Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд.                

                                                                                                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН.

 

Терроризм ин падидаи мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатовар мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно дарҷ гардида буд:

Дар маънои «тарс», «даҳшат».

Дар маънои «предмети тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат».

Яъне: «Террор» - ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ё ин ки баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.

«Терроризм» - бошад ин даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади мафҳумро васеътар намудааст. Содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо.

Худи террорист бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаднок қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».

Бо таъсири ваҳмангези худ терроризм ё ба доираи васеи шаҳрвандон ва чун қоида ба доираи номаълум, баъзан ба аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ё ба шахси мансабдори мушаххас ва мақомоти ҳокимият, ки дорои ҳуқуқи қабул кардани қарорҳои ташкилӣ – идоракунӣ мебошанд, равона карда шудааст.  

Мақсади асосии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.

Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстремизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро  донистан ва фаҳмидан зарур аст.

Мақсади онҳо - моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ,  ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва дар маҷмуъ ғараз аст.

Ҳама дастовардҳои ҳар як давлат бевосита бо фаъолияти насли ҷавонони ҳушёру зирак алоқамандӣ дорад. Агар ҷавонон ин ояндаи генафонди миллат бошанд, он гоҳ ҷавонони болаёқатро мо метавонем гарав ва кафили обрӯю эътибор ва посдорандаи шаъну шарафи миллату ватан ҳисоб намоем.

Маҳз ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат метавонанд, таъриху миллати ватани худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, аз сатҳи баланди маданияти худ, донишмандӣ ва садоқатмандӣ дар назди ватани худ гувоҳӣ дода, номбардори миллату  Тоҷикистони азизу маҳбубамон бошанд. Барои ҳамин ҳам асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумат ин дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида, баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Аммо ба ҳама саъю кӯшишҳои давлату Ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремистӣ (ифротгароӣ), нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасанд, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.

Зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон, омили амнияти миллӣ, дифои ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, дар ки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.              

 

Ф. Зоҳидзода,

муовини раиси ноҳияи Вахш

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top