Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ВОКУНИШ

Нест бод терроризм!

Имрӯз дар ҷомеаи муосир падидаҳои экстремистиву террористӣ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст. Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дин, сиёсат идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад таъсири манфии худро гузорад…

Муфассал


Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳзат

Сеш, 05/28/2019 - 13:33

Ҳодисаи задухӯрди зиндониён дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат дар расонаҳо ва шабакаҳои иттилооти ҳануз ҳам барраси мешавад. Назар ва мавқеъгириҳои дар ин бора нашршуда нишон медиҳанд, ки бо гузашти даҳ рӯз, ҳодисаи зиндони Ваҳдат чанд чизро ба таври возеҳ нишон дод.

Аз ҷумла:

1.Ин ҳодиса моҳияти даҳшатноки тафаккури доишию наҳзатиро пурра исбот кард. Дарафтодан ба ҷони ҳамдигар, надоштани заррае таҳаммулпазири нисбати дигарандеши, худсарона ҳукм кардан нисбати мусулмонони дигар, аз мафҳуми раҳму шафақат дур будан, бо бераҳмии махсус ба қатл расонидани инсон ва ғайра, ки хусусияти ташкилотҳои террористие чун «Ал-Қоида», «Толибон», «ДОИШ», Ҳизби наҳзат ва ғайра мебошад, дар ин ҳодиса бори дигар дар амал дида шуданд. Ифротгароён ҳамон гуна, ки дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон сари мардумро мебуриданд ва ҷасадҳоро таҳқир мекарданд, дар ин ҳодиса низ ҳамон усули худро такрор карданд… 

Муфассал 


ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо 

Сеш, 05/28/2019 - 13:40

Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар шаби 19.05.2019  дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт.

Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ бо рангу бӯи гуногун баррасӣ гардид. Намояндагон ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ ва террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда, ба мисли ТТЭ ҲНИ, «Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи-24», «Салафия» ва дигарон бошанд, мунсифона аз нигоҳи манфиатҳои сиёсии худ, ки ҳадафашон ғасби  ҳокимият ва давлат дар Тоҷикистон аст, атрофи ин ҳодиса дар шабакаҳои интернетӣ «ҳаё-ҳуйи сиёсӣ» («Политический бум») ташкил дода, кӯшиш менамоянд ҳукумат ва давлати дунявии Тоҷикистонро дар назди ҷаҳониён ва хоҷагони хориҷии худ сиёҳ созанд, то ки назари онҳоро дар ин масъала сарбаста сохта, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб созанд. Махсусан сарварону намояндагони муҳоҷиратро интихобкардаи ТТЭ ҲНИ ва «Гурӯҳи-24», ки дар кишварҳои хориҷӣ зери сарпарастии хоҷагони худ зиндагии муфтхурона доранд, худро ҷабрдида нишон дода мехоҳанд мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ зананд. Дар асл бошад ҳодисаи мудҳиши шаби 19.05.2019 бори дигар симои экстремистию террористии ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии ифротиро ошкор месозад…

Муфассал


МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ КОРИ ҲАМАГОН

Суханронии раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло

Дар баргузории «Ҷаласаи гурӯҳи кори доимамалкунанда ва ситоди якҷоя аз ҳисоби кормандони мутасадии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ»

Яке аз мушкилотҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, густариш ёфтани падидаҳои терроризму экстремизм буда, барои амнияти мардум ниҳоят хатарнок мебошад.

Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи ифротгароии динӣ ва терроризм чунин изҳор намудаанд, ки “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасимим гирифт, ки оид ба пешгири намудани ин амалҳои номатлуб барномаи дахлдор қабул намояд, ки ин барнома бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, таҳти рақами 776 “Дар бораи стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ба тавсиб расид.

Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 қарори раиси ноҳия аз 16 январи соли 2017, таҳти рақами 27 ба имзо расида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 11 банд тасдиқ гардида, барои андешидани тадбирҳо ба ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ирсол карда шуд...

Муфассал


БЕТАРТИБӢ ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲӢ: Ташкилкунандагони он кистанд ва ба кадом мақсад ба ин ҷиноят даст заданд?

Душ, 05/20/2019 - 11:48

ДУШАНБЕ, 20.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.

Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд...

Муфассал


 Замимаи 1

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

 Сохтори дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия

    1. Муовини сардори раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия Вахш,1-ҷой,музди маош-984 сомонӣ

    2.Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия Вахш,1-ҷой,музди маош-768 сомонӣ

    3.Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш 1-ҷой,музди маош-768 сомонӣ...

 Муфассал


 ҲАМЕША ОТАШИ ЧАРОҒИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГИРО ФУРӮЗОН НИГОҲ МЕДОРЕМ!

Тавре медонем, мардуми мо дар аввали солҳои навадум дар пайраҳаи сарнавишти худ бо рӯйдодҳои пуртазоду пурфоҷиа рӯ ба рӯ гашт. Маҳз бо ташаббуси гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо дастгирии хоҷаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки нав Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда буду қадамҳои нахустинро барои рушду ободӣ ва созандагию бунёдкории ин кишвар мегузошт, мушкилиҳо пеш омаданду буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, хушунат ва бадбинӣ сар зад.

Дар он марҳилае, ки барҳамхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқ ҷараён гирифт ва масъалаи муносибат ба соҳибихтиёрӣ ва аҳамияти он боз ҳам муҳим гардид, давлатҳои бо мо ҳамтақдир роҳи мустақилонаи рушд ва сохти сиёсиву иқтисодиро пеш гирифтанд...

Муфассал


САРАЗМ - ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ

То имрӯз оид ба таърихи Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Ҳар муҳаққиқе, ки доир ба таърихи пайдоиши он тадқиқоти илмӣ бурдааст, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи ҳахоманишиҳо мансуб медонад.

Аксари  бостоншиносон чунин ақида доранд, ки он ба давраҳои хеле қадимаи тотаърихӣ (то пайдоиши хат ва давлатҳои нахустин), яъне ба замони Пешдодиён рост меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000 - сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба таърихи пайдоиши Ҷашни Наврӯз ба бозёфтҳои моддии бостоншиносӣ рӯ меорем. Дар таъриху тамаддуни башарият марҳилае бо номи «Инқилоби неолитӣ» маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7 - 6 пеш аз мелод) инсоният вобаста ба иқлими мавзеи зист ба ҳаёти муқимӣ рӯ оварда, ба бунёди деҳшаҳрҳо, ба кишти зироатҳои ғалладона машғул мешавад. Ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразми Панҷакент таърихи беш аз 5500 - сола дошта, 40 сол аст, ки таҳқиқ карда мешавад...

Муфассал

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top