Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм

Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсонро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Дар асрҳои миёна ва давраи нав шахсони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи ваҳму ҳарос, даҳшат мехостанд мақсади нопоки худро бар дӯши дигарон бор карда, одамони бегуноҳ қурбон менамуданд.

Аз ибтидои асри ХХ1 амалҳои террористию экстремистӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо истифода аз техникаву технологияи муосир роҳҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон дар ҷумуриамон низоъҳои дохилӣ бархоста, ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Ташкил ин гурӯҳҳо бар сари мардуми сарбаланд тоҷик даҳшати зиёд овард. Бародар хуни бародарро мерехту писар аз гиребони падар медошт. Ҳамаи ин ноадолатиҳо ба халқи мо зарари бештар оварду ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид.  Ҳар яке аз гурӯҳҳо мехост, ба сари қудрат омада, зимоми давлатро ба даст бигирад. Тоҷикон дар марҳилае қарор доштанд, ки дар ин аз ҳама бештар ҷавонон шомил буданд. Ин ҷанги шаҳрвандӣ як фоҷеаи бузурге буд барои миллати тоҷик.

Танҳо хиради азалӣ, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо дарки амиқи сулҳу субот алангаи ин оташро хомӯш кард. Манфиати миллату давлат ва ватанро аз ҳама боло донист ва бо дарки давлатдории тоҷиконро эҳсос намуда, дар муддати кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу субот аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ комил гардад.

Тибқи нишондодҳои оморӣ зиёда аз 65% аҳолии кишварро ҷавонони синнашон то 30–сола ташкил медиҳанд. Яке аз мушкилоти имрӯзаи мо ин  гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстермистӣ мебошад.  Буданд омилҳое, ки барои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мусоидат карданд. Фазое холигии идеологӣ яъне надоштани маълумоти ибтидоӣ, маърифати динӣ, бесаводӣ, надоштани ихтисос, истифода бурда, фирефтаи суханҳои бардурӯғи шахсони ифротӣ гардиданд. Яке аз ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пайваста маблағгузорӣ гардидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ аз тарафи хоҷагони хориҷии худ, даст ба фасоди иҷтимоӣ, беадолатӣ миёни мардум даст заданд.

Амали зишту нанговаре, ки рӯзи 29 июли соли 2018-ум дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара, ки аз ҷонибе як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ ба анҷом расид, мо-аҳли ҷамоатчигии деҳаи Ҳосилободи Ҷамоати шаҳраки «Киров»-ро бетараф гузошта наметавонад.  Ин амали ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум намуда, намегузорем, ки 4-5 гумроҳе теша бар решаи мо зананд. Баҳри пешгирии шомилшавии ин гуна ашхос тадбирҳои мушаххас андешем. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад, ки дар танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои моро лозим аст, ки ба ҷавонон маърифати созандаро омӯзонем.

Аҳли зиё, аҳли ҷомеа, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки даст дар дасти ҳам диҳем ва дар ҳамбастагӣ ҷавонони гумроҳро аз ин зулмот раҳонида, то шоҳроҳи Истиқлолияту Ваҳдат раҳнамоӣ кунем. Муборизаро дар ин роҳ бо баргузории вохӯрию суҳбатҳо,  корҳои  таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ бо аҳли ҷамоатчигии бештар созем.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки худ намунаи ибрати дигарон бошем. Нангу  номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонони кишварро баҳри ободу зебо  гардонидани ватани махбубамон ҳидоят созем. Пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем. Пос доштани арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонем, то воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошанд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Аслиддин Раҷабов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи шайх Раҳматулло, деҳаи Ҳосилободи Ҷамоати шаҳраки «Киров»

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top