Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҒАРАЗҲО ТИРА СОЗАД ДӮСТИРО…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш оид ба терроризм чунин қайд карда буд, ки «Террорист ватан, дин ва мазхаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеч умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом амалҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Манн ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Мутаҳҳаид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар иброз менамоям, ки номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Мо-намозгузорони масҷиди ҷоеаи ба номи «Имоми Аъзам»-и Ҷамоати шаҳраки Киров, аз гирдиҳамоие, ки ТТЭ ҲНИ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон бо ташаббуси навбатии риёкорони наҳнатӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ баргузор гардид, ниҳоят мутаассифем. Зеро, чандин со ласт, ки ин ҳизб аз номи ислом бардурӯғ баромад намуда, барои осоиш ва осудагиимардуми тоҷик халал ворид месозад, то ба андешаи худ табаддулоте бархезонад ва ин сарзамини биҳштосоро ба майдони кашмакаши сиёсӣ тадбил диҳанд. Аммо мо-аҳли ҷамоатчигӣ аз корҳои пештараи наҳзатиён хуб огоҳем, ТТЭ ҲНИ чи мақсаду ғаразҳои нопок дорад, хуб медонем. Зери Кабирӣ бо ҳамҷинсгароёнаш чун каждуми таги бурё ҳар гоҳ неш назананд, пули ҳароми «хоҷагони хориҷӣ»-ашон заҳри баданашон мешавад.

Мо ҳаёти осоиштаро дар симои Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва амали ӯ омӯхтаему меомӯзем. Он амалҳои зиште, ки ин ҳизбиёни манҳус ба анҷом мерасонанд, дар ягон расму оини дини мубини ислом тамоман нест. ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбари Муҳиддин Кабирӣ даст ба ҳар гунна фасодкорӣ мезананд, ҷавононро бо ҳар роҳу восита шомил худ месозанд, ин гуноҳи азиме, ки нисбати ҷавонон содир мекунад,дар назди миллати сарбаланди тоҷик бахшида нест. Фитнагариҳои ин «косалеси хориҷиён» дар мазҳаби ҳанафӣ рост намеояд. Ин тафриқаандозиҳои Кабирӣ заррае ба замони ҳазрати Муҳаммад (с) мувофиқат намекнад. Чунки Расулаллоҳ дуруди Худо бар ӯ ба ба олаш ба саҳобагону пайравонаш таъкид мекард, ки «Мо мардум муросо кунед, байни ҳамдигар дӯсту бародар боше два тухми кинаву адоватро байни мардум макоред».

Пас, аз гуфтаҳои Пайғамбарамон ҳазрати Расули Акрам (с) мо-тоҷикон, ки пайравони ӯем, дини мубини исломро қабул дорем, мазҳабамон мазҳаби Имоми Аъзам чаро байни ҳам тухми кина мепарварем? Ин ҳама фитнагарию дасисабозиҳо, гирдиҳамоиву тафриқаандозиҳо аз баҳри чист?

Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Мо аз ниятҳои нопокат Кабирӣ бохабарем, чи дилу ният дорӣ сад дар сад воқифем. Мардонавор биё иқрор шав, ки аз кардаҳоят пушаймонӣ. Ба ҷои тавбаю надомат ҷавононро бо пули ҳаром фирефта насоз, чунки онҳо низ дер ё зуд аз кардаҳояшон пушаймон гашта, сангборонат месозанд. Ин дунё гузарон аст, ҳар лаҳзаи зиндагӣ низ ғанимат аст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) хонаи хоксорона дошт. Ҳеч гоҳ бечоранолӣ намекард, дар зиндагӣ қаноатмандиро пеша карда буд. Ба бечорагону бенавоён дасти кумак дароз мекард. Фурутанию хоксорӣ хислати хамешагиаш буданд. Оид ба хислатҳои неки Пайғамбарамон ҳар қадар гӯем кам аст. Аммо имрӯз яке қавме худро пайравони дини мубини ислом муаррифи карда, даст ба корҳои зишт мезананд. Аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тундгароӣ ва ҳатто намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, ба чор гӯшаи дунё ҳадс мезананд, гӯё шаҳрвандоне ҳастанд, ки пуштибони сиёсӣ меҷӯянд. Ин боз як дурӯғи махзи наҳзатиён аст, ки мехоҳад бо маддоҳи соҳиби пули ҳароми «хоҷагони хориҷӣ»-ашон гардад.

Мо-аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и Вахш ба сафсатаҳои беобурангат Кабирӣ бовар надорем. Чунки ту як чуғзе ҳастӣ, дар вайронаҳо болонишин!!!

 

Аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top