Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ёдгориҳои таърихии ноҳи Аҷиннатеппа

Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст.

Аҷиннатеппа аз маркази ноҳия 11 км дур дар ҷамоати шаҳраки Киров ва 15 км дуртар аз шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ҷойгир шудааст.

Соли 1959 дар масофаи 3 км аз роботи ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз тарафи олим Т. И. Зеймал кашф гардидааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан Аҷиннатеппа набуда, ин унвон солҳои 40-уми асри 20 ба он дода шудааст. Тибқи ривояти мардуми маҳал солҳои 40-уми асри 20 дар натиҷаи боридани боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохие ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳаллиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, Аҷиннатеппа номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст.

Аз соли 1961 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (бо роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал) мунтазам ҳафриёт доир карда, соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом мерасад.

Аҷиннатеппа бинои росткунҷашакли вусъаташ 100 х 50 метр, баландиаш 6 метр мебошад. Аз ду қисмати мутаносиб иборат буда, бо роҳрав қисмҳо ба ҳам мепайванданд, ки қисмҳоро дар рафти таҳқиқ шартан «дайр» ва «маъбад» номгузорӣ кардаанд. Дар миёнҷои «дайр» ва «маъбад» ҳован ҷой дорад. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯи тарҳи иморатсозии чорайвона бино ёфта, бино аз похса ва хишти хом, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рӯйи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд.      Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбаздор будаанд. Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19 х 19 м), ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор, биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав ба ҳам мепайваст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб, шифту девор, нақшу нигор, муҷассамаи бисёр дошт.

Ҳангоми ҳафриёт порчаҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 метр, ки дар маркази бино воқеъ буд, ёфт шуд. Поёни деворҳо, рӯи суфаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро ёфтаанд. Дигар биноҳои дайр ва ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доранд. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 14-метраи якпаҳлӯ хобидаи Буддо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди буддоиҳои нишаста ёфт шудаанд.

Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангу бор додаанд. Тасвироти Аҷиннатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна ба ҷо оварда шудааст. Нақши иблис, роҳиб ва одамони одӣ низ ҳастанд. Дар вақти ҳафриёти Аҷиннатеппа бисёр бозёфти шайъӣ – сафол, маснуоти шишагӣ ва филизӣ, сиккаҳо ёфт шуданд. Хусусан сиккаҳо ҷолиби диққатанд. Аҷиннатеппа тақрибан 100 сол фаъолият дошта, ба тахмин дар солҳои 40-уми асри 8 дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардидааст. Ҳафриёти Аҷиннатеппа аҳамияти илмӣ дорад. Аҷиннатеппа нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра тадқиқ карда шудааст.

Минбаъд дар роҳи корвонгарди аз Балх ба сӯи шоҳроҳи Шумон (Ҳисор), Вашгирд, Ғуркан (Ғарм), Чин, Ҳулбук, Фархор, Бадахшону Ҳиндустон ҷой дошт ва ба тоҷирони ҳинду ва чинӣ хизмат менамуд.

Ёдгории таърихии Аҷиннатеппа дар қатори се ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, ки дар Роҳи Бузурги Абрешим мавҷуданд (Хоҷа Машҳад (ноҳияи Шаҳритуз), Тахти Сангин (ноҳияи Кубодиён) ва Ҳулбук (ноҳияи Восеъ), ба феҳристи номинатсияи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top