Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҲАРАКАТИ ИФРОТГАРОИРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Тавассути тамоми расонаҳои хабарӣ ҳаракатҳои ифротгароии як гурӯҳи ТЭТ ҲНИ дар Варшава тамошо кардем.  Ин гурӯҳ сӯйи истифода аз наврасон ҷавонони гумроҳ карда, ба ҳадафҳои зишти хеш мехостанд расанд.

Андеша  намоед, ки ТЭТ ҲНИ бо вуҷуди он, ки чунин амалҳоро ба анҷом мерасонанд, боз худро ҳомиёни дини ислом ҳисобида хешро бунёдгари давлати исломӣ дар ҷаҳон эълон медоранд, ки даъвои ифротгароёна аст.

Ҳамчунин чанде пеш ин гурӯҳҳи ифротӣ ба ҷони сайёҳони хориҷӣ сӯйиқасд карданд. Магар қатли шахсони бегуноҳ дар дини мубини ислом раво мебошад? Ҳеҷ гоҳ не?! Бо амалҳои номардона ва нопокашон магар онҳо тарафдорони худро меёбанд? Ҳаргиз не. Бо вуҷуди ин боз масъулияти ин ҳодисаро бешармона ба дӯши худ  гирифтанд.

Чунин ҳодисаҳо бештар дар давлатҳое, ки аксарияти аҳолиашон мусулмонон аст, аз он ҷумла  дар Миср, Либия, Сурия, Ироқ, Афғонистон рух медиҳанд.

Нияти ифротгароён танҳо ғасби ҳокимият мебошад, на ба хотири   ислом. Барои онҳо миллат, давлат, ҷони одам, ҷони кӯдаку калонсолон, марду зан ягон арзише надорад. Барои расидан ба ниятҳои нопоку ваҳшиёнаи худ онҳо қодиранд ба ҳама гуна  амалҳои нангин даст зананд. Чунин ҳодисаҳоро, ки ҷомеаи башарӣ ёд надорад, ҳар як  фарди миллатдӯст ва бо нангу  номуси  Тоҷикистон, мову шумо  бояд қотеона  маҳкум намоем. Заминаҳое, ки барои ба вуҷуд  омадани ин амалҳои нангин мусоидат менамоянд, бе чуну чаро  ошкор ва  решакан  карда шаванд. Ташвиқоту тарғиботи ғояҳои экстремистӣ аз ҷониби  доираҳои  иғвоангези  иртиҷоӣ пешгирӣ  ва маҳкум  карда шаванд. Аз ҳама муҳим барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон  насли наврас ҳар чи бештар бояд ба омӯхтани илмҳои дунявӣ ҳидоят карда шавад.

Вобаста  ба масъалаи мазкур аз ҳамаи фаъолони ноҳия хоҳиш карда мешавад, ки аз ҳодисаи рух дода дар оила, дар муассисаҳои таълимӣ, байни коллективҳои меҳнатӣ, корхонаҳо маҳаллаҳо ва ҳамсояҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд. Ҳамзамон  барои пешгирии чунин ҳодисаҳо моро зарур аст, ки ба бетарафӣ роҳ надода, нисбати шахсоне, ки фарзандонашонро дар назди шахсони номаълум ба омӯзиши равияҳои ба мо бегона ҳидоят менамоянд, тавсияҳои муфид диҳем.

Нагузорем, ки бо ниятҳои номубораки ифротгароён амнияти миллии моро халалдор созанд. Ҷавонону наврасони моро бо фанду фиреб ва ваъдаҳои осмонӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ки оқибаташ ба марг мерасонад, ҷалб намоянд.  Бояд ҳамаи мо амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатиамонро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат кунем.

Аҳли қалами маҳфили адабии «Гулбарг»

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top