Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

МО-ТОҶИКОН ФИРЕФТА НАМЕШАВЕМ

Дар тамоми ҷаҳон ҷавонон ҳамчун неруи пуриқтидори бунёдкор, пешбарандаи ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Онҳо қувваи бузург ва  бақои умри ҳар як миллат ба шумор мераванд. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир,  гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз мақсадҳои нопоки гурӯҳии худ фаъолиятҳои даҳшатнокро идома дода истодаанд.  Барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ  гурӯҳҳои ифротгаро танҳо аз неруи ҷавонон ва наврасон истифода менамоянд, ки ин зарбаи ҷонкоҳ ба рушди ҳаёти осоиштаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мезанад. Бинобар сабаби надоштани дониши динию дунявӣ ва паст будани мафкураи сиёсӣ баъзе аз ҷавонону наврасонро бо усулҳои гуногун фирефтаи худ намуда, дар зери ниқоби дини мубини ислом  барои  ноилшавӣ ба манфиатҳои ғаразноки  худ  истифода мебаранд. Баъди анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон бозингарони сиёси ҳадафу ғаразноки  худро бо роҳҳои гуногун идома бахшидаанд. Бояд қайд намуд, ки чунин нақшаю барномаҳои ғаразнок аз охири қарни 20-ум ва оғози қарини 21- ум яъне замони муосир дар ҳоли рушд қарор доранд. Мутаассифона, дар рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолии Тоҷикистони   азизамон бо истифода аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ  ва паст будани мафкураи сиёсӣ ва динии бисёре аз ҷавонони тоҷик душманону хоинҳои миллати тоҷик тавонистанд, ки  кишварро гирифтори ҷанги таҳмилӣ намоянд.  Дар он рӯзҳои пурдаҳшат Тоҷикистон гирифтори ҷанги бародаркуш шуда буд. Дар он рӯзҳо падар аз писар ва бародар аз бародар шубҳа менамуд, ки ин замон ё  замони дигар кушта мешавам. Хулоса, касе ба  сохтори давлатию ғайридавлатӣ эътимод надошт. Дар он рӯзҳои сангин тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буд, ки ҳеҷ як идораи давлатию маъмурӣ кафолати таъмини амниятро бар дӯш намегирифт. Дар муддати як сол Тоҷикистон ба коми оташ (соли 1992)  фурӯ рафт, ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳ кушта шуданд ва зиёда аз як милиён нафар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон,  Ӯзбекистон ва Руссия ҳиҷрат намуданд, ки  барои миллати тоҷик хатари бузурги аз байнравиро овард. Дар мамлакат танҳо ҷавонони силоҳбадаст ва низомиён боқӣ монданду халос. Бе муболиға Худованд дар ҳар садсолаҳо барои наҷоти миллатҳо як нафар наҷотбахш ё мубалиғро ато менамояд, то ин ки миллатро сарҷамъ намояд. Барои миллати тоҷик он рӯзҳои хунин ҳеҷ гоҳ фаромӯшношуданист.  Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) абармарди сиёсиеро рӯи саҳнаи сиёсат овард, ки аз суханони нахустини худ гуфта буд,  “ман ба шумо сулҳ меоварам”  ин суханони инсондӯстонаи ӯ дар назари нотавонбинон ва хоинҳои миллат як хаёли бофта менамуд. Чи тавре, дар урфият мегӯянд: “Вақт довари асосии ҳамагон аст”. Бо гузашти рӯзҳо ва солҳо мардуми  Тоҷикисон ва ҷаҳон  ин сиёсатмадорро ҳамчун сиёсатмадори ҷаҳонӣ этироф менамоянд.   Дар рӯзҳои вазнин мардуми тоҷик ба як буридаи нон зор буд,  ва аксари кӯдакону наврасон гирифтори бемориҳои сироятӣ гардиданд, ки ба солимии ҷомеа хатари бузург эҷод менамуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дастархони мардуми тоҷик пур аз нозу неъмат,  кабӯтари сулҳу субот дар авҷи парвозҳои баланд аст. Зери роҳбарии Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон.

Вале имрӯз боз ҷавонони гумроҳе ёфт мешаванд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ва ғайраҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, ҷони худу пайвандонашон зери хатар мегузоранд.

Амали террористие, ки ҷавонони гумроҳ рӯзи 29 июли соли 2018-ум ба сайёҳони хориҷӣ сӯйқасд намуда, агар дониши казоӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин амали зишт даст намезаданд. Ҳамон ҷавононро зархаридони хориҷӣ ба роҳ бурданд ва онҳоро водор намуданд, ки даст ба чунин  амал зананд...

Мо-табибон  бо  шукргузорӣ  сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатро дастгирӣ ва барои ободии кишвари маҳбубамон талош доранд. Ҳамаи мо бояд хуб донем, ки ҳеч як миллат барои мо кишвар бунёд намекунад ва танҳо барои манфиатҳои  худ фаолият менамояду халос. Дар ҳоле, ки  ҷомеаи башариро ҷунбишҳои сиёсӣ фаро гирифта аст, аз тамоми ҷавонони мамлакат танҳо зиракии сиёсиро талаб менамояд. Моро водор  менамояд, ки пайи андешаи миллӣ ва Истиқлолият дар атрофи Пешвои миллат ва барои ободонии ватани маҳбубамон камари ҳиммат бандем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо-тоҷикон  Тоҷикистони сепорчаро ба як  давлати воҳид табдил дода, барои мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, сулҳу субот  дар Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст. Ин имконият медиҳад, ки дар чор фасли сол аз тамоми гӯшаю канори мамлакат аз ҷануб ба шимол ва аз шимол ба ҷануб инчунин ноҳияҳои тобеи марказ сафар карда, аз манзараҳои биҳиштосои мамлакати азизамон дидан намоем. Барои мустаҳкам намудани робитаҳои дӯсти байни дигар давлатҳо  заминаи мусоид ба вуҷуд оварда шудааст.   Ҳамасола бо ташаббуси ҳукумати кишвар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ,  семинару конференсияҳо доир мегарданд, мо метавонем аз таҷрибаи якдигар баҳраманд шавем. Бемуболиға имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои ободию осудагии шабу рӯз заҳмат кашида истодааст. Чунин заҳмату талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои мо-табибон мояи ифтихор ва сарбаландӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷавоб бо ин  ғамхориҳо мо табибон ба халқу ватан содиқона хидмат намоем.

300 нафар корманди КАТС-и ноҳияи Вахш 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top