Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

РОҲБАРИ НАҲЗАТӢ – ДУЗДУ ҒОРАТГАРИ МАРДУМ

Зеро миллати дар тули таърих ҷафодидаи тоҷик дар раванди ҳастии худ ба ин гуна ҳодисаю воқеаҳои мудҳишу даҳшатбор борҳо дучор шудааст. Вале ҳеҷ яке аз ин ҳодисаю воқеаҳое, ки барои бадбахт сохтани мардуми роҳандозӣ шуда буданд, ба мисли ҳаводиси хунину даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта ва воқеаҳои баъдии алоқаманд ба онҳо ҳамлаи нохалафона ва зарбаи ҷонкоҳтар набуданд. Чунки миллати тӯли ҳазор сол аз истиқлол ва соҳидавлати маҳруми тоҷик дар солҳои 90-уми садаи ХХ ба истиқлолияти комили сиёсӣ расид. Ҳарчанд, ин гуна ҳаводис, ки ҳамеша бар зидди миллати тоҷику тоҷикият ба хотири даст наёфтан ба давлату давлатдорӣ аз ҷониби аҷнабиён роҳандозӣ карда мешуданд. Аммо, ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бархе аз нафарони тангназару кӯрдил ва манфиатҷӯю хиёнаткор рӯйи кор омаданд.

 

Мардум худ хуб медонанд ва ҳеҷ ҷойи шарҳу эзоҳ ҳам нест, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 1992-1997 аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби рӯҳониён ва бо ташаббуси бевоситаи душманони дохилии миллат, ки дар зери ниқоби динии исломӣ қарор доштанд, оғоз шуда буд. Зеро аксар аъзои воломақоми ТТЭ ҲНИ соли 2013 китоби ёддоштиеро ба хотири «30-солагии ташкилот»-ашон нашр карда, дар он бисёр сирру асрори хиёнаткориҳову пинҳонкориҳои худро баён намудаанд. Аз ҷумла, тариқи пинҳонӣ ва шабона ҷалб кардани мардуми ноогоҳ ба ин созмон, нақшаҳои гуногуни робита бо дигар аҳзоби сиёсии исломии мамолики хориҷа, ҷустуҷӯйи сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз берун ва ҳоказо. Бо вуҷуди ин қадар сирру асрор, амалҳои пинҳонии нопок ва он ғаразу хусуматҳои ноҷавонмардонаи худро дар китоби дастаҷамъонаашон ифшо кардан, боз ҳамеша кӯшиш менамоянд, то худро дар назди дигарон, ки аз ин рафторукирдори ношоистаашон ё огоҳӣ надоранд ва ё қисман огоҳанд, мусичаи бегуноҳ нишон диҳанд. Чун дар ин гуна амалкарду коргириҳои намояндагони созмони мазкур пурра хиёнат на танҳо ба меҳану миллат, балки худбохтагию бегонапарастӣ ба назар мерасад. Вале эшон боз ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ «ҳам ғаррию ҳам пешхезӣ» ё «забони дӯзду фоҳиша ҳамеша дароз аст» амал карда, худро ҳар лаҳза сафед ва бегуноҳ нишон додан мехоҳанд.

Аммо халқи шарифи Тоҷикистон хуб медонад, ки ин ташкилот солҳои 90-уми садаи ХХ чи бадбахтиеро ба сари миллати тоҷики овард, ки таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони шаҳру навоҳии водиҳои Вахшу Ҳисор аз байн нарафтааст. Дар ҳақиқат нобуд кардани китобхона, мактабҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар зеҳни мардум таъсир расониданд, ки он боиси паст рафтани сатҳи саводнокӣ ва оқибмондагии низоми илму маориф гардид. Аз ин рӯ, мардуми тоҷикистонӣ ҳанӯз ҳам фаромӯш накардаанд, ки кӣ ба хонаҳояшон ҳуҷум ва амволашонро тороҷ карду хонаҳояшонро сӯхт ва аз дасти кӣ онҳо ба кишварҳои хориҷа гуреза шуданд. Имрӯз низ мардуми одию бечора аз тарси рӯҳонию мулло, ки аксарияташон давомдиҳандагони кори он созмон ҳастанд, ба дод омадаанд. Масалан, дар ноҳияи Масчоҳи кӯҳӣ муллои аблаҳе, ки вобастаи ТТЭ ҲНИ аст, ба хотири нарафтани муаллим ба намози ҷумъа хондани ҷанозаи писари ӯро ҳаром гуфтааст.

Бо вуҷуди ин ҳама бадбахтию нооромӣ, майдоншинию ҷудоихоҳӣ ва бегонапарастию худбохтагиҳоро ба сари миллати тоҷик овардани сарварони вақти ташкилоти мазкур боз роҳабарони бегонашудаи он, ки дар зери паноҳангдагии хоҷагонашон умр ба сар мебаранд, ҳамеша худро аз ин ҳама дар канор гирифтан мехоҳанд ва тамоми пешрафтҳои имрӯзаи кишвари моро нодида мегиранд. Илова бар ин, агар ҳар нафар аз ҳақиқат сухан бикунад, ки роҳбари кунунии ин созмон ва навозандагони дастаи ҳунарии вай барои кишвари Тоҷикистон ҳамин гуна хиёнатҳоро раво диданд, эшон зуд барои нобуд кардани ин нафар фатво медиҳанду худро ҳақбаҷониб мебароранд. Вале халқ хуб дар ёд дорад, ки онҳо чанд сол қабл бо рафтору кирдорҳои разилонаи худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил ба ҳолати нобудӣ расониданд. Вале, хиради азалии миллати тоҷик ва фарҳангпарварии мероси ниёгонамон сади роҳи ин ҳама амалҳои ваҳшиёнаи террористии эшон гардид. Хушбахтона имрӯз, миллати мо бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазир дар фикри ободкорӣ ва шукуфоии кишвари маҳбубамонбуда, дигар фирефтаи дурӯғҳо ва ҳангомаҳои шохдори ин дирижёр, навозандагони дастаи хиёнаткорона нахоҳанд шуд.

Бо вуҷуди ин ҳама зиштиҳо, бадбиниҳо, ҷангандозиҳо, хиёнатҳо, майдонбозиҳо ва ҳоказо тамоми душманони миллати тоҷик, ки чун каждум аз дохили ин миллат сар бароварда буданд, бахшида шуданд. Санаи 27-уми июни соли 1997, ки аз ин рӯзи фархунда соли равон 20 сол пур шуд, дар таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад. То ин санаи муқаддас миллати тоҷик дар дуроҳаи байни обу оташ қарор дошт, ки каме иштибоҳ метавонист номи Тоҷикистонро ҳамчун кишвар аз байн барад. Дар ин рӯз бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандиду офтоб аз паси абрҳои сиёҳи фазои Тоҷикистон нурпошӣ кард ва миллати ҷангзадаю чандпораи тоҷик ба ваҳдати комили миллӣ расид. Аз ин рӯз ин ҷониб дар фазои кишвар сулҳу субот ҳукмфармо гардида, гурезаҳо ба хонаи худ баргаштанд, вайронаҳои баъдиҷангӣ барқарор шуданд ва зиндагии осоиштаи мардум таъмин карда шуд.

Вале, бо вуҷуди ин бунёдкорию созандагиҳо ва пойдории сулҳу субот боз ҳамон тоифаи одамон, ки ҳадафҳои нопокашон эшонро ба мақсади аҳриманонаю иблисона нарасонида буданд, ҳамеша ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид менамуданд. Онҳо намехостанд, ки фазои кишвар аз абрҳои тираи сади рушду инкишоф ва тараққиёт озод бошад, зеро қалби онҳо ҳамеша сиёҳ буду чашмонашон хостори дидани манзарҳои ҷангу вайрона. Бо ҳар роҳу восита дар манотиқи мухталифи кишвар амалҳои нопокашонро такрор менамуданд ва дар байни мардум нифоқу низоъро паҳн мекарданд, то ки сокинони кишвар гумон накунанд, ин амали дасти онҳост. Бузургтарин амали хиёнаткоронаи онҳомуқовимати низомии моҳи сентябри соли 2015 мебошад, ки бо дастуру тарҳрезиироҳбари ТТЭ ҲНИ ва сарварии ҳоҷӣ-генерал анҷом дода шуд. Ин амали онҳо кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ буда, идомаи амалҳои ноҷавонмардонаи солҳои навадуми онҳо ва хизмат ба хоҷагони хориҷиашон мебошад. Чунин кирдори разилонаи ин ду душман ва хиёнаткорони миллат шаҳодат аз он медиҳад, ки онҳо бо вуҷуди ба мақоми баланди давлатӣ расидан, аз бахшишҳои ҳукумат сӯйитифода карда моликияти ҳангуфтро соҳиб шуданд ва замину иншооту биноҳои барзиёдро аз худ кардан, ҳанӯз ҳам дасту дилро аз амалҳои аблаҳона накашидаанд. Зеро барои онҳо на миллату меҳан, балки сухани хоҷа ва андешаи фармондеҳашон муҳимтар аст. Агар эшон як заррае дар дил меҳри ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин аблаҳкорӣ ва хиёнаткориҳо даст намезаданд. Азбаски барои онон манфиатҳои шахсӣ ва фармудаи хоаҷгон аз манфиатҳои миллӣ ва ҳастии меҳан муҳимтар аст, бинобар ин чунин кирдорҳои пастро рӯйи кор оварданд.

Маҳз ҳамин гуна фаъолият ва корбарии ин оқоро дарк карда, пеш аз ҳама ҳамҳизбиёнаш аз сафи ҳузб даст кашиданд ва фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро дар шаҳру навоҳии кишвар қатъ намуданд. Ин ҷаноби хиёнаткор аз боварии на танҳои мардуми одии кишвар, балки ҳамҳизбиёни худ баромада буд, бинобар ин дар интихоботи парлумонии соли 2015 натавонист курсии вакилиро ба даст орад. Чун дар интихобот шикаст хӯрда, бо баҳонаи табобат дар хориҷа, вале дар асл барои тарҳрезии нақшаи табаддулоти ҳарбӣ моҳи марти соли 2015 кишварро тарк гуфт. Вай медонист, ки гумоштааш ҳоҷӣ-генерал аз хати кашидааш берун намеравад, худи ҳамон сол, ҳангоми сафари Президенти кишвар ба хориҷа, фурсатро ғанимат ёфта, ибтидои сентябри соли 2015 аввал ба Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва сипас ба чандин ШВКД-и ноҳияҳои атрофи шаҳр ҳамла овард. Ҳоҷӣ-генерал, ки шахсияти тасодуфӣ дар умури низомии кишвар буд, бо фармоиши бевоситаи хоҷааш чунин амалҳоро анҷом дода, ҷони худ ва ҷони чанд нафари дигарро аз байн бурд. Вале ин хиёнаткору манфиатҷӯ ҳанӯз ҳам зиндаю саломат дар хориҷа зери сарпарастӣ ва паноҳандагии хоҷагонаш умр ба сар мебарад. Яъне, ӯ генерали хиёнаткорро барои расидан ба ҳадафҳои нопок ва амалӣ гардидани мақсадҳои ғаразноки худ истифода кард. Чун мақомоти қудратии кишвар зуд сади роҳи ин ошӯб шуда, онро пахш карданду генерали тасодуфӣ ва чанд тан аз ҳамроҳонашро нобуд сохтанд, ин нафари хиёнаткор ба ҳадафаш нарасиду мақсадаш амалӣ нагашт ва ночор дар хориҷа боқӣ монд.

Ҳарчанд ӯ ва лабайгӯйҳояш кишварро тарк карданд ва ҳоҷӣ-генерал ва ҳамяроқонаш нобуд карда шуданд, вале ҳанӯз ҳам зеҳнҳои хиёнаткорону аҷнабигароёнҳо вуҷуд доранд. Аз ин ҷост, ки мушкилии асосии ҷамъияти мо - мубориза бар зидди хуруфотпарастию ифротгароӣ ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмию фаҳмиши дунявии мардум ҳанӯз ҳам ҳалли худро пайдо накардааст. Аз ин рӯ, зеҳнҳоро бо дониш ва андешаҳои илмию дунявӣ мусаллаҳбояд кард, на ақидаю боварҳои динию мазҳабӣ.

Имрӯз бошад, бархе аз раҳгумзадаҳо ва кӯрдилон, ки аз паси аҳдофи нопоку муғризонаи ТТЭ ҲНИ рафтанд, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шуданд ва дар зиндон қарор доранд. Вале роҳбарашон дар кишварҳои рушдёфта ва тараққикарда машғули тиҷорату корҳои шахсии худ буда, ҳеҷ дар фикри онон нестанд. Танҳо ба хотири наозурдани қалби собиқ «ҳамсафон»-аш онҳоро аламбардорӣ мекунад. Ва ҳамон 5 дафтаре, ки созмони мазкур дар Варшава, Берлин, Вена ва ду шаҳри дигар Аврупо боз кардааст, ки ба ҷуз рушди тиҷроати худи ӯ нақши дигаре надоранд. Он афроде, ки дар ин «дафтарҳои хусусӣ»-и вай фаъолият менамоянд, қурбони манфиатҳои ӯ ё мисли дигар аъзои собиқи ҳизби кисагиаш фирефтаи ваъдаҳои сароби ин нафар мешаванд.

Ҳамин тавр, набояд аз паси суханони сароби ин фард рафт ва ба гуфтаҳои ӯ амал кард, зеро барои вай на миллат қадр дораду на меҳан. Барои ӯ танҳо ва танҳо манфиатҳои шахсӣ, ҳадафҳои нопок ва каломи хоҷагонаш дар мадди аввал аст. Боқӣ қазоват ба хонандаи закӣ ва ҳушёру бедори ин сатрҳост…

 

Нодири ҚОДИР,

таҳлилгари масоили иқтисодӣ

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top