Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ватан ободиат ободии мост

Изҳороти аҳли зиёи ноҳияи Вахш дар вокуниш ба амалкардҳои фитнаҷӯйнаи ТЭТ ҲНИ ва ҳампаймонҳои онҳо

Мо-аҳли қалам ва зиёиёни ноҳияи Вахш аз талошҳои табоҳкорона ва ҳаракатҳои хоинонаи як гуруҳ ифротиёни ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо, ки ба қавле байни худ паймон бастаанд аз расонаҳои хабариву шабакаҳои интернетӣ воқиф гашта, ҳамгуна кӯшишҳои он ифротиёнро қатъиян маҳкум менамоем! ТЭТ ҲНИ-и сияҳкору  фитнаҷӯ  ва ҳаммаслакони онҳо ҳамчун сагони вафодор бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони аҷнабии  тоҷикситезашон аз рӯи сенарияи куҳна пешо пеши ҷаласаи    солонаи САҲА ба гурӯҳҳои иборат аз 2-3 нафар ашхоси бесаводу бехирад, ҷинояткору беҳунар  зери номҳои гуногун вале дар асл ҳамагӣ фармонбардори як хоҷа чун доғи сиёҳ зуҳр карда, бешармона гӯё байни худ ба созиш расида, дар таъсиси боз як гурӯҳи ҷангҷӯ бо номи «Паймони Миллии Тоҷикистон» мувафақ шуда бошанд. Ҷангҷӯёни  бесаводу бефаҳми наҳзатӣ дар расонаҳои хабарӣ дар бораи як коғази беарзиши худ бо номи  Эъломия   хабар паҳн кардаанд. Аз ин  амали хандаовару шармандавори онҳо аён мегардад, ки на фақат наҳзатиёни ифротӣ балки хоҷагону сенариянависонашон ҳам бесаводу бехирад будаанд. Онҳо ҳатто намедонистаанд, ки зери мафҳуми эъломия (декларация) «як санади расмии давлатӣ аст, ки усулҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии ҳар давлат, принсипҳои фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ё баёнгари мавқеи онҳо доир ба ягон масъала буданро дар бар мегирад» ифода меёбад.

Мо ин амалкарди наҳзатиёни иғвогару ифротиро ҳамчун пайравии кӯр-кӯрона аз устодони онҳо арзёбӣ намуда, изҳор медорем, ки таъсиси ҳамагуна паймону созмонҳои ҳамсон баҳри халалдор кардани фазои сулҳу субот ва барҳам задани ваҳдати миллӣ мебошад!

Дар ибтидои солҳои истиқлолият  натиҷаҳои даҳшатноку фалокатбори    гурӯҳбозиву таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва иттиҳоди ифротиёнро мардуми шарифи кишвар ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд. Маҳз ҳамин гуна тафриқаандозиву фитнаҷӯӣ буд, ки ватани маҳбубамонро ҷанги бародаркӯш фаро гирифта, садҳо ҳазор фарзандони бегуноҳи миллат қурбонии ҷанг гаштанд. Дар панҷ соли идомаёфтани ҷанги бародаркӯш иктисодиёти кишвар ба куллӣ фалаҷ гашта зиндагии мардум табоҳ гашта буд. Дар давраи баъди ҷангӣ бошад то дер боз мардум аз норасоии маводи хӯрока ва дигар лавозимоти ҳаётан муҳим азият мекашиданд. Ҳамин минвол дар мисоли Ҷумҳурии арабии Сурия, низ натиҷаи ҳизббозиву таъсиси созмону ташкилотҳои гуногуни мухолифинро бараъло дида мешавад, ки як кишвари орому аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ба чи ҳолат гирифтор гаштааст. 

Бинобарин мо-зиёиёни ноҳияи Вахш оқибатҳои фалокатбори фаъолияти тундгароиву ифротии ТЭТ ҲНИ ва ҳампаймонҳои онҳоро дарк намуда, аз тамоми мардуми кишвар бахусус аз ҷавонони саодатманди миллат эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои наҳзатиён нагардида, сулҳу оромии мавҷударо чун гаҳвараки чашм ҳифз намуда, ҳамагон баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани ватани азизамон талош варзем.

Ватан ободиат ободии мост,

Ҳама нокомииат нокомии мост.

Туро ҳаргиз набошад айбу доғе,

Агар бошад нишони хомии мост.

Зиёиёни ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top