Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ватанро дигар қисмат макун!  

Ватан, Модар, Миллат ин вожаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки таҷассумгари меҳру муҳабат, садоқату матонат, нангу номуси нафақат шахсеро балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфарҳангии   ҳар як қавму миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар ин радиф миллати тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик дар давраҳои гуногуни мавҷудияти хеш, тавассути фарзандони фарзонаву баруманд, бо заковату соҳибилм ва матиниродаву босадоқаташ ба худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Вале мутаассифона дар ҳар давру замон фарзандони ноқобилу аҳримансиришташ, ки вуҷудашон аз ҳирси чизпарастиву мансабталошӣ ташаккулёфта бар ивази пулу мол ва ҳимояи шармандасори хоҷагони аҷнабӣ арзишҳои мардонагиву миллии худро ба осонӣ барбод дода, даст ба хиёнати ватану миллати хеш задаанд, низ кам нестанд. Хусусан дар замони муосир ТЭТ ҲНИ  бо суйистифода аз қонунҳои демократӣ ва башардӯстонаи кишвари азизамон ҷавонони бетаҷриба, камсавод ва ноогоҳро зери пардаи пайравӣ ва ҳифзи арзишҳои дини мубини Ислом мағзшӯи намуда, дар асл ҷиҳати иҷроиши амру фармонҳои хоҷагони аҷнабиашон мардуми кишвари худро аз арзишҳои милливу мазҳаби аҷдодиашон дур намуда, ба тақлиди кӯр кӯронаву  гаравидан ба мазҳаби ботили бегона таҳрик медиҳанд. Роҳбарони ин ташкилоти ифротӣ кайҳо боз худ дарк намудаанд, ки дар дохили кишвар ба ҷуз шумораи хеле каме одамони камсаводу аз сиёсат дур, ки он ҳам аксаран аз хешу табори худи онҳо иборатанд, дигар касе ҷонибдорашон нест. Аз инҷост, ки онҳо аз тарси нафрати мардум рӯ ба гурез ниҳода дар ҳар кунҷи дунё худро дар оғӯши хоҷагони аҷнабиашон партофта дар ҳаққи давлату миллати тоҷик туҳмату бадгуиҳо намуда истодаанд. Руйдоди нанговару шармсоркунандае, ки ахиран дар пойтахти Полша шаҳри Варшава бо таъсиси эътилофи мухолифин бо номи Паймони миллӣ ба вуқуъ пайваст, бори дигар собит намуд, ки барои ТЭТ                                                          ҲНИ ва гуруҳчаҳои ҳаммаслакаш ҳамагуна арзишҳои  миллӣ қимате надоранд ва иҷроиши дастуру амри хоҷагони хориҷӣ дар авлавияти  фаъолияти табоҳкоронаи онҳо ҷойгузин мебошад. Ҳамаи он чор гуруҳи ифротие, ки зери як чатри сиёҳ бо ҳам паймон бастаанд, аслан ҳамагӣ аъзо ва ё ҷонибдорӣ ТЭТ ҲНИ буда, 3-4 нафари тақсим гашта ба худ номҳои гуногун гузоштаанд.   Ифротгароёни хоин амали маккорнаи худро бо ҳадафҳои муғризона барои ба чашми чомеаи ҷаҳониву кишвар хок пошидан ва худро ҳамчун иттиҳоди пойбанд ба арзишҳои демократӣ ҷилва додан роҳандозии намудаанд. Вале кайҳо парда аз рӯи аслии наҳзатиёну пайравони гумроҳашон бардошта шудааст ва аён гашта, ки ҳадафи ин гуруҳи табоҳкор бо роҳи зӯриву қатлу куштор барҳам задании сохти конститутсионӣ ва бунёди давлати мазҳабӣ буда, ба демокртияву дунявият робитае надоранд. Хушбахтона мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои нопоки наҳзатиҳо кайҳо боз огоҳӣ ёфтаанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки кучактарин ҳадафи нопоки онҳо амалӣ гардад. Зеро бар асари хоиниву ваҳшату даҳшатафканиҳои ТЭТ ҲНИ миллати  шарифи тоҷику ватани маҳбубамон  як маротиба  ба вартаи ҳалокату фаноёби расида буд. Бинобарин   бо дарки муҳимияти ин нукта ҳар фарди миллатдӯсту ватандӯстро   зарур аст, ки аз ҳар вақта дида ҳисси дӯстдоштани ВАТАН, МОДАР, МИЛЛАТ-ро дар замири хеш комилу болиғ гардонад, то ин ки нохалафе ба муқаддасоти мазкур хиёнат накунад ва ба ояндагон ватани ободу зебо, модари хушбахту миллатофар ва миллати фарҳангиву тамаддунофарро ба мерос боқӣ гузорем.       

Одилҷон Маҳмадов                                                                        

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top