Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолону сокинони ноҳия 

Дар ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯрии комиссияи таблиғотии ноҳиявӣ ҷиҳати маънидодкунии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гашта истодааст. Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо пеш аз ҳама ба сокинони ноҳияи Вахш фаҳмонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ва вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд.

Баромадкунандагон муҳимтарин нуктаҳои Паёмро бо далелҳои эътимоднок ва мисолҳои мушаххас шарҳу тафсир карда, саҳми арзанда ва иштироки фаъолонаи ҳозиринро дар иҷрои вазифаҳои дарпешистода таъкид намуданд.

Дар фароварди ҷамъомад муовини раиси ноҳия Фариштамоҳ Зохидзода изҳор дошт, ки ҳамаи сокинони ноҳияи Вахш ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқатмандона кӯшиш хоҳанд намуд.

Cармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат»: А. Солеҳова.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top