Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ФИРОРИЕ НАҲЗАТӢ ДАР ПАЙИ ҲАВАСҲОИ ТИҶОРИИ ХОНАВОДАГӢ

Аҳли ҳол дақиқ медонанд, ки ин раҳбари сиёсӣ, ки имрӯз доираҳои наҳзатӣ ӯро ба унвони шахсияти харизматик васфу ситоиш мекунанд (ва чун бут ба парастиши ӯ машғул шуда, бо эҳтирому садоқати бепоён «Устод»-аш ном мебаранд), дар ибтидои роҳи сиёсӣ бо тиҷорат ва тафаккури тиҷорӣ шомили ташкилаи сиёсӣ гардидааст. Дар зимн, тафаккури хонаводагӣ ва хостҳои тиҷорӣ дар таърихи сулолаҳои динӣ ҳодисаи наву тоза нест.

Бо таваҷҷуҳ ба таърихи сиёсии ислом ва адабиёти марбут ба ин самти исломи сиёсӣ, диёнати исломӣ дар бистари худ хонаводагаро аст. Шаҷарабандии сайидзодаҳо, эшонҳо, махдумҳо, хоҷаҳо ва амсоли инҳо махсусияти хонаводагии диниро нишон медиҳанд ва ТТЭ ҲНИ ҳам, ки побанди мафкураи исломи сиёсист, наметавонад аз насабпарастии арабӣ-исломӣ ҷудо бошад. Ҷангу низоъҳое, ки баъди марги паёмбари ислом дар доираҳои ҳукмрон ба вуқӯъ пайваст, ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад, ки ғасби қудрат ва хонаводагӣ кардани он аз марҷаоти усулии салатанати динӣ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, ҷалби хонавода ба умури сиёсӣ, ҳизбӣ ва мафкуравӣ ба ТТЭ ҲНИ ва раҳбари фирории он аз гузаштагон мерос монда, дар заминаи андӯхтани таҷрибаи пешиниён амалӣ гардид. Дар қолаби дараҷабандӣ ё ба истилоҳ, иерархияи динӣ лидери фирории наҳзатӣ аъзои хонаводаи худро ба мудирияти ҳизбӣ ҷалб намуд, то тамоми фаъолияти ниҳод таҳти назорат ва султаи як нафар қарор бигирад ва «бегона»-е ба арсаи мудирияти ҳизбӣ ворид нагардад. Барои пардапӯш кардани ниятҳои султахоҳӣ, пулпарастӣ ва рифоҳталабӣ ин марди «кабир», усулан аз василаҳои маъмули риёкории сиёсӣ ва иҷтимоӣ кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муқаддасоти динӣ ва сиёсӣ - Худо, дин, мазҳаб, Қуръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорӣ, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ ва амсоли инҳо бозӣ карда, ҳар яки вожагони калидиро дар ҷояш ба ҳадафи ба даст овардани султа, қудрати сиёсӣ ва рушди тиҷорати хонаводагӣ суйистифода мекунад. Мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва матолиби ӯ аз корбурди вожагони болоӣ моломол аст ва тавассути технологияи суханварӣ ҷомеаро таҳти фишори равонӣ, забонӣ, такаллумӣ ва сиёсӣ қарор медиҳад.

Саркардаи наҳзатӣ, ки онро шартан, таҳти истилоҳвожаи «фирорӣ» ном мебарем, дар давоми мудирияти ҳизбӣ ин ниҳоди динии сиёсиро ба абзори хонаводагӣ табдил дод. Замони дар ҷумҳурӣ будан ва дар садри моликияти ҳизбӣ қарор доштан ин «фирорӣ» хешу ақрабо ва наздикону пайвандонашро ба роҳи рушди бизнеси хонаводагӣ «ҳидоят» намуд. Барои муште аз хирвор чанд исми пайвандон ва ақраби ҷаноби Фирориро ёдовар мешавем, ки таърихи ҳавасбозиҳои тиҷории наҳзатиро рақам задаанд: Акоша (собиқ узви Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсии ТТЭ ҲНИ—бародараш); Муҳаммадсолеҳ (собиқ раиси ҶДММ «Бинокорсервис», узви фаъоли ТТЭ ҲНИ-бародараш); Бибисоро (собиқ ҷонишини мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиши ТТЭ ҲНИ—хоҳараш); Муҳаммад Сафарзода(собиқ масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи ТТЭ ҲНИ-бародарзодааш); Раҳматуллоева Мастура (собиқ масъули кор бо бонувони ТТЭ ҲНИ- ҳамсараш); Тиллозода Рӯҳуллоҳ (собиқ масъули таъминоти моддии ТТЭ ҲНИ-писараш); Тиллозода Муҳаммад (собиқ масъули бахши молиявии ТТЭ ҲНИ-писараш); Кабиров Салимҷон (собиқ масъули бахши ҷавонони ТТЭ ҲНИ-писараш); Сафарзода Эмомалӣ (муҳофизи раиси ТТЭ ҲНИ-бародарзодааш); Амруллоҳи Низом (рӯзноманигори ифротӣ, масъули сомонаи «Payom.net» -домоди бародараш). Аз ин феҳрист қисме ифротитарин инсонҳои наҳзатӣ маҳсуб меёбанд. Ҳарчанд ки ин тоифаи ҷаноби Фирорӣ дар Аврупо ба сар мебаранд, аз афкори муғризонаи ифротии худ барнагаштаанд ва ҳамоно, тухми ифроту тафрити исломиро паҳн мекунанд.

Нуктаи ҷолиб дар қазияи Фирорӣ ин аст, ки ӯ ҳатто дар овони муҳассил буданаш дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) ба ҷамъоварии сармоя, махсусан сармояи бедардимиён иштиёқи вофир доштааст. Дар таъйини шахсияти ахлоқии Фирорӣ завқи молпарастӣ ва ҳарисӣ ба молу ашёи дунёӣ нақши калидӣ дорад. Талаботу ниёзҳои маишии бебаркаши ӯ, албатта, пушти пардаи сиёсӣ амалӣ гардиданд. Ҳангоме ки ба майдони бизнес ва тиҷорат ворид мегардад, ба василаи «дироят»-и тиҷорӣ дармеёбад, ки расидан ба қудрати сиёсӣ ва ҷойгоҳ пайдо кардан дар ҳавзаҳои давлатӣ осон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, «қаҳрамон»-и достони наҳзатӣ тадриҷан ба арсаи сиёсати исломӣ по мегузорад ва дар пайи ба даст овардани сарват иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Вай, ки як дараҷа таҷрибаи сиёсӣ ва ҳизбӣ касб карда буд, «риск»-и сиёсиро бо «таваккал»-и тиҷорӣ ҳамсӯ дониста, барои андӯхтани сарват кабинаи ҳизбиро аз ҳисоби аъзои хонавода пурқудрат мекунад. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, наздикону муқаррабони Фирорӣ, ки аз онҳо ном бурда шуд, дар мансабҳои калидии ҳизбӣ такя зада, бахшҳои даромадноки ниҳод – молия, таъминоти моддӣ ва иқтисодро таҳти назар қарор доданд. То тавонистанд ҳизбро ғорат карданд, сармояи аз берун ба ҳизб ҷудошударо миёни худ тақсим намуданд. Ҳоло ки Фирорӣ дар хориҷ қарор дорад, сармоягузориҳоро ба ташкилаи сиёсиаш комилан дар дасти худ гирифтааст.

Ҳазрати Фирорӣ ҳамчун тоҷири тамомайёр кӯшиш мекунад ҳар вазъиятро ба нафъи молиявии худ ҳал намояд ва худро минҳайси инсони вораста, покниҳод, адолатхоҳ ва бениёз ба ҷомеа вонамоёнад. Ӯ ҳизбро бо худ тавъам намуда, ҳамчун моликияти шахсию инфиродӣ истифода бурда ва мебарад. Хонандагони гиромӣ, агар дар ёд дошта бошанд, Фирорӣ барои гул задани мардум ва пинҳон доштани ниятҳои тиҷориаш аз ибтидо ҳизбро ба сифати ташкилаи маънавигаро муаррифӣ мекард. Дар мусоҳибаҳои мутааддиде, ки вай бо хабарнигорони ҳафтаномаҳои мустақили кишвар дар нимаи дуюми солҳои дуҳазорум анҷом додааст, таъкид намудааст, ки ТТЭ ҲНИ ҳизби моддигаро нест ва ба пулу молу сарват беэътиноӣ мекунад. Ҳаросати сириштию зотии ҷаноби Фирорӣ нисбат ба сармояи бедардимиён дар ҷумлаи «ҳизби мо ҳизби моддигаро нест» моҳирона хаспӯш шудааст. Ва агар ҳизби наҳзат моддигаро намебуд, чаро мансабҳои калидӣ дар дасти аъзои хонавода қарор доштанд? Чаро хонадони Фирорӣ имрӯз ҳам дар хориҷ дар рифоҳи молӣ зиндагӣ мекунад? Маблағҳои ҳангуфте, ки дар қисмати молиявии ҳизб мавҷуд буданд, ба чӣ кор масраф гардиданд? Қабл аз ҳама, ба манфиати хонавода ва хонавода асли сиёсати ҳизбии наҳзатиро ташкил медод, медиҳад ва хоҳад дод. Чунки талаботи меҳварии исломи сиёсӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ-и Фирорӣ ҳамин будааст – хонаводагӣ кардани мудирияти созмони сиёсӣ, ба ихтиёр гирифтани буҷаи ниҳод, ихтиёрдорӣ кардани сармояи ҳизбӣ, аз тариқи хешутаборчигӣ ва сатҳу сифати манфиатрасонӣ тақсим намудани мансабҳои ҳизбӣ ва мувофиқи хосту хоҳиш масраф намудани маблағҳои коргоҳ. Ин «талабот»-ро ӯ ҳамчун мусулмон иҷро кард ва дар муддати раҳбарии расмии ҳизб бад-он кӯшид, ки тамоми хонадони худро ба кори ҳизбӣ ҷалб созад ва аз ин тариқ раванди куллии ҳизбиро мадди дурбини инфиродӣ бигирад.  

Маълум аст, ки Фирорӣ дар фирор ҳам ба тиҷорати ҳизбӣ машғул аст ва дар пушти ин тиҷорат ҷамъоварии сармояи гарон барои аҳли хонавода ниҳон аст. Аз ин ҷост, ки барои ҳифзи бизнес ва ҳизби хонаводагӣ, ҳамчунон аз шиорпароканиҳои миллат, давлат, озодӣ, Ватан, мардум, дин, мазҳаб, демократия, инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ истифода мебарад ва бозори бизнеси хонаводагиашро гарм нигаҳ медорад.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top