Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Сайри китоб

Фестивали ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи китоб»-ро дар китобхонаи бачагонаи ноҳия таҳти унвони «Сайри китоб» баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур мушовири маҳфили адабии «Гулбарг» Шарофиддин Ҳайдарӣ, китобхони беҳтарини ноҳия Бобоҷон Одинаев, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат» А. Солеҳова, кормандони китобхонаи марказӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Вахш иштирок дошта, оид ба сарчашмаи илму дониш- китоб баромад карданд.

-Китоб моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб барои аҳли башарият дари дониш, хираду фарҳангро мекушояд ва инсонро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Китоб беҳтарин дӯсти ҳаётии инсон аст,- гуфт зимни суханрониаш директори китобхони марказии ноҳия М. Каримова.

Тарбиятгирандагони муассисаи таҳсилоти томактабии №2, хонандагони МТМУ №1, 2, 56 ва литсейи нохия бо шеъру суруд ва саҳначаҳои дилангез дар назди ахли нишаст баромад карда, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top