истифода намудани усули «тақия» ба мардум ваъда дод ки ҳама чиз бояд маҷҷонӣ шавад: Об, барқ, газ, манзил ва амсоли инҳо. Ин ҳарфҳо танҳо ба хотири истеҳкоми қудрат истифода шуда, пас аз гузашти 39 сол низ ба амал тадбиқ нашудаанд. РоҳбарониТТЭ ҲНИ низ ҳамин усули таҷрибашудаи аз ҷониби пиронашон маъруфро дар солҳои 90-ум низ истифода намуда дигар ҳизбу ҳаракатҳоро гумроҳ намуданд ва идеяҳои асосии шахсиятҳои маъруфи онҳоро ҳамчун шиор истифода намуда, ҳангоми табадуллоти соли 1992 ин ҳизбу ҳаракатҳоро канор заданд ва ҳокимияти сиёсиро пурра дар дасти худ гирифтанд ва дигарҳоро ба ҳошия ронданд. Шахсиятҳо ва донишмандони ҳизбҳои дигарро гул заданд ва шарманда сохтанд. Дуруғ гуфтан барои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, маккорӣ, гул задани мардум ва амсоли ин хислати асосист. Аз ин рӯ набояд ба ҳарфҳои зоҳиран зебо ва ҷаззоби онҳо бовар кард, зеро онҳо ҳамеша аз роҳи фиребу найранг то ба даст овардани қудрат ин ҳарфҳои зеборо мисли тутӣ такрор мекунанд, вале амалан кори хуберо барои миллат анҷом намедиҳанд, тавре охундҳои эронӣ ҳамаи арзишҳои бузургу миллиеро, ки дар замони шоҳ ташаккул ёфта буданд, шикастанд ва фазоеро ба вуҷуд оварданд, ки дигарандешону рӯшанфикрон ва донишмандон кишварро тарк карда, то имрӯз дар ғурбат ба сар мебаранд. Наҳзатиён низ аз ин болотар кореро наметавонанд анҷом бидиҳанд, зеро ҳадафи онҳо низ ҳадафи сармоягузорону пешвоёнашон аст ки қаблан мардуми Эрон анҷом додаанд. Роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, аз усули «тақия» истифода намуда, ҳама гуна найрангро ба кор мебаранд. Имрӯз роҳбари фирории ин ташаккула дар хориҷ аз кишвар (албатта, бо кумаки молию пулӣ ва маънавии «пирони маънавиаш», ки наҳзатро аз ибтидо барномарезӣ кардаанд) ба сар мебарад ва сари минбарҳои харидашуда тавассути мафоҳиму истилоҳоти сиёсию мадании «демокросӣ», «мардумсолорӣ», «парламентаризм», «виҷдони озод», «баробарӣ», «ҳуманизм», «ватандорӣ», «ҳувиятсозӣ» кафкпаронӣ мекунад ва ба қавли ҳавохоҳони дохилиаш, «доди сухан» медиҳад. Роҳбари ин созмони террористӣ ҳар рӯз як оҳанги наве дорад ва бо ҳар роҳе ки набошад, мехоҳад мақому ҷойгоҳи хешро дар байни мардум тақвият бахшад. Аз ин рӯ барои ӯ дуруғ гуфтан, гул задан, шайёдию маккорӣ, сифатҳои асланд. Ӯ кӯшиш менамояд дар суханрониҳояш бештар мушкилотро зикр кунад, ҳарчанд яқин аст, ки роҳи ҳалли мушкил дар дасти он нест, вале ба хотири обрӯи арзон пайдо намудан ва мустаҳкам кардани мавқеи худ аз ин гуна ҳарфҳо истифода менамояд.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top