Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ТААССУБИ МАЗҲАБӢ ВА МИСОЛЗАНИИ ДУНЯВӢ

Тафовутҳо ва умумиятҳо»-ро мурур кардаму беихтиёр хаёлам ба суҳбати тозаи видеоиаш рафт. Суҳбати видеоии ахири М. Садриддинро дирӯз дар Ютуб тамошо намуда, бори дигар яқин кардам, ки ин мард ба дараҷае мутаассиб ва хурофотист, ки дар сурати пайдо кардани одитари имкони қудрати сиёсӣ ва низомӣ ҳазорон ва ҳатто миллионҳо нафарро ба хотири ақидаи пӯсидаи асримиёнагиаш қурбон месозад (ва аз ин амали нангин ҳатто мижжааш хам намехӯрад). Агар бовар надоред, суҳбати видеоиашро бодиққат тамошо кунед. Албатта, агар зеҳни озод, пӯё ва ҷӯё дошта бошед, дар акси ҳол, мисли М. Садриддин ҳамаро яксон ба куфру илҳод муттаҳам мекунед.

СИЛСИЛАИ ТАҲҚИРУ ҲАҚОРАТҲОЕ, КИ М. САДРИДДИН УНВОНИИ РАҲБАРИЯТИ ҶУМҲУРӢ ИРСОЛ ДОШТА ВА МЕДОРАД, ГУВОҲИ ОНАНД, КИ ИН МАРД ИНСОНИ СОЛИМ НЕСТ. АСЛАН, ТААССУБ ВА ХОССА, ТААССУБИ МАЗҲАБИРО РАВОНШИНОСОН ЯК БЕМОРИИ РИҚҚАТБОР ВА ДАР АЙНИ ЗАМОН, ХАТАРНОК ТАЛАҚҚӢ МЕКУНАНД ВА ҲАР КӢ ТААССУБ МЕВАРЗАД (ХОҲ ТААССУБИ ДИНӢ ВА ХОҲ ТААССУБИ ДУНЯВӢ), АЗ НАЗАРИ РӮҲӢ СОЛИМ НЕСТ ВА УҚДА Ё БА ИСТИЛОҲ, КОМПЛЕКС ДОРАД. БИНОБАР ИН, БА ТАБОБАТ НИЁЗ ДОРАД ВА АГАР ТАБОБАТИ РАВОНӢ СУРАТ НАГИРАД, ИН НАВЪ ИНСОНҲО БА АМАЛҲОЕ ДАСТ МЕЗАНАНД, КИ БАРОИ ҶОМЕА ХАТАРБОРАНД. АЗ ИН ҶОСТ, КИ М. САДРИДДИН ДАР ИБТИДОИ ҲАР НАВИШТА, МАТЛАБ ВА СУҲБАТАШ АВВАЛ ХУДРО ЯК НАВЪ КОНТРОЛ МЕКУНАД, ВАЛЕ БО ГУЗАШТИ ФУРСАТИ АНДАК МУВОЗИНАТИ РАВОНӢ, ФИКРӢ ВА ЭҲСОСИРО ГУМ КАРДА, БА ҲУҶУМ МЕГУЗАРАД ВА ДАР ОТАШИ ХАШМУ ҒАЗАБИ ИФРОТӢ ВА МУТААССИБАШ ҲАМА ХУШКУ ТАРРО МЕСӮЗОНАД. АҶАБАМ МЕОЯД, КИ ЧӢ ТУР ИН МАРДИ САРОПО МУТААССИБ ВА БАДБИНРО АВРУПОИЁНИ ДЕМОКРАТ ВА ОЗОДИХОҲ ГӮШ МЕКУНАНД ВА ТАҲАММУЛ МЕНАМОЯНД? ШОЯД ГУФТАЮ НАВИШТАҲОЯШ БА МАНОФЕИ СИЁСӢ ВА ГЕОПОЛИТИКИИ ЯК ИДДА СОЗМОНУ ГУРӮҲҲОИ СИЁСИИ ҒАРБӢ ҶУР БИОЯД ВА ҲАМИН ТУР ҲАМ ҲАСТ. ДАР ИН ДУНЁИ МОШИНӢ КАСЕ БА КАСЕ БИДУНИ ДАР НАЗАР ГИРИФТАНИ ФОИДАЕ ЧИЗЕ НАМЕДИҲАД ВА ИМКОНИ МОДДИЮ МАЪНАВИЕ ФАРОҲАМ НАМЕОВАРАД. ИН АСТ, КИ ДАР ПУШТИ ГАЗОФАҲОИ М. САДРИДДИН ҲАМ СОЗМОНҲОЕ ПИНҲОН ШУДА, НИЁЗҲОИ СИЁСӢ, ИҚТИСОДӢ, МОЛИЯВӢ ВА ГЕОПОЛИТИКИ ХЕШРО БАРОВАРДА МЕСОЗАНД. БА ИН МАНЗУР МУЗАХРАФОТИ М. САДРИДДИНРО ГӮШ МЕКУНАНД ВА АҶИБТАР АЗ ИН, ПАҲНУ ИНТИШОР МЕДИҲАНД, ТО ХУРОФАЮ ТААССУБИ МАЗҲАБӢ МУҲИТИ ТОҶИКИСТОНИ ДУНЯВИРО ФАРО БИГИРАДУ ҶОМЕАҲО ДАР ҲОЛАТИ ДАРГИРИЮ БЕСУБОТӢ БА САР БУБАРАНД. МАҲЗ БАРОИ ҲАМИН БАЪЗЕ ДОИРАҲОИ СИЁСИИ МИНТАҚАВӢ ВА АВРУПОӢ АЗ ИН ШАХСИЯТҲОИ БЕҲУВИЯТ ВА САРОПО МУТААССИБ ПУШТИБОНӢ МЕКУНАНД ВА БО ИН АМАЛИ НАНГИН ДОҒ БАР СЕКУЛЯРИЗМУ ДЕМОКРАТИЗМИ АВРУПОӢ МЕОВАРАНД. ЧӢ КУНЕМ, КИ СЕНАРИЯПАРДОЗОН ВА КОРГАРДОНОНИ БОЗИҲОИ СИЁСӢ ПАСИ ПАРДА ПИНҲОНАНД ВА РӮЙИРОСТ НАМЕТАВОН БО ОНҲО БАРХӮРД КАРД. БОЗ ДАР ПУШТИ ИН ДОИРАҲО ДЕМОКРАТИЯ, ОЗОДӢ, ИСТИҚЛОЛИЯТИ ФИКРӢ, ДИГАРАНДЕШӢ ВА АМСОЛИ ИНҲО БАРИН МАФОҲИМИ ДАСТКОРИШУДАИ ДАСТГОҲҲОИ СИЁСИЮ ГЕОСТРАТЕГИИ ҒАРБӢ ИСТОДААСТ ВА ҲАР ЧӢ МЕГӮЙӢ, ҲАТТО ЭКСТРЕМИСТОНУ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ҲАМ БО ЗАБОНИ ДЕМОКРОСӢ БА САРАТ МЕЗАНАНД ВА ИТТИҲОМИ ДИКТОТУР ВА МУСТАБИДРО БА ГАРДАНАТ ИҶБОРАН МЕБАНДАНД. М. САДРИДДИН БО МАҶМӮАИ МУЗАХРАФОТАШ ЯК МИЛЛАТИ СЕКУЛОРИ ТОҶИКРО БАДНОМ МЕКУНАД ВА РОҲРО БАРОИ ТАШАННУҶИ ХУРОФОТУ ҶАҲОЛАТИ МАЗҲАБӢ ҲАМВОР МЕСОЗАД. ДАР ИН ВАЗЪИЯТ БОЯД МО СУКУТ КУНЕМ, ТО ЯК МУШТ МУФТХӮРУ ХУРОФОТӢ ҶОМЕАИ СЕКУЛОРАМОНРО ЗЕРИ СУОЛ БУБАРАНД?! НА, АГАР ДАР БАРОБАРИ ИН ТОИФАИ МУТАҲАҶҶИР ВА ХУШАНДЕШ СУКУТ ИХТИЁР МЕКУНЕМ, ФАРДО ОЯНДАГОН МОРО НАФРИН ХОҲАНД КАРД.

     Ин марди мазҳабӣ ҳанӯз аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар сомонаиифротиаш матлабе таҳти унвони «Нишасти сарони ИДМ ҷуз ширкати Пашиняну “ҷипи” Мирзиёев навгонӣ ё паёми дигаре надошт» интишор дода, ба мавзӯи Пашинян рӯ оварда буд. Дар он матлаб аз сарвазири Арманистон ҷаноби Никол Пашинян таърифу тамҷид намуда буд. Акнун дубора ба мавзӯи мазкур баргашта, М. Садриддини мутаассиб фаъолияти Пашиняни арманиро мавриди таҳлили «мӯшикофона» мегирад, дар сурате ки Пашинян марди секулор ва дунявӣ асту М. Садриддин дар ҳирси мансаби муҳтасибӣ ва алломагии исломӣ месӯзад. Ақаллан инсоф бояд кард: Пашиняни бедиплом аз миллионҳо наҳзатие назири М. Садриддин, ки мактабҳои олии кишварҳои исломиро хатм намудааст, болотар мебошад. Агар Пашинянро мардуми босаводи арман ҷонибдорӣ кунанд, Садриддинҳоро бошад, чанд гумроҳе, ки дар хурофоту ҷаҳолати динӣ ғутидаанд, пуштибонӣ менамояд. Мисраи «Бубин, тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷост» ба М. Садриддин ва тими садриддинӣ сидқ мекунад. Пашинян мисоли зиндаи тафаккури бози сиёсист, на тафаккури бастаи сиёсӣ, ки дар қолаби муқобилияти наҳзатӣ рӯйи сафаҳоти интернетӣ рехта мешавад. Аз ин лиҳоз, наметавон Пашинянро бо бузургтарин намояндаи тими наҳзатӣ муқоиса кард. Ҳадафи Пашинян ободӣ, озодӣ ва истиқлолияти фикрию сиёсӣ ва маданию иқтисодии халқи арман аст, аммо муборизаи садриддинӣ дар доираи хостҳои наҳзатӣ – барпо кардани давлати динӣ бар мабнои шариати исломӣ, маҳдуд мегардад. Марз ва масофаи тафовутро бубинед ки чӣ миқдор дур аст.

     М. Садриддин бо хашми ба худ хос ба тавҳини раисҷумҳури Тоҷикистон мепардозад ва бахши охири матлабашро бо таҳдидҳои ҳамешагӣ анҷом медиҳад. Аввал ин ки тими наҳзатӣ бо ҳама шӯру валвалае, ки имрӯз меангдозад, як дар сади хидматҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро барои мамлакат ва миллат анҷом надодааст. Дувум ин ки бо чӣ ҷуръате М. Садриддин, ки зарфияти фикрӣ ва сиёсӣ ва кучактарин тафаккури дунявӣ надорад, аз номи миллат ҳарф мезанад. Миллате, ки дар роҳи дунявият иқдом бардошта истодааст, на диният. «Мо миллат пирӯз хоҳем шуд»- гуфтани М. Садриддин маънии аз номи миллат садо балданд карданро далолат мекунад. Ин такаббур ва ман-маниро бубинед?! М. Садриддин дар баробари ин миллати бузург, ки тоҷик ном дорад, чӣ хидмате кардааст, ки мардум ва миллатро мухотаб қарор медиҳад. Ҳамин миллати тоҷик будааст, ки тайи таърихи тӯлонӣ бо душманони аҷнабӣ мубориза бурда, ҷонбозиҳо намудааст ва имрӯз ҳам бо Садриддинҳо, ки аз номи мафкураи бегона ҳарф мезананд, дасту панҷа нарм мекунад. Куҷои суханон ва хитобҳои мудавоми расонаии М. Садриддин дарди миллати тоҷикро даво мебахшанд? Ӯ, ки дар фикру хаёли ба қудрат расидан ва барпо доштани як ҳукумати мустабидаи динӣ аст ва сари минбарҳои мазҳабӣ амри маъруф ва наҳй аз мункар карданро як умр орзу мекунад. Барои миллат ва арзишҳои бостонии миллӣ дар афкори пӯсидаи М.Садриддин ҷой нест. Моҳияти мафкура ва андешаи ӯро як мушт хурофоту таассуби мазҳабӣ ташкил медиҳад, ки ин маҷмӯаи бинишҳои тангу маҳдудашро бо пероҳани аврупоӣ (куту шалвори ғарбӣ) тазйин мекунад, то мардум ва доираҳои сиёсии аврупоӣ демократ буданашро яқин намоянд. Вале моҳияти ӯ ҳамонест, ки дар зуҳуроташ намоён аст ва он, мутаассифона, тағйир намеёбад, зеро ки аз порае хурофот ва порае эҳсосот таркиб ёфтааст.

  

Фаридун Ориёӣ

 

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top