Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Изҳороти аҳли маорифи ноҳияи Вахш

Мо-маорифчиён шукронаи тинҷию амонии давлати биҳиштосоямон мекунем, ки дар зери Парчами сулҳу субот, ваҳдатофари кишвари ягонаамон зиндагӣ менамоем. Шукронаи марди оқилу доно, хирадманду саховатпеша, ки имрӯз давлату миллати тоҷикро беш аз 190 давлати дунё мешиносанд ва хоҳони онанд, ки аз обҳои мусаффояш, аз кӯҳҳои сарбафалак, аз гиёҳҳои дармонбахш дидан намоянд. Истиқлолият- хандаи беғаши кӯдакон, шодию нишоти модарон, фазои софу беғубори кӯҳсорон ва шуҷоати мардони накуном мебошад.

Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Саҳифаи таърихи 27-соларо варақгардон намоем, басо таъсирбахшу нобахшиданист. Ҳазорҳо ҷавони бегуноҳ, ҳазорон кӯдак ятим, ҳазорҳо модари фарзандгумгумкарда, ки то ҳол чашм ба роҳи фарзанд нигаронанд. Ҳазорон хона валангору оилаҳо зиндаҷудо вуҷуди ҳар фардро то мағзу устухон месӯзонад. Ҳатто лаҳзае буд, ки аз хона қадам бурун ниҳода намешуд, тарсу ваҳм мардумро фаро гирифта буд…

Пас, чаро мо-тоҷикон шукрона накунем? Ба қадри заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқу миллат ҷони хешро рӯйи каф гузошт, то мамлакатро тинҷу осуда ва сулҳу суббот расонидааст, нарасем?

Ҳодисаи нангине, ки рӯзи 29 июли соли 2018-ум дар ноҳияи Данғара рӯй дод, мо-аҳли маорифро бетараф гузошта наметавонад. Ин зарба натанҳо ба он нафароне, ки ба сад умед Тоҷикистоне, ки онро «Биҳишт» меноманд, мехостанд аз наздик бубинанд, ноумед сохту номи тоҷиконро доғдор кард. Ин гунаҳе буд нобахшиданӣ, ки он нохалафон фикр накарданд, ки бо амали зишти худ шаъну шарафи тоҷикро паст мезананд. Аммо «Ҳар кореро оғоз ҳасту анҷом низ», як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ андеша накарданд, ки аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба 9 миллион расидаасту ҷавонмардони шуҷоъи ватан хоки муқаддаси Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм пос медоранд ва намегузоранд нохалафе қадами номубораки хеш ба марзу буми аҷдодиамон гузорад.

Ҷавонони даврони истиқлол соҳибиродаанду бо дасту бозуи рустамона кӯшиш менамоянд, ки Ватан-модари хешро азизу муқаддас донанд. Ҳаргиз намегузоранд, ки дасти нохалафе, роҳгумзадаи бемаърифате санг ба сӯйи миллати тоҷик афканад. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷавонони шуҷоъ ватан дар ҳимояи марзу бум содиқонаву софдилона хидмат менамоянд.

Саволе ба миён меояд, ки: Оё нафароне, ки ин гуноҳи нобахшиданиро ба воситаи ҷавонони гумроҳ ба анҷом расонидаанд, заррае имон, виҷдон, нангу номус дошта бошанд? Ҳол он, ки шахси соҳимақл мӯрро озор намедиҳад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки ягона  мақсаду мароми ТЭТ ҲНИ халалдор кардани осоиши мардуми Тоҷикистон аст. Аммо «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад»-гуфтаанд дар урфият.

Мо-аҳли маорифи ноҳияи Вахш ин амалҳои зиште, ки дар ноҳияи Данғара ва Варшава рух дод маҳкум менамоем ва намехоҳем, ки «Нокаси  бологузар», «Хизматгори хоҷагони хориҷӣ»  аз обу ҳавои Тоҷикистони азиз нафас кашад. Оби ширину хоки муқаддаси Ватан-модар барои Муҳиддин Кабирию ҳаммаслаконаш ҳаром  аст!!!!

Аҳли маорифи ноҳияи Вахш

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top