Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Модар-рамзи ҷовидонаи меҳру вафо

Вохӯрии навбатии раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло бо фаъолзанон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и Ҷамоати шаҳраки Вахш баргузо гардид.

Дар ин мулоқот кормандони ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоти муассисаҳо, аҳли зиё, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорзанон ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло дар назди аҳли нишаст баромад карда, аз ҷумла чунин иброз дошт:- Ба хотири таъмин, пойдории сулҳу субот, тинҷию оромӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати саросарӣ ва якпорчагии давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як баромад, суханронӣ ва Паёмҳои ҳамасолаи худ оид ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, оид ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, пойдории оила, тарбияи ҷавонон, бекоршавии ақди никоҳ, ҳолати никоҳи хешовандони наздик, кӯдакони маъюби модарзод аз ҳисоби никоҳи хешовандӣ, бемории масъунияти норасоии бадан, муоинаи пешакии тиббии навхонадорон, солимгардонии оила, исрофкорӣ зимни барпо намудани маъракаҳо ва таҳдиди амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм бо маром таъкид ба амал оварда, аз ҳар шахси солимақл иҷрои онҳоро талаб менамоянд.

Пас чаро модарон, хоҳарон ва бонувони тоҷик ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нодида гирифта, рисолати азалии худро дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ба таври бояду шояд анҷом надода истодаанд.

Худ қазоват намоед, бинобар сабаби ба таври зарурӣ ба роҳ намондани корҳои фаҳмонидадиҳӣ, эҳсос нагардидани ҳамкорӣ бо оилаҳои рӯзгордида ва намунавӣ, фаъолияти сусти занону бонувон танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 27 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ зиёд мебошад.

Дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми барпо намудани тӯи домодию арӯсӣ, ҳамзамон бар хилофи талаботҳои қонуни мазкур арӯсбинон, домодталбон, қудоталбон, гаҳворабандон ва амсоли инҳо алалхусус аз ҷониби аксарияти занону бонувон ба зиёдаравӣ, исрофкорӣ, хароҷоти беҳудаю бемаънӣ ба назар мерасад. Дар ҳоле, ки аслан занону бонувон бояд танзимгари иқтисодиёти оила ва ҷонибдори чунин иқдом бошанд.

Пас аз суханронии раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло чанде аз бонувон фикру андешаҳои хешро оид ба таълиму тарбияи дурусти фарзанд иброз дошта, даъвати ба амал оварданд, ки мо-модарон бояд ба наврасон роҳ нишон дода, дар вақти холӣ онҳоро  ба касбомӯзӣ ҷалб намоем. Назди худ мақсад гузорем, ки фарзандони солеҳу солеҳаро ба воя расонида, то дар оянда дастгири волидайн ва саҳмгузор дар ободонии меҳани хеш бошан

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Бойгонӣ

Scroll to top