Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

АЗ ПӮШТ КОРД ЗАДАНИ ДУШМАН

Гургзода гург шавад,

Гарчанде бо одамӣ бузург шавад.

 Саъдӣ

Дар таърихи 29 июли соли 2018 воқеаи ғайричашдошт ва бисёр нангин рух дод, ки кулли мардуми шарифи ҷумҳуриро ба ташвиш оварда, нисбати ташкилкунандагони ин ҳодиса нафрат ва лаънат карданд.

 

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.

Сураи Ҳуҷурат ояти 13

«Эй мардум Худованд шуморо аз як мард (Одам (а) ва аз як зан (Ҳаво) ҳамчунин қабила-қабила халқ кард. (яъне бо бисёр забонҳо) то ин ки шумоён байни ҳамдгар муомила кунед».

Саъдии бузургвор ин ояти дар боло зикргардидаро дар шеъраш ҷойгузин кардааст:

Байни одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ. 

Ё ин ки:

Он дев бувад он Одамизод,

К-аз андӯҳи мардумон шавад шод.

Дар ҳақиқат мардуми сарбаланд ва тоҷдори тоҷик аз қадимулайём дар таърих мардуми сулҳдӯст, сулҳпарвар, меҳмоннавозу меҳмондӯст машҳур гаштааст. Мутаассифона, баъди шунидани ин ҳодисаи гушношунид аз тамоми расонаҳои хабарӣ пахш мегардид, ғаму андӯҳи мардум ҳадду канор надошт. Лекин мардуми шариф ба Ҳукумату давлат ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, неруҳои амнияти боварии қавӣ доштанд, ки дер ё зуд шахсони гунаҳкорро дастгир намуда, ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Худованди бузург дар Қуръони азимушаън дар сураи Зориёт, ояти 24 нисбати эҳтироми меҳмон мефармояд: «Мо фиристодем ба Иброҳим (а) меҳмонро пас икром кард».

Бинобар ҳамин эҳтиром ва икроми меҳмон воҷиб мебошад. Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (С.А.С) мефармояд: «Ҳар касе аз умматонам ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, бояд меҳмонро эҳтиром намояд». Яъне маънии ҳадис ин аст: «Шахси имондорро аз шахси беимон ба ҳамон ҷудо карда мешавад, ки ба меҳмонон хиёнат на, балки меҳрубонона рафтар кард». Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки ташкилоти экстремистӣ-террористӣ, Ҳизби Наҳзати Ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба Худо ва пайғамбари ӯ имон надоштанд. Агар имон медоштанд, ба ин дараҷа нисбати меҳмонон «хунрезии ваҳшиёна» анҷом намедоданд, аз ин амали «Разилона» баръало маълум мегардад, ки ТЭТ ва ҲНИ пайравӣ аз Худо ва пайғамбари Худо накарда, балки пайравӣ аз хоҷагони паси парда ё хориҷии худ пойбанд мебошанд.

 

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.

 

Дар китоби «Мушкоти шариф» аз пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (С.А.С) омадаст: «Агар шахс дар қавме (шаҳре) меҳмон шавад, бас нисбаташон беэҳтироми карда шавад, ҳақ дорад, талаб намояд, ҳаққи меҳмонии худро».

Акнун бояд донист, ки кадом андоза меҳмон нисбати шахси мусулмон аҳамият ва ҳақ дорад. Дар китоби «Қассос-ул-анбиё» омадааст: «Ҳазрати Иброҳим (а) дар хонааш марде дохил шуд ва аз Иброҳим (а) иҷозати шаб истоданро пурсид. Ҳазрати Иброҳим (а) розӣ нашуданд. Марди меҳмон ранҷ кашида, роҳи худро идома дод.

Ҳазрати Ҷабраил (а) ба назди Иброҳим (а) омаданд ва гуфтанд: Меҳмонро озор дода, аз хона пеш кардӣ, Аллоҳ таъоло салом мегӯяд. Ва илло ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) аз ӯ рози намебошад.

Иброҳим (а) гуфт: -Меҳмон аз дин бегона аст?

Ҷабраил (а) гуфт:-Фарзанди ҳазрати Одам аст ва болои ту ҳақ дорад. Ҳазрати Иброҳим (а) тарсид. Дав-давон ба роҳ баромад, дид, ки дар масофаи  дур бо уштур ҳаракат карда истодааст. Ба ӯ овоз дода, наздик шуд. Аз меҳмон узри бисёр пурсид. Меҳмон низ дар тааҷҷуб монда, аз ҳазрати Иброҳим пурсон шуд: -Ту ҳамон шахсе нестӣ, ки маро аз дари хонаат пеш кардӣ?

Ҳазрати Иброҳим дар ҷавоб гуфт:- Бале.

-Пас чаро маро боз ба хонаат даъват месозӣ?, боз пурсид меҳмон.

-Ман пайғамбари Худо Иброҳим алайҳиссаломам. Нисбати шумо беҳурмати карда, шуморо аз дари хонаам рондам. Худованди якка ва ягона маро таҳти ъиқоб (уқубат, яъне подоши амал) қарор додаст. Бинобар ин ман аз шумо беҳисоб узр мепурсам.

Марди меҳмон дуру дароз андеша кард, нахост, ки баргардад, чунки аз муомилаи зишти соҳибхона дилсард шуда, сахт ранҷида буд.

Лекин як сухани пайғамбари Худо ӯро ба ваҳҷ овард, ки барои мани аз дин бегона ин уқубатро Худованд барои пайғамбараш раво дида бошад, пас вой бар ҳоли мо. Ба суханҳои пайғамбари Худо Иброҳим (а) розӣ шуда, мегӯяд:

-Дар ҳақиқат ай Иброҳим (а) Худои ту Ҳақ аст. Бингаред, ки бар даргаҳи Худованд байни фарзандони Одам (а) ҷудоӣ тафриқаандозӣ вуҷуд надорад. Ман ба Худои ту ва дини ту имон овардам, эй Иброҳим».

Ҳазрати Иброҳим гуфт: -Минбаъд се хислатиро риоя мекунам:

  1. Меҳмонро эъҷоз кардан;
  2. Ҳаққи ҳамсояро риоя кардан;
  3. Раҳму шафқат нисбати ятимон;

 

Дар чаҳор китоб шайх Аттор мефармояд:

Эй бародар дор меҳмонро азиз,

То биёби иззат аз Раҳмон ту низ.

Ҳар ки меҳмонро гиромӣ мекунад,

Кӯшише дар некномӣ мекунад.

Меҳмонро: Эй писар эъҷоз кун,

Гар бувад кофар бар ӯ дар боз кун.

Меҳмон рӯзӣ ба худ меоварад,

Пас гуноҳи мизбонро мебарад.

Ҳар ки меҳмонро ба рӯйи тоза дид,

Аз Худо алтофи беандоза дид.

Аз гуфтаҳои боло, яъне оятҳо, ҳадисҳо ва ривояте ки аз бузургон сарфи назар кадом як китоби динӣ ё ғайридиниро варақ назанем, нисбати меҳмон арҷ мегузорад. Лекин шахс дар тааҷҷуб мемонад, ки гурӯҳҳои ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар қиёмат дар назди Худованд чи посух медода бошанд?

Тараҳҳум бар паланги тез-дандон,

Ситамгарӣ бувад бар гӯсфандон.

Наход обу нони Тоҷикистони азиз, Муҳиддин  кабирию ҳаммаслаконашро кӯр насозад? Магар ӯву пайравонаш аз обу хоки ба ин мартаба (агар онро мартаба номидан ҷоиз бошад) нарасидааст? Носипосиҳои Муҳиддин Кабириро бахшида наметавонем. Чунки шайх Саъдӣ мефармояд:

Давоми давлат андар ҳақшиносист,

Заволи неъмат андар носипосист.

Агар фазли Худой бар худ бидонӣ,

Бимонад бар ту неъмат ҷовидонӣ.

Чи додат лутфу эҳсону накӯӣ,

Ҳаромат бод агар шукраш нагӯӣ.

Обу хоки Тоҷикистони азиз баро Кабирию ҳаммаслаконаш ҳаром аст!!!

Ҳикматулло Сиҷоатов, сархатиби масҷиди марказии ба номи Ҳазрати Одам (а)-и ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top