Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Изҳороти ҷавонмардони содиқи Ватан аз ноҳия Вахш

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё дар талаби марди қобил аст.

Мо се ҳазор ҷавонмардони содиқи Ватан аз ноҳияи Вахш тавассути шабакаҳои интернетӣ навори муноқишаи байни нафарони ҳайати намояндагии  Ҳукумати кишвар  дар машварати солонаи САҲА ва нафарони ТЭТ  ҲНИ-ро тамошо карда, бори дигар итминони комил пайдо кардем, ки ТЭТ ҲНИ аз ибтидои пайдоишаш то ба имрӯз дар ҳолатҳои заъфаш барои рӯйпуш намудани ҷиноятҳои содирнамудааш ва барои худро мусичаи бегуноҳ вонамуд кардан ба дасиса, иғвогарӣ,  шаттоҳӣ ва шонтаж барин амалҳои зишт ба таври беҳаёна даст мезанад.  

Аз тамошои  навори видеоӣ  баръало маълум мегардад, ки  рӯзи 11 сентябр ҳангоми баъди ҷаласа тарк намудани аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар даромадгоҳи бинои баргузории машварати  солонаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо намояндагони ТЭТ ҲНИ барои ташкили бетартибиҳо ҷамъ омада буданд. Дар ҳамин асно нафарони нисбатан калонсолтари наҳзатиҳо дар ҳар тараф бетартибона истода назора мекарданд ва барои ташкили шонтажу барангехтани иғво Орзуев Сулаймон ном намояндаи нисбатан хеле ҷавони худро, ки ба қавле аз даҳонаш бӯи шир (шояд шири хар) меомад, ба тарафи роҳгузарони намояндаҳои ҳайати ҳукумати кишвар фиристоданд. Орзуев Сулаймон расмҳои навиштаҷоти иғвогарона дар даст ба тарафи намояндаи ҳайати расмии кишвар Айёмиддин Сатторов давида, мехоҳад навиштаҷоти иғвогаронаро ба дасти ӯ дода, берозигии Айёмиддин Сатторов ӯро аксбардорӣ намояд. Намояндагони дигари ҳайати намояндагии расмии кишвар ба ин амали Орзуев Сулаймон монеъ шуданд, вале ӯ кушиш мекард, ки супориши гирифтаашро дағалона ҳам бошад, бояд иҷро кунад. Дар ҳамин вақт намояндаи дигари ҳайати расмии кишвар рафтори дағалонаи Орзуев С-ро дида ба наздаш омад ва як мушти обдор ба рӯи ӯ мезанад. Сипас, Орзуев Сулаймон кӯдаквор фарёд мебарорад, ки маро зад ман кӯдак ҳастам. Ин манзараҳоро дар навор мушоҳида намуда, мо ба амалкарди ҷавонмардонаи намояндаи расмии ҳайати ҳукумати кишвар Муродҷон Саидов аҳсану офарин хондем. Мо аз он ифтихор дорем, ки ба мисли Муродҷон Саидов садҳо ҳазор ҷавонони бору номуси Ватан ҳамеша ва дар ҳама ҷой баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, ягонагиву ваҳдат ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар омодаанд, ки ба ҳамагуна душманони дохиливу хориҷӣ муқобилияти шадид нишон диҳанд...

Муфассал

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top