Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Маҳфили адабии «Гулбарг»-и ноҳия

Бо ташаббуси шоир Акрами Ризом соли 1994 дар маркази ноҳияи Вахш маҳфили адабии «Гулбарг» ташкил карда шуд. Дар муддати 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили мазкур ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Ҳамин буд, ки ду нафар узви фаъоли маҳфил – Акрами Ризом ва Гулҷаҳони Ҳалим бо эҷоди асарҳои арзандаи худ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Маҳфили адабии «Гулбарг» зиёда аз 20 нафар навқаламонро дар як марказ муттаҳид намудааст, ки онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷу донишкадаҳо ва омӯзгорону кормандони ноҳия мебошанд. Соли 2016 дар миёни иштирокчиёни конференсияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ду нафар узви маҳфили «Гулбарг» – Ашӯргули Солеҳова (Шабафруз) ва Манзура Шарифова ҷойҳои аввалро ишѓол намуданд. Дар фаъолияти самараноки маҳфил саҳми роҳбари он – Акрами Ризом ва мушовири он Шарофиддини Ҳайдарӣ хеле назаррас мебошад.

Солиёни зиёд аст, ки маҳфили адабии «Гулбарг» дар аксар чорабиниҳои фарҳангию оммавии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд.

Маҳфили адабии «Гулбарг» бо мақсади такмил бахшидан ба сулҳу амнияти кишвар ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, вусъати ҷаҳонбинии ҷавонон ва тарбияи ахлоқии онҳо, пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои экстримистӣ, ҳамзамон иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба нақши адибон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки мувофиқи нақша ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳои ноҳия вохӯриҳо анҷом диҳад. Маҳфили мазкур дар як моҳ чор маротиба, ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар китобхонаи марказии ноҳия баргузор гардида, дар он навқаламон маҳсули хомаи худро ба муҳокимаи устодон пешниҳод менамоянд. Ҳар як аъзои маҳфил дар зарфи 20–25 соли охир муваффақиятҳои назаррас ба даст овардаанд.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top