Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ИФРОТГАРОӢ ВА МУБОРИЗА БА ОН 

Пешрафти давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама аз риоя  қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстримизм равона гардидааст.

Яке аз масоили ҷиддии ҷаҳон муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди тундгароӣ, ифродгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад.  Бештари  ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ сурат мегирад, ки ин хатои маҳз аст. Зеро дар дини мубини ислом рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшиданӣ.

Хусусиятҳои ифротгароӣ ва афзоиши шумораи ҷавонон ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомил шуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тағйир додани мафкураю боварии онҳо зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд. Намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф тадбирҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳоро меандешанд, ки боиси вусъат пайдо намудани ифродгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон намегардад.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ таҳлилҳои имрӯза ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодааст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба минтақаи Осиёи Миёна, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид карда истодааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар давраи 27-соли Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ таҳдид мекарданд, дар ин самт бевоситаи гурӯҳҳои гуногуни ҷиноӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ муҳим буданду мемонанд. Вақтҳои охир шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои хавфноки трансмиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зархаридӣ ва дигарон ба назар мерасанд, ки дар ин кирдорҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бевосита иштирок менамоянд.

Мутаассифона,  имрӯзҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои омодагии зархаридони хориҷӣ  ба назар мерасанд, ки мо шоҳиди ин ҳолатҳо шуда истодаем. Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти басо хавфнок буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва муттақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд.

Дар раванди мубориза бо ДИИШ фаромӯш набояд кард, ки шумораи муайяни ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар сафҳои он меҷанганд, ки таҷрибаи ҷангӣ пайдо мекунанд, оқибат ба ватан бар мегарданд. Ин шаҳрвандони гумроҳ барои Тоҷикистони азизу маҳбуб хатари ҷиддӣ ҳастанд. Бархе аз ҷавонони Тоҷикистон, ки дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, ғояҳои ин гурӯҳҳои террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои техникии замонавӣ ҳамин таълимотро ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дӯстони худ талқин намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои пайвастаи хеш ҷавононро ояндаи миллат ва давлат ёдовар мешавад. Гузашта аз ин тамоми кӯшишу ғайрати худро барои муҳайёсозии шароити моддӣ ва маънавии ҷавонон ва беҳбудию мушкилоти ҷойдоштаи ин насли созандаи имрӯз ва ояндаи ҷомеа равона менамояд. 

Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ (алалхусус шабакаҳои интернетӣ) бо истифодаи моҳирона аз ногоҳиву бехабарии гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир додани мешаванд. Бинобар ин ҳам, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зарурияти бартараф намудани рушди экстремизм аст. Аз ин рӯ, ба муқобили ифродгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, ки барои ҷомеаи мо бегона мебошанд мубориза бурда, барои пешгирӣ намудани он чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст.

Коршиносон терроризмро ба намудҳои гуногун, монанди давлатӣ, маҳаллӣ, фардӣ, нашъатерроризм, мазҳабӣ, иттилоотӣ, ва фарҳангӣ тақсим мекунанд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сарбарорем.

Мо-ҷавонон бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед нагӯем. Пеш аз ҳама тоҷик ва тоҷикистонӣ бошем, ки як миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсиву ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишу манфиятҳои дигар болою воло бошад.

Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Имкони таъмини ҳамаи онро дорем. Бояд якҷоя дастаҷамъона меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем.

Ҷавонони фаъоли ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top